
Полная версия
Нигина ва Мирмалик
Нигина бовар дошт, ки муаллифи савол ҷавоби саҳеҳро худ медонад. Ду соли ҳамошёнӣ ва ҳамнишинӣ онҳоро хеле қарин гардонда, бо як ишора якдигарро мефаҳмиданду аз бешу ками хеш огоҳ буданд. Он шафқату меҳрубонӣ, ки Шакархонум бе ягон тамаъ ё ғараз дар ҳаққи Нигина кард, бебаркаш буду кам касон нисбати фарзанд ё дилбанди худ раво медиданд. Нигина низ ба ин бибии бухороӣ муҳаббату садоқати беандоза дошт, вайро аз модари меҳрпарвари худ кам намедонист ва мисли Очанурии хуҷандиаш ҳурмату эъзоз мекард. Ва инак, лаҳзае фаро расид, ки ӯро маҳрами асрори ниҳони хеш гардонад ва дар боргоҳи муқаддаси дили ишқпарвараш эътимод диҳад.
– Ойтӣ, маро бубахшед, ки то имрӯз як гапро аз шумо пинҳон медоштам. Ёд доред, баъди рафтани шоир Сайфуддин сабаби зиқии маро пурсида будед?
– Ҳа. Ҷавобатро ҳам ёд дорам!
– Он вақт… рости гапро руст карда будам. Акнун росташро фош мегӯям: он рӯзҳо аз ҷудоии Мирмалик ва манъи дидор дам ба дам чу най менолидам. Зеро фақат худам медонистам, ки фироқ аз заҳр талхтару аз марг хунрезтар мешудааст. Бинобар ин маро хоб аз чашму дил ва дасту по аз рақс рафта буд…
– Яъне ки ту аз барои Дамир Малик ҷон дар хатар гузоштӣ?
– Ҳа, ойтӣ! Дар чаманистони умрам ғайр аз Мирмалик ба дигар гулпарак ҷой нест!
Шакархонум пешонии Нигинаро бӯсиду лаб ба таҳсин кушод:
– Сад офарин бар туву ҳазор нафрин бар падару писари булҳавас, ки аз ишқи комил хабар надоранд ва, интухин, домони намозиро бо палидӣ олудан мехоҳанд. Дарвоқеъ, эй Нигина, маро бодиққат гӯш кун: оё Мирмалики ту, интухин, ҳамон сипаҳбуди хуҷандӣ нест, ки подшоҳро аз бардагӣ наҷот додааст?
– Намедонам, ойтӣ! Шояд ҳамон бошад…
– Ҳамон аст! Домоди хонадони подшоҳӣ ва ҳокими вилоят шудани Дамир Малик, интухин, подоши хизмати вай аст! Акнун, интухин, масъала ранги дигар мегирад! Ба ҷони поки азизон қасам, ки ҳама даст пеши виқори ту паст хоҳад шуд! Он сипаҳбуд туро ҳам наҷот медиҳад!
– Раҳмат, ойтиҷон! Эй кош ба ин гапатон фаришта «Омин!» гӯяд. Лекин… худатон гуфтед, ки дасти подшоҳ дароз аст. Оё аз ҳаллоҷии вай бо чор ишкели бутун берун мешуда бошам?
– Тарсу набош, эй духтар, ҳамааш нағз мешавад. Агар шоҳ мароқ зоҳир кунад, тамоми суханҳои Турконхотун ва чоплусиҳои Узлоғро нарезондаю начакконда ба самъи муборакаш расон. Аммо, интухин, қиссаро то охир нагуфта, дар ҷое, ки «ман надимаи шоҳаншоҳи олам, на писараш!» гӯён, ба ғазаб омадӣ – нуқтаи таммат гузор.
Сӯҳбати шуморо ғайри ман дигар шоҳиде набуд ва агар лозим ояд, чунин шаҳодат медиҳам: бо чашми худ дида, бо гӯши худ шунидам, ки таҳдиди Нигинаро шунида, Узлоғшоҳ аз хашми падар тарсиду «Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре! Агар хоҳам, имшаб пеши ҳазор зан биравам!» гӯён бадар рафт ва рӯзи дигар, интухин, вайро ҳамоғӯш бо ғаркампир дарёфтанд. Мо он вақт аллакай дар роҳ будему, интухин, бо даъвати шоҳаншоҳи олам ба Самарқанд мешитофтем… Маро дуруст фаҳмидӣ, эй духтар?!
– Фаҳмидам, ойтиҷон, илоҳо ҳазорсола шавед! Шайхбобои Хуҷандӣ боре ба таъкид гуфта буданд, ки «дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез!» Он вақт шубҳае дар дилам пайдо шуда буду акнун барҳам хӯрд. Тарсу ваҳм ҳам нопадид шуд…
* * *
Баъди як ҳафта Хоразмшоҳ ба бораи Самарқанд расид, аммо ба шаҳр надаромад. Ҷониби офтоббаро гулгаште буд муаттар бо номи Фирӯзабоғ. «Лоиқ ин ҷо аттараб аст!» гуфт ва фармуд, ки саропарда ба мобайн ниҳанд, то дар ҳавои кушод ва табиати озод баргу наво ва созу тараб ба коми дил эҷод кунанд. Аҳли ҳазл ва шуарои дарёдил пештар аз аркону акобиру аъён ба хидмати шоҳаншоҳи олам ҳозир шуданд ва заминро бӯса дода, мадҳу ситоиш оғоз намуданд.
Малик-уш-шуаро Сафии Бӯстӣ мадеҳае бар қофияи «пойбӯсӣ кунам» хонду мисраи охирро бо овози мутантан ду бор такрор кард: «Ҳар нафас афтам ба пойи шоҳ, қадаҳнӯшӣ кунам!» Таъкиди шоир ишорае буд ба соқӣ. Даҳони кӯза кушода шуду қадаҳи аввал бе ромишгар нӯши ҷон гардид ва шоири ҷавоне бо нидои «Ҷонам фидои Анварӣ!» ба шеърхонӣ пардохт:
Бода хӯрдан хуш бувад дар гул ба ҳангоми сабӯҳ,
Тавба кардан бад бувад аз май ба ҳангоми баҳор.
Бӯйи гули сурӣ, майи софӣ ҳалол асту мубоҳ
Хоса андар маҷлиси Садри ҷаҳон, фахри кибор!
Муғанниён дартоз ба тарабгоҳ расиданду саросема парда сохта, бо асбобҳои ҷӯр-ноҷӯр мақоми ошиқӣ навохтанд. Селаи раққосаҳо бо шӯру шавқун ба ҷилва омаданду ба оҳанг эътиборе надода, каҷма-каҷал арғушт мерафтанд. Нигина, ки қабои нафиси абрешимӣ аз бовали Чин пӯшида, бо ҳулаю ҳулӣ – ҷомаю ороишоти рақсӣ омада буд, дар мобайни Шакархонум ва Саодатбегим зери дарахти шукуфони себи хубонӣ базми беназмро тамошо карда, торафт аз рақсидан дилхунук мешуд. Хоразмшоҳ вайро намедид. Зеро чашми хумор аз ҷилваи дилситонҳои кокулпарешон наканда, бар болини осоишу сурур паҳлу ниҳода буд. Майгусорони муқарраб низ равиши подшоҳи худ пеш гирифта, бо бӯсаю май айш мебохтанд, бо шавқу шодмонӣ каф мезаданду пой мекӯфтанд.
Дар авҷи хушҳолӣ зебосанаме, ки қаду қомати дилоро дошту худро шамъи базморо меҳисобид, шохчаи навбарги сияҳбедро муназзам алвонҷ дода, бо нозу карашмаи фиребои самарқандӣ ба рӯйи шоҳаншоҳи олам аз қадаҳи заррин гулоб пошид. Шоҳ қоҳ-қоҳ хандиду аз беҳушӣ ба худ бозомад ва дасти рост баланд бардошта, ҳама овозро паст нишонду худ ба хурӯш омад:
– Айюҳаннос! Айюҳассукоро! Айюҳассоқӣ!!!63
Замоне Рӯдакӣ дар ин гулбоғи дилписанд нишаста, «бар сабза бода хуш бувад!» гуфта, бо шавқ нидо карда буд:
Ой аз он чун чароғ пешонӣ!
Ой аз он зулфаки шикасту микаст!!
Мо хоҳем- нахоҳем, ҷаҳони фонӣ хуш-хуш ба бозӣ мегузарад. Лекин аблаҳон ранҷ мекашанду ҷон мефишонанд – инҳо чингизиёнанд. Мо бошем, даст меафшонему айш меронем – чунки хоразмиёнем! Аз оташе, ки чингизиён дар дил доранд, об гарм мешавад, вале намеҷӯшад. Вайҳо худро оҳантан меҳисобанд, лекин сӯзан онҳо, ки оҳан аст, лекин табар не! Чингизчаҳо барбату чангу чағонаро намешиносанд ва лаззати рақсу таронаро намедонанд, лекин мо хуб медонем. То мо ҳастем, бӯстон дилкаш асту май беғаш, аммо ёр саркаш нест! То мо ҳастем, аз муғул натарсед, бинӯшеду бибӯседу шод бошед!
Айюҳашшуаро! Ҳар кадоме дар васфи Самарқанд як байти ширинтар аз қанд гӯед! Байти аввал ин аст:
Хушандому парирӯ, моҳи тобон дар Самарқанд аст!
Сиёҳчашму сиёҳмӯ, шоҳи хубон дар Самарқанд аст!
Аввалин шуда, Сафии Бӯстӣ аз ҷой хест:
Тамошо кун, ки сайри хушбаҳорон дар Самарқанд аст,
Суманбар, лоларӯ, оҳунигоҳон дар Самарқанд аст!
Шоире солхӯрда ба дарёи пурхурӯши Зарафшон ишора карда, байти обдоре ба забон овард:
Биҳамдуллоҳ, ки дарёи хурӯшон дар Самарқанд аст,
Ситамгар, нозпарвар, маҳҷабинон дар Самарқанд аст!
Аз ҳама охир Шамсуддин Ҳола байт гуфт:
Суманрӯю париандому ҷонон дар Самарқанд аст,
Сиҳиқад, моҳпайкар, хушхиромон дар Самарқанд аст!
– Ҳаббазо! Байти офтобӣ гуфтӣ, шоир! – Шамси Ҳоларо рӯҳбаланд гардонд шоҳ. – Акнун нӯшбод бигӯ!
Шоир лаби қадаҳ бӯсиду бо авҷи тоза садо баровард:
Шоҳ, ки медиҳад даме, кам махӯр аз майи таҳур,
Пеши сабӯҳ боз шав, чанг бихоҳу бода хӯр!
– Бодаи таҳур биёред! – даст ба ҳам совид Хоразмшоҳ ва фармуд ду ҷоми шоҳона лабрез аз шароб биёварданд. Як ҷом ба ёди Искандар нӯшиду ҷоми дигар ба ёди Санҷар бихӯрд. Чун ҷоми сеюм ба даст гирифт, чашми махмураш ба Нигина афтод. Шӯри ҷунун дар дилаш ба туғён омаду нидои шоҳаншоҳи шӯридадил то Парвин расид:
– Эй ҷон, биё! Ҷонон биё!! Давида биё! Хандида биё! Рақсида биё! Шӯрида биё!! Биё, биё, биё, ки дар омаданат чашми сарам чор шудаст!
Биё! Моҳо, нигоро, ҳурчашмо,
Парирӯё, баҳоро, тезхашмо!
Нигина як гурӯҳи раққосаҳои фаттонро, ки қаблан омӯзонда, дар ҳолати омодабош нигоҳ медошт, пешандоз карда, ба майдон баровард, то бо рақси дилгудози хоразмӣ сӯйи офтоби маҳфил хиромон ҷилва намоянд. Шодгунаҳои пешина, ки шалпару монда шуда, гом аз гом баргирифта наметавонистанд, ҷабин ва гардани арақшор бод дода, ба паҳлӯи майгусорон нишастанд ва саҳнаи ҳунарро холӣ гузоштанд. Шогирдон хиромон ҷилва мекарданду Нигина хиромон роҳ гашта, чун ба наздики саропарда расид, мавзун замин бӯсид, Хоразмшоҳ барои истиқбол аз ҷой хест ва бо оғӯши боз қадаме пеш гузошту кабӯтари хеш гарм дар оғӯш кашид. Беист чашму абрӯяшро бӯсаборон кард. Ҳама қавм бар пой хестанду аз забони шоирон беҳтарин вожаҳои аҳсанпардоз баланд гашт. Нигина аз шарм сар дар ҷомаи ҳулӣ кашиду Сафии Бӯстӣ сархуш аз ғамзаю бода бо овози гӯшнавоз «Муғаннӣ, гӯши борбат битоб!» гуфт. Шамси Ҳола байти Хайёмро назира баст:
Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нӯш кунему ном бар нанг занем!
Нидои шоирон табъи дили Хоразмшоҳ буду соқиён ва муғанниён фаъол гаштанд ва аз ҷамоли Нигина базми султонӣ даҳчанд обод шуд. Маҷлисиён ҳар кадом бар сари худ қадаҳе мебардоштанд ва шоҳу шодгунаи ӯро бо ҳазор забон васф мекарданд. Вале садри олӣ ҷавобе намедод. Зеро ғайри Нигина касеро намедид. Аз беназоратию ноэътиборӣ маҷлисиёни лоқайд лаҷомгусехта шуданду даври шароб аз ҳад гузашт ва дар маъракаи майгусорон ҳушёре намонд. Аксарро хирад хуфту рағбат бедор гашт ва ғулғули маҳфил дар табиати озод, аз доираи адаб берун ҷаст…
Хоразмшоҳро низ ҳаваси аз наздик дидани ҷамоли махуфи Нигина дар дил омад. Оҳиста аз банди дасташ дошта, ба сароча – хаймаи хосаи подшоҳӣ даъват кард. Азбаски кабки дастомӯзро ҳоҷат ба ресмон набуд, Нигина дарҳол роҳӣ шуд. Вай гумон дошт, ки дар сӯҳбати хоса қиссаи Узлоғшоҳ бозпурсӣ ва баррасӣ мешавад. Аммо…
Шоҳ бо теғи нигоҳ андоми латифи гулбаданро шудгор карду якбора оташи шавқаш баланд забона зад. Хост пероҳани гул бебок пора кунаду айши комил ронад. Оби дидаи надима, ки беист метаровид, садди бадхоҳӣ нашуда, балки мисли равған оташи шавқи шоҳро фурӯзон мекард. Нигина дид, ки дигар илоҷи раҳоӣ нест, нигини пурзаҳри ангуштарин ба даҳон наздик овард. Вале имкони истифода нашуд…
Пардадор саросема парда бардошту бо садои ҷарангосӣ мужда расонд:
– Ҷаҳонкушои муаззам, шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ ташриф фармуданд!
Хоразмшоҳ бо дили нохоҳам дасти таҷовуз аз домони Нигина дур кашиду чун мори афъӣ фашшас овоз баровард:
– Чӣ гап?! Чингиз ҳуҷум кард?!!
– Не. Чингиз ба таъҷил элчӣ фиристодааст. Вай дар пушти дар интизор…
* * *
Маҳмуди Ялавоҷи сафир ва ҳамроҳонаш шахсан аз Чингизхон барои Султон Муҳаммад асбобу афзори хелмахели гаронбаҳо ва созу барги нишот армуғон оварда буданду қабои оҳарии туркӣ аз пашми уштури сафед беҳтарин ҳадяи шоҳона андар замона маҳсуб меёфт. Он ба қаду қомати шоҳаншоҳи олам басо мутобиқу муносибу мувофиқ афтод ва ӯро даҳ сол ҷавонтар гардонд. Баъди ҷомапӯшонӣ ва бастани камарбанди тиллоӣ Маҳмуди Ялавоҷ бо табассуми фарох гуфт:
– Қоони бузург ба шоҳаншоҳи олам як номаи махсус низ ирсол намуданд.
– Таҳдиднома?!
– Худо нигоҳ дорад, Ҳазрати олампаноҳ. Ин номаи меҳрубонӣ ва дӯстгонӣ аст.
– Бихон!
Чингизхон ин карат дар муқаддимаи сухан тибқи муқаррароти номанигорӣ зафарҳои худро зикр карда, Чину Мочинро забт карданаш, тамоми қабилаҳои турку тотори атрофро зери итоат дароварданашро махсус таъкид намуда, сипас бо услуби муғулӣ сода ва бедабдаба навишта буд: «Аз ман пинҳон нест, ки зафарҳои ту ҳам бисёр аст. Ман медонам, ки ту давлати бузург сохтаӣ ва ними олам ба фармони туст. Инро, ки медонам, ба ту дасти дӯстӣ дароз мекунам ва мехоҳам, ки ҳамсояҳои хуб бошем. Туро мисли дигар писарҳои ҷигарбандам азизтарин фарзанд меҳисобам ва бовар дорам, ки мо якҷоя дунёро соҳибӣ мекунем…»
– Исто! – Хоразмшоҳ бо ситеза сафирро аз қироат боздошт. –Магар Чингиз вусъати мамлакати ман ва беҳисоб будани лашкари маро намедонад, ки худситоӣ мекунад?! Ин шоҳи қабилавӣ чӣ ҳақ дорад, ки маро – шоҳаншоҳи оламро фарзанд мехонад?!!
Дасти сафир ларзид ва забон хойид:
– Агар ин ибораи муғулиро саҳеҳ ба тоҷикӣ гардонем, Чингизхон гуфтан мехоҳад, ки вай… бародари шумост…
– Инаш гапи дигар. Давомашро хон!
Маҳмуди Ялавоҷ бо овози ларзон қироатро давом дод: «Ба ман гуфтанд, ки беҳтарин шоирҳо, олимҳо, ҳунармандҳои олам ба хидмати ту камар бастаанд. Офарин ба ту, ки чунин боигарии беназир дорӣ! Лекин ман аз ин ҷиҳат камбағал. Чунки қабилаҳои мо одамҳои калламағз ва ҳунармандҳои забардаст надоранд… Ман ба фалону фулон шоирони дарбори ту рағбате надорам, илло як раққоса. Ба ман гуфтанд, ки аз дарёи Сайҳун то оби Чайҳун ҳама тоҷдорону дарвешон Нигина ном раққосаи туро қойил шудаанд, ки рӯяш аз офтоб тобонтар будааст. Инро шунида, ба худ гуфтам, ки кош ман ҳам чунин кабутари ҳарам медоштам!»
Хоразмшоҳ бо ишораи ангушт сафирро аз қироат боздошт ва кибромез гуфт:
– Ин Чингиз бало будааст-ку! Ҳатто шоиру раққосаю аҳли ҳарами моро медонистааст! Ку давомашро хон…
– Ба чашм! – гуфт сафир, ки қаблан дар Ғӯрганҷ мезисту Ялавоҷи Хоразмӣ лақаб дошт ва баъди тоҷири чорбозоргард шудан сафорати Чингизхонро ба ӯҳда гирифта буд. – Қоони Бузург дар давоми мактуб менависад: «Дар ситоиши ҳусну ҳунари Нигина ҳамаро маҷоли нутқ намонд. Вайро ончунон сутуданд, ки ман талабгор ва харидор шудам. Мехоҳам чун дигарон аз ҳусну ҳунари вай мустаҳзар шавам. Ин миннат аз ту дорам ва бар ивази як раққоса сад духтараки зебои муғулу тотор мефиристам. Агар ин кам бошад, ба ҳар як тори мӯяш як тора марвориди чинӣ мебахшам…»
– Бас! – якбора Хоразмшоҳро ғазаб дарёҷӯш шуд. – Ин чӣ густохӣ?! Рав, дафъ шав! Ту чию подшоҳат чию номааш чӣ!!! Бо қоонат бигӯ, ки ман фарзанди падари худ ҳастам ва дархости Чингизро ба эътибор намегирам! Нигина нигини ангуштаринам, балки нигини тоҷи сарам! Ман аз муғулчаҳои пачақу пучуқ безорам ва ҳатто як пари кабки дарӣ ба зоғи сиёҳи даштӣ намедиҳам! Балки як тори мӯйи бинияшро ба Чингиз намебахшам!!!
Дафъ шав аз назарам!!!
Равзанаи ҳаштум. Қиссаи ба оҳуи ҳарам табдил ёфтани кабутари ҳарам
Соате нагузашта суханҳои баландпарвози шоҳи Хоразм вирди забони хурду бузурги Самарқанд шуд. Ҳамаро ҳаваси дидани сурати зебо ва рақси шевои Нигина ба сар омад. Онҳо чун донистанд, ки Хоразмшоҳи Кабир ба муносибати ғалаба бар Кучлук базми оламафрӯзи ҷамшедӣ месозад ва Нигина шамъи равшани базмгоҳ мешавад, бо рӯҳияи идона либосҳои нав дӯзонда, ба тамошои бузург омода мешуданд…
Торумор шудани Кучлук – ин хушхабари деринтизорро худи Хоразмшоҳ баъди рафтани сафири Чингизхон шунид. Аз шодӣ дар пероҳани подшоҳӣ нағунҷида, фармуд табли шодӣ зананд ва базми ҷамшедӣ ороста, тамоми ҳокимони Мовароуннаҳрро ба меҳмонӣ хонанд. Чаро?
Кучлук дар марҳилаи аввали ҷанги зидди қарахитоиҳо ҳамразми Хоразмшоҳ буду аҳди дӯстиро риоя мекард ва ба нишони садоқату эҳтиром дини насрониро тарк карда, мусулмон шудан мехост. Вале баъде ки духтари ҳоқони қарахитоиро ба занӣ гирифт, тамоман тағйир ёфту мисли ҳамсараш Туғаҷхотун бутпараст шуд ва риштаи дӯстиро бурида, душмани қаттоли мусулмонҳо гардид. Аз ин омоли зишт Султон Муҳаммад хашмгин шуд, вале азбаски ба Халифа Носир дандон тез мекард, ҳимояти муслиминро вазифаи ӯ ҳисобида, худро ба тағофул зад. Лекин…
Ба сари халифа лашкар кашидани Хоразмшоҳро шунида, рӯбоҳи дилсиёҳ шер гашту дини исломро бебунёд ҳисобид ва мусулмонҳоро маҷбур кард, ки саросар бутпараст шаванд. Вазъият махсусан дар Қошғару Хутан тоқатфарсо гардид – найманҳои кучлукӣ тамоми масҷиду мадрасаҳоро шикастанду ба оғилу партовгоҳ табдил доданд. Кучлук се ҳазор зиёдтар имому домуллою фақеҳу дигар донишмандони исломро дар бозор ҷамъ оварда, дини исломро нодурусту нолозиму номуборак, китоби «Қуръон»-ро ноқису носараю ношоиста ҳисобида, уламоро ба мубоҳиса даъват кард. Ҳама тарсону ҳаросон хомӯш нишаста, бо чашми умед имоми маъруф Шайх Алоуддин Муҳаммади Хутаниро менигаристанд. Вай ҷасурона аз ҷой хесту ҳама сафсатаҳои Кучлукро бо далелу бурҳони қатъӣ рад кард. Хони найманӣ беҳад оташин гашта, дар ҳаққи Муҳаммад пайғамбари гиромӣ носазо гуфт. Он гоҳ Шайхи мӯътабар бо тамоми овоз хитоб кард:
– Хокистар бар даҳонат, эй душмани ислом! Хок бар сарат, эй саги ношустаи ак-акӣ! Ту Кучлук не, кучук ту!!
Хони Найман дар пеши назари халқ бо Кучук – саги газанда табдил ёфт. Чун ба маънои суханбозӣ сарфаҳм рафт, девона шуд – бо амри вай Шайхи хутаниро ба дарвозаи мадрасае, ки худи ин бузургвор бунёд карда буд, чормех заданд…
Ин шумхабар дар Балх ба самъи Хоразмшоҳ расид ва ӯ мактубе навишт пур аз таҳдид ва амир Муҳаммади Қароқосимро сафир фиристод, то Кучлуки лаҷомгусехтаро ба оромӣ ва итоат водор намояд. Акси садои ҳокими найманҳо тамоман баръакс шуд: намояндаи шоҳаншоҳи оламро занҷирбанд ба ҳабсхона андохту ҷавобия навишт пур аз таҳқир, ки як ҷумлааш ин буд: «…Агар марди майдон ва султони ҳақиқӣ бошӣ, ба сари ман авбошу роҳзанҳоро вакил нафиристода, худ бурун ой, то бо ман ҷанг кунӣ ва мардӣ биозмоӣ. Касе мағлуб гардад, мутеъ шаваду ғолиб барояд –ҳоким!»
Даъвати ошкоро косаи сабри Хоразмшоҳро, ки ба Нишопур расида буд, лабрез гардонд. Чокарашро фармон дод, то дарҳол ба асп зин занад. Шитобон хесту саросема по ба узангӣ андохт. Асп аз ваҷоҳати подшоҳ тарсид магар, ки тавсанӣ карду чароғпоя рафт. Султон Муҳаммад нагунсор ба замин афтид. Дасташ шикасту миёнаш сахт зарб хӯрд. Аз шиддати дард нолида, қазои осмониро фоли бад пиндошт ва Кучлук ба ҳоли худ гузошта, ба ҷои ханҷар соғар ба даст гирифт…
Рӯзе шоҳзода Ҷалолиддин ба аёдати падар омад. Баъди ҳолпурсӣ, вақте перомуни муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ саволу ҷавоб карданд, оҳиста гуфт:
– Агар хаста нашуда бошед, маслиҳате ҳаст дар боби Кучлук…
– Ҳарчанд қазия басо дарднок аст, лек ҷойи гурез нест. Нек бигӯ, то ройи фалак бар мароми ман равад.
– Дамир Малик мегӯяд, ки агар шоҳаншоҳи олам рухсат диҳанд, кори Кучлукро якрӯя кунад.
– Чаро? Ӯ чӣ ғараз дорад?
– Дамир Малик мегӯяд, ки Шайхи мӯътабари Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ аз беадолатиҳои Кучлук нисбати дини мубини ислом ва қошғариҳо сахт оташин шуда, муридони хеш ба ғазо хондааст.
– Кучлуки ҳаром бади бад асту бояд сараш аз тан биафтад! Вале ҷазаъ кардани ҳокими музофотӣ ба рағми хоне, ки қудрати қарахито дар дасти ӯст, оё тариқи хирадмандист?
– Шайхулшайхи мо Наҷмиддини Кубро мегӯяд, ки ҷавру тааддӣ нисбати халқи мусулмон ва беиноятии Кучлук нисбати дини мубини ислом ба сарҳади ифрот расида, деҳқону тавонгару дарвешу фақирон ҳама сарсону нигарон ва омода ба исён…
– Кучлук даррандаи басо хатарнок асту фақат ман метавонам, ӯро маҳв созам!
– Эй падари меҳрубон, пешвои лашкари ислом ва таъйидшуда аз осмон шумоед ва Кучлуки лаънатӣ маҳз аз дасти қудратманди шумо пора-пора гашта, ба боди фано меравад. Дамир Малики Хуҷандӣ мисли ман фарзанди сарсупурдаи шумост ва бо дуои шумо, иншоаллоҳ, зафарпайкар мешавад.
– Ту ба вай эътимод дорӣ?
– Шамшер задану сифати ростандозӣ ва диловарии Мирмалики Хуҷандӣ ба ҳашт иқлим маъруф аст, эй падари меҳрубон! Дар ҳарбгоҳ ҳар кӣ ақл дорад, аз пеши ин таҳамтан мегурезад. Зеро паҳлавонест, сад Рустами достонро шогирди ӯ мебояд шудан! Ба ин қаду қомату дасту панҷае, ки дорад, бемуҳобо, кӯҳро занад, талқон мешавад!
– Кифоят, эй писар! Агар ду ҷумлаи дигар гӯйӣ, он хуҷандӣ ба сояи ман баробар мешавад! Довталаби ориятмандро хабар расон, ки мо дуои нек гуфтем, ба роҳ барояд. Аз Банокату Утрор даҳ ҳазор сарбоз ба ихтиёраш деҳ. Лашкар ба хубӣ сохта ва бо олоте тамом ороста, ба ҷанг дарояд ва ғолиб ояд!
Дастури Хоразмшоҳ иҷро ва дуояш мустаҷоб гашту муридони асили Пири бузургвори Хуҷанд лашкари бутпарастонро торумор карда, мусулмонҳои Қошғару Хутанро сарбаланд гардонда, бо пирӯзӣ ба ватан баргаштанд. Кучлук аз ҳарби танбатан бо ғазанфари Сайҳун тарсида, ҷониби Чин фирор кард, аммо дар тангнои Дарвози Бадахшон аз дасти шикорчиёни Ҷалолиддин кушта шуд. Хоразмшоҳ шод гашту базми пирӯзӣ эълон кард.
Табли подшоҳӣ баланд садо дод, мунодиҳо бонги шодӣ заданд, меҳмонҳо аз дуру наздик бохабар ва омодаи сафар шуданд, соқиёну шоирону шодгунаю ромишгарон камари хидмат ба хушӣ бастанд, Нигина аз ғалабаи Мирмалик рӯҳ гирифта, рақси нави «Чашмаи хуршед» офарид. Вале базми осмонкаф барпо нашуд. Бонги хатар азми тарабро шикаст – аз Ғӯрганҷ оҷилан хабар расид, ки ба дашти Қипчоқ – зодгоҳи Турконхотун душмани ғаддоре ҳамла кардааст!
Хоразмшоҳ ҳама гапу кори оламро як сӯ гузошта, лашкарро ба по хезонду қариб шаст ҳазор сипоҳии довталабро мураттаб саф кашонда ва писараш Ҷалолиддинро муқаддимаи лашкар гардонда, худ ба қалб гузашту хашмгин ба роҳ даромад. Баъде ки аз Ҷанд гузашта, сад фарсах бештар ҷониби шимол рафту ба канораи шаҳри Йуғур расид, маълум шуд, ки «ҳуҷуми душман» воҳимаю ҳангомаи навбатии Турконхотун будаасту Туқтаған ном сарвари қабилаи тақрит аз дасти Чингизхон гурехта, бо хазинаю аҳли ҳарам ва даҳ ҳазор навкари содиқи худ ба дашти Қипчоқ паноҳ овардааст.
Ҳақиқати ҳолро дониста, Ҷалолиддин маслиҳат дод, ки «Туқтағанро меҳмони нохонда ҳисобида ва дилашро бардошта, душмани душманро дӯсти худ гардонем, то рӯзе ба кор ояд». Ба ин пешниҳоди оқилона Хоразмшоҳ розӣ нашуд. Ба таҳлилу баррасии амиқ ҳавсала накарда, содаву осон хулоса баровард, ки бо як санг се паррандаро мезанад: аввалан, бо сипоҳи бисёр лашкари андакро зуд торумор намуда, ғалабаи ҳангуфт ва боигарию обрӯи муфт ба даст меорад; сониян, зодбуми модарро аз аҷнабӣ пок гардонда, дили ранҷидаи ӯро шод мегардонад ва, аз ҳама асосӣ, душмани Чингизро маҳв намуда, вайро қарздор месозад.
Бо хаёлоти ширин биёбони Қипчоқро кӯтал ба кӯтал тай карда, Хоразмшоҳ душман мекофт. Лекин аз Туқтаған ному нишоне набуд. Ҷалолиддин аз ҷустуҷӯйи бенатиҷа хастаю дилтанг гашта, чашми илтиҷо ба падар дӯхт:
– Наход Туқтағанро реги биёбон ба коми худ кашида бошад?
Падар ишораи фарзандро фаҳмид ва заҳролуд хандид:
– Аз дарёи Ирғиз гузашта, ба ду тақсим мешавему ман аз ҷониби рост, ту аз чап дашти Турғайро тафтиш мекунем. Агар ягон тақрит наёбем, қафо мегардем…
Сипоҳиён дашти нопайдоканорро қадам ба қадам муойина намуда, то мобайн расиданд. Ногаҳон аз сари тал садои сипоҳии пешгард баланд шуд:
– Ин тараф биё-йе-ее-д!
Хоразмшоҳи ташнаи корзор бодвор асп давонду… қатлгоҳе дид даҳшатовар! Сарҳо буридаву дасту пойҳо шикаста, либосҳо хунолуду ҷоғҳо дарида… Мурда болои мурда афтодаву ҳар ҷое асп ё шутуре по дароз карда… Аробаҳо шикаставу хазинаҳо ба ғорат рафта…
Кофта-кофта мардеро ёфтанд, ки тани абгору захми бисёр дошт, аммо барои зинда мондан талош меварзид. Зуд обу ғизо додаву ба захмаш марҳам ниҳода ҳол пурсиданд. Нима туркию нима муғулӣ калима гардонда, маълумот дод, ки аз қабилаи тақрит асту сарбози Туқтаған ва шаш-ҳафт соат пеш аз дасти муғул ба ин ҳол расиданд.
– Онҳо бисёр буданд?
– На он қадар. Аз мо андаке зиёдтар. Лекин ҳамлаи ғафлатгир карданд…
– Ба кадом тараф рафтанд?
Маҷрӯҳ бо ишораи сар тарафи офтобшинамро нишон дод. Хоразмшоҳ нӯки тозиёнаи подшоҳӣ ба он ҷониб гардонду «Олға!» гуфт. Сипоҳиён мурдаҳоро зери по намудаву марди захмдорро ба ҳолаш гузошта ва чанги нимбиёбонро ба осмон бардошта, аз пайи лашкари муғул тохтанд.
Субҳдамодам ба марғзори камалафе расида, савораи наонқадар бисёру пиёдаи камшумор диданд.
– Думи муғул дар дасти мо! – гӯён Хоразмшоҳ бо савлату салобат мӯйлаб тофту фармуд, ки ба муҳориба омода шаванд. То рост шудани майманаву майсараи лашкари панҷоҳҳазора кашшофонро пеш фиристод. Онҳо маълум карданд, ки Чингизхон писари ҷангозмудааш Ҷӯҷиро бо дувоздаҳ ҳазор сипоҳӣ ба таъқиби Туқтаған фиристодаасту маҳз онҳо дар баромадгоҳи дашти Турғай ин сарвари фирорӣ ва нӯкаронашро бераҳмона қатли ом кардаанд. Чор баробар зиёд будани қувваи худ ва инчунин дар наздикӣ ҳузур доштани ҳафт ҳазор сарбози яккачини Ҷалолиддинро ба ҳисоб гирифта, Шоҳаншоҳи олам бо шитобу диранг лашкарро барои ҳамла омода сохт.
Ҷӯҷӣ, ки чунин пешомадро интизор набуд, бе ягон фикру хаёли зиёдатӣ намояндаи худро бо ливои сафед барои гуфтушунид пеш фиристод ва худаш наздиктар омада, ба туркӣ нидо дардод:
– Падарам Чингизхон бо лашкари Хоразм ҷанг карданро ба ман қатъиян манъ кардааст.
Хоразмшоҳи аспсавор низ аз қалби лашкар берун баромада, бо овози қавӣ бонг зад:
– Агар Чингиз бо ман муҳориба карданро ба писараш манъ карда бошад, Парваридгори олам ба Шоҳаншоҳи олам мефармояд, ки бо ту ҳарбу зарб кунам. Чунки беиҷозат ба хоки Хоразм даромадӣ ва хун рехтӣ!
– Вазифаи ман несту нобуд кардани қабилаи такрит ва Туқтаған буд. Ҳамаи хазина ва моли ғаниматро ба Хоразмшоҳ мебахшам.
– Ман ба садақа ниёз надорам! Ҳар он чӣ хоҳам, бо зури бозуи худ меситонам! Ҳар касе бе иҷозати ман ба мулки ман даромадааст, душмани ман аст. Ба ҷанг тайёр шав! Байни мо ғайр аз шамшер дигар ягон сухан нест!
Ҳар ду лашкар ба ҷанг машғул шуданд ва набарде шадиду бераҳмона шуд. Муғулҳо чун гургони гурусна, ки байни рамаи калони гӯсфандон меафтанд, мезаданду мекуштанду хун мерехтанд ва аз бӯйи хун масту ҳузарб мешуданд. Аз ҳайбату наъраҳои ваҳшиёнаи онҳо сипоҳиёни хоразмӣ мисли заргӯш ларзидаву дасту по гум карда, сар мебохтанд. Хоразмшоҳ аз лашкари худ пушту-пушта кушта диду дилаш ба пушт часпид. Дар ду рӯзи ҷанг сеяки лашкари худро талаф доданаш кам буд магар, ки қабл аз ғуруби офтоб дастаи муғулҳо бо сарварии Ҷӯҷӣ ба қалби лашкараш ҳамла оварда, сарбозони таҳамтанашро куштаю пароканда карда қариб монд худи ӯро асир гиранд. Хайрият торикӣ фаро расиду ҷони подшоҳ амон ёфт. Дарҳол чил савораро ба чор тараф давонд, то Ҷалолиддинро ёбанду зуд ба ҷанги аждарбача биёранд…