
Полная версия
Нигина ва Мирмалик
Субҳи рӯзи сеюми ҷанг аз афроди лашкари Ҷалолиддин ҳафт ҳазор ҷанговар ба ҳар навъе, ки тавонистанд, худро ба паҳлӯи Хоразмшоҳ расониданд. Худи Ҷалолиддин бо ҳафтод савор аз маймана ба мадади падар расида, муғулҳои зиёдеро ба ҷаҳаннам фиристоду аз чоштгоҳ то нимарӯз дар қалби лашкар истода, доди мардиву майдондорӣ дод ва аз дили қиблагоҳӣ таҳлука дур андохт.
Ҷӯҷӣ, ки фарзанди шуҷоъ ва ҷасури Чингизхон буд, аз шуҷоат ва ҷасорати писари Хоразмшоҳ дар ҳайрат монду сидқан қойил шуд ва ҳис кард, ки кор аз дасташ меравад. Ноумед гашта, аз идомаи муҳориба даст кашиду бо ҳашт ҳазор сарбози боқимонда шабона роҳи гурезро пеш гирифт. Вай фақат сари буридаи Туқтағанро ҳамроҳи худ бурд, то ба падар тӯҳфа намояд. Дигар ҳама боигариро чун товони ҷанг дар майдон гузошт.
Хоразмиён як ҳафтаи дигар дар дашти Турғай ҷунбуҷӯл дош-танд. Бист ҳазор ҳамсилоҳи мурдаи хешро гӯронда, захмиёнро ба по хезондаю худ нафас рост карда, хазинаю дафинаи Туқтағанро ҳамчун ғанимати ҷангӣ тақсим намуданд. Хоразмшоҳ, ки аз талафоти гарон хомӯшу сархам буд ва ҳар замон «дар муддати умр чунин ҳарб ёд надорам» мегуфт, бо маслиҳати писараш чанд нафарро бо либоси муғулӣ барои ҷосусӣ гармогарм аз пайи Ҷӯҷӣ фиристоду гурӯҳеро сӯйи Ғӯрганҷ роҳӣ кард, то муждаи зафар ба Турконхотун расонанд. Сипас худро ғолиб вонамуд сохту «Филро аз зарби лагади пашша чӣ озор расад?!» гӯён, ҳадиси тирарӯзӣ дар дашт гӯронд, гурехтани писари Чингизро зуҳури толеи фархунда ҳисобид ва бо талъати фаррух паймона ба даст гирифт…
* * *
Рӯзе, ки Хоразмшоҳ аз дашти Турғай сӯйи Самарқанд раҳсипор гашт, Нигина бо ҳидояти Саодатбегим ҳамроҳи Шакархонум ба аёдати шоираи саду бистсола Ойишаи Муқрия рафт. Вай аз нақли Сайфуддин огоҳӣ дошт, ки ин бонуи суханвари суғдӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро аз аввал то охир пурра аз ёд медонаду гули сари сабади султонҳои салчуқӣ буд. Саодатбегим иловатан гуфт, ки Бибӣ Ойиша асрори дарозумриро дар хоб аз Ҳазрати Хизр шунидаасту ҳар касе дуои ӯро гирад, гиреҳи мушкилоташ кушода мешавад.
Нигина, ки аз рӯйдодҳои охирин зиқ буду соҳибмаслиҳат мекофт, оши равғани зағири исфарангӣ пухту аз бозор шафтолуи сафед, шарбати дилпазир, нони осиё ва ҳалвои машкуфа харида, куртаи наверо дастовез карда, нисфуннаҳор ба дидори шоира расид.
Дар кошонаи тозаву озодаю барҳаво Бибӣ Ойиша сар ба лӯлаболишти серпахта гузошта, пинак рафта буд.
– Нигора ту ё Фотима? Чӣ чизи бомазза овардӣ, ки аз бӯяш сер шудам?
– Ассалом, Бибӣ! Ман Нигина аз Исфара. Ба меҳмонӣ омадам.
Кампирак чаққон аз болишт сар бардошт.
– Хуш омадӣ. Ба саломат алейк, ба қадамат ҳасанот! Гузару ба ҷойи дилхоҳат биншин. Ман ҳозир меоям…
Нигина нишасту то омадани соҳибхона Шакархонум «соҳибхона» шуду дастурхони ҳамроҳ овардаашонро кушод. Кампир андаке оши парҳезӣ хӯрду ҷуръае шарбат нӯшид. Сипас шафтолуе ба даст гирифту бӯйид ва бо хуррамӣ гуфт:
– Хуб кардӣ, ки шафторанг овардӣ, эй меҳмон! Кайҳо боз таъмашро начашида будам. Шафтолуи сафед ба чил дард даво! – Бибӣ Ойиша навмеваро чобукона пӯст канда, порае ба даҳон андохт. –Аз гапу хӯру хоб гилае надорам, локин чашмҳо андак хастаю ман хонашин.. Ин саробистар саробӯстони ман, чабераҳоям Нигораю Фотима ду дидаи равшани ман…
Баъди ғундоштани дастархон Бибӣ Ойиша узр пурсида, якпаҳлӯ такя заду кафи дасти чап ба зонуи Нигина гузошта, даричаи сӯҳбатро кушод:
– Гап зан, Нигина. Ту аз куҷои Исфара?
– Дар канораи Исфара деҳаест бо номи Ворух…
– Медонам. Туро кадом шамол ба Самарқанд овард?
– Ман аз Ғӯрганҷ омадаам, Бибӣ! Подшоҳ, ки нарафт, ман омадам…
– Исто. Ту ҳамон Нигинаи ворухӣ, кабутари ҳарами Султон Хоразмшоҳӣ?
– Ҳа…
– Андар ситоиши ту сухан бисёр шунидаам. Дина Қутбиддин Атиқӣ, ки шогирди Рашиди Ватвот асту ба дарбори хоразмшоҳон қаробат дорад, туро ба осмони ҳафтум баровард, ахтари тобони осмони Мовароуннаҳр хонд. Шамси Ҳола ҳам волаву шайдои ту, ҳуснатро аз рақсат, рақсатро аз ҳусну ҷамолат беҳтар медонад.
– Мардакҳо доимо муболиға мекунанд, Бибӣ! Ман як духтараки қишлоқӣ. Бо шарофати устод Сайфуддини Исфарангӣ…
– Ӯро мешиносӣ? Дарвоқеъ, ҳардуятон ҳамшаҳрӣ, а?! Гӯр ёду ҳуши пирӣ шавад, чизи одиро фаромӯш кардаам. Лекин хуб дар ёд дорам, ки понздаҳ ё шонздаҳ сол пеш Сайфуддин айнан оши ту барин палави исфарагӣ пухта буд, мазааш то ҳол аз даҳонам нарафтааст.
– Он кас ошпази зӯр!
– Ҳам шоири зӯр ва ҳам олими зӯр! Он вақт Аҳмади ҷавон буду дар мадраса мехонд, беҳтарин шогирди Арӯзии Самарқандӣ буду бо Шамси Ҳола ҳамсабақ. Лекин Шамсуддин вай барин ош пухта наметавонист. Шеъраш мисли ошаш гоҳ бенамак буду гоҳе саросар намак…
– Ҳозир чӣ хел?
– Ҳозир… Ба ту чӣ гӯям? Исто, аз худаш мепурсем. Аз шарфаи пояш маълум, ки назди дарвоза расидааст…
Дақиқае пас Шамси Ҳола ба ҳавлӣ даромаду Нигина, ки қаблан аз суханпардозию бедормағзӣ, бӯёиву чашиёӣ ва эҳсоси нозуки кампири садубистсола дар шигифт монда буд, чун кабки лол мабҳут гашт. Зеро вай лоақал шарфаи пое нашунид, аммо Бибӣ Ойиша ҳам овози пойро шуниду ҳам кӣ буданашро бехато муайян кард! «Ин шоираи самарқандӣ занаки одӣ не, булбули биҳиштӣ ва фариштаи заминӣ вай!» худ ба худ хулоса кард Нигина. Дар он асос, ки боре очакалони хуҷандиаш Бибинурӣ фариштаҳоро бӯгирони гардун унвон кардаю шоир Сайфуддин булбулро дар як рубоӣ бӯбурд номида буд…
– Чун фаҳмидам, ки Нигина ба зиёрати модарбузурги мо омадааст, ҳама корро партофта ин сӯ давидам, – гуфт шоир баъди саломуалейк ва ҳаш-ҳаш нафас кашида, аз соҳибхона пурсид. – Нигораю Фотима канӣ?
– Сапедадам ба Фанорӯз рафта буданд. То ҳол бедарак…
– Фанорӯз куҷост?
– Деҳае дар шафати Самарқанд, ки боғи падари Бибӣ Ойиша он ҷо доман паҳн кардааст.
– Яъне ки… Ҳозир аз бозор нони гарму сихкабоб меорам.
– Ташвиш накаш, шоир! Нигина оши исфарагию шафторанги шаҳдрез овард. Агар хоҳӣ, насиба гир. Лекин аввал ба як пурсиши меҳмон ҷавоб гардон: ту шоири зӯр ё Сайфуддин?
– Ошнои ман муллои зӯр ва ошпази зӯр аст, локин дар назм Шамс аз Сайф зӯртар!
Аз ҷавоби густохона Нигина ҳайратзада шуду Бибӣ Ойиша луқма андохт:
– Эй шоир, андар сухан жарф нигар:
Фурӯ афтӣ зи кӯҳи тундболо,
Равӣ дар мавҷи обу жарфи дарё!
– Ишораатон қабул. Лекин… Эй Бибӣ, ёдатон ҳаст, Муҳаммад Авфии Бухороӣ вақти ба Самарқанд омадан дар ҳаққи ман чӣ гуфта буд?
– Гуфта буд, ки Шамси Ҳола дар камоли лутфи табъ ва ҷамоли фазл адимулмисл аст…
– Яъне ки бемонанд, ягонаи даврон! Акнун, эй Бибӣ, ёд оред, ки Зиёи Хуҷандӣ чӣ гуфта буд?
Бибӣ Ойиша баъди андаке таваққуф бо табассум гуфт:
– Манзумаи Зиёуддин Порсии Хуҷандӣ дурмадароз аст, чор мисраъ хонам, кифоя:
Фалаки ахтари маънӣ, садафи дурри яқин,
Гавҳари воситаи иқди шараф Шамсуддин.
Суханаш сеҳри мубин аст, вале аз пайи фаҳм
Шеър карданд бузургон лақабаш Сеҳри мубин.
– Яъне ки лақаби ман – соҳиби шеъри баланд! Акнун, эй Нигина, шеъри Сайфуддинро ба ёд овар, ки дар сӯҳбати аввалин назди дарвозаи Самарқанд хонда будӣ…
– Устод Сайфуддин дар васфи шумо қасидаи зӯр навиштагӣ,як кам чил байт. Ду байташро мехонам:
Эй гуҳар аз лафзи ту ба ном расида,
Аз ту забони сухан ба ком расида!
Ахтари ҳаддодиён ба даври камолот
Бар фалаки собити давом расида…
– Ин қасидаро Зиёи Хуҷандӣ ба ман дастрас карда буд. Аз каломи хуш ва табъи баланди андалеби Исфара беҳад хурсанд шудам. Хаёлоти рангоранг, шеваи бовиқор дораду шукӯҳ ва дабдабаи сабки Хоқониро инкишоф медиҳад. Ҳарчанд иғроқу муболиғааш бисёр аст, месазад, ки дар миёни муосирони хеш ливои сарфарозӣ бардорад. Бо Зиё маслиҳат кардем, ки ҳар дуямон дар васфи Сайф алоҳида-алоҳида қасида менависем…
– Шумо устод Зиёуддинро кай боз мешиносед?
– Аз ҷавонӣ. Ману Сайфу Зиё мисли акою уко. Ҳамсабақу ҳамтабақ, ки ҳастем, қадри якдигарро медонем. Дарвоқеъ, ана ҳамин Зиёи Хуҷандӣ гуфтааст, ки Шамс аз Сайф зӯр!
– Наход?
– Барои он ки ба мазмуни калом дуруст сарфаҳм равӣ, бодиққат гӯш андоз. Ҳар сеи мо ва боз чанд шоири дигар хидматгузори дарбори Қилич Тамғочхон будему бо дастури Низомулмулки вазир мушоираи бузурги наврӯзӣ ташкил шуд. Сайфи Исфаранг қасидае хонд олидараҷа ва бар ҳама шоирон сарӣ ёфт. Кулли нозимону олимону фозилони акобиру аъён ба иттифоқ омаданд, ки як байти ин қасида баробар аст ба девоне:
Суниши лаъл резад аз парри ҳумой дар ҳаво,
Гар бихӯрад зи куштаи лаъли лаби ту устухон…
Аз ғурур болидани Сайф, аммо аз ҳасад пушти даст газидани маро дида, Зиё худ аз худ вазифаи доварӣ бар дӯш гирифту гуфт:
– Як гул нишонаи баҳор несту як байт далели бузургворӣ! Бо дили пур мегӯям, ки Шамс аз Сайф зӯр аст!
Сайфуддин исбот талабид ва чунин ҷавоб шунид:
– Дар мушоира Шамсиддини Тобасӣ, Шамсиддини Боқилонӣ, Шамсиддини Убайд ва Шамсиддини Ҳола низ қасидаи хуб ва марғуб гуфтанд. Дар як мушт чор ангушт аз як ангушт зӯртар асту чор Шамси Самарқандӣ аз як Сайфи Исфарангӣ! Яъне Шамс аз Сайф зӯр!
Нигина, ки худситоиҳои Шамси Ҳоларо бо гӯши ларзон мешунид, якбора баланд хандид:
– Намуред шумо! Гапатон шӯхӣ будаасту ман ҷиддӣ пиндошта, хеле дилгазон шудам.
Бибӣ Ойиша ҳам хандон шуд.
– Ин шоири «зӯр» байту ғазали ҳаҷвӣ бисёр дорад. Агар ҳазлиёти худро шӯяду истиғфор кунад, қасидаву шеъри накӯ мегӯяд.
– Рости гап, Бибӣ, то ҳол аз Ҳола ягон мисраъ нахондаам…
– Ҳозир ҳамроҳ мешунавем. Ҳола, дар кӯлбор ягон матои нав дорӣ?
– Қитъае хом ва нотамом ҳаст, эй Бибӣ! Шаб то саҳар хеле кӯшидам, то шеъре ба Нигина бахшам…
– Хеле хуб, эй шоир. Аввал бихон, баъд гап мезанем.
Шамсиддини Ҳаддодӣ варақе аз ҷайб бароварду ба рӯйи Нигина нигоҳи аҷиб афканда, бо лутфи ҳамнишинӣ ба қироат пардохт:
Дар хатар арчӣ мондаӣ, эй тани ҷони бехатар,
Дида шумар ки кардаӣ, қасди фалак яқин шумар.
Дар шараф аз сафар расад гавҳари шабчароғи маҳ,
Хез, чу сити хеш кун гирди замин яке сафар!
Бе дами сарди чун саҳар теғ макаш, ки бар фалак
Ҳокими адл рӯзу шаб аз дами сард шуд саҳар.
Чун суханат самар шавад, роҳ бибанд хобро,
То ба василати сухан гирди ҷаҳон шавӣ самар.
Бе ту зи дида бар ду рух хуни ҷигар кушодаам,
Нолаи чанг мешунав, гиряи шамъ менигар.
Одами беҳунар туро гар ба ҳунар намехарад,
Рав, бибар ин қасидаро то дари одами ҳунар…
Шамси Ҳола қироатро тамом карду бо нӯки остин даҳонашро пӯшонда, пастакак сурфид ва боз нигоҳи нарм ба Нигина афканд:
– Агар ба мамдӯҳ маъқул бошад, арзиши ҳар байтро як лабханди зебо кофист!
– Шеъри хуб аст, ҳарчанд олӣ нест, – гуфт Нигина ва зери чашм Шакархонумро нигарист бо маънои хатми сӯҳбат. Зеро аз нигоҳи гарму ишораҳои бепардаи шоир бесаранҷом гашта буд.
Аммо Бибӣ Ойиша ишораро нафаҳмида, бо ченаки дигар баҳо дод:
– Шеър қариб ки ягон камбуд надорад, нуқси калон дар шоир аст! Вай қойидаю вазни арӯзро хуб медонад, аммо шарти ишқу майли арӯсро намедонад.
– Шарти ишқ чист, эй Бибӣ? – ҳайрону музтариб гашт Шамси Ҳола.
– Дил якеву ёр яке! Марди булҳавас ва шоири гулҳавас инсони комил нест…
– Эй Бибӣ, аз ҳама бештар шумо ҳоли маро медонед, ки як сол боз муҷаррад ман, тани танҳо мисли шиновари баста санг дар по зиндагӣ мекунам…
Узри шоир бадтар аз гуноҳ шуд. Шакархонум, ки то ҳол ҳарфе нагуфта, ором менишаст, якбора ба ҷӯш омад:
– Эй бачаи хола, ба «ту» гуфтани шоир забонам намегардад, лекин, интухин, маҷбурам кардӣ. Оё медонӣ, ки мамдӯҳи ту кист?
– Албатта. Беҳтарин раққосаи олам!
Арӯсе, ки хоҳанда дорад басе
Намеояд осон ба аҳди касе!
– Вай кабутари ҳарами шоҳаншоҳи олам, эй булҳавас! Бо вай ҳамсӯҳбат шудан, нигоҳи беҷо кардан ва табъашро озурдан қатъиян манъ…
– Ба ман чӣ?! Хоразмшоҳ барои шумо шоҳаншоҳи олам, барои ман шоҳи шатранҷ вай! Аввалҳо дар назарам андаке қадру қимат дошт, вале баъде ки домодаш – Усмоншоҳи моро кушту Шайхулисломи бузургро қатл карду ба сари халифаи ислом лашкар кашид, обрӯяш ба хоки сиёҳ баробар шуд. Ба назарам подшоҳаки ошолуди ниммурдаву нимкофиргашта менамояд, ки ном дораду имон надорад. Агар аз Бағдод ғолиб меомад, шояд ки ҳолаш андак беҳ мегашт, вале аз каромоти халифаи ислом дар ними роҳ балозадаю расвои ду олам шуд, ними сарбозаш мурду ними дигараш камон аз даст дарафканда, найза ба хок андохт ва шоҳи тавоно дар они воҳид фақиру ҳақиру ҷазир гардид…
– Дар дил ин қадар гап доштию, интухин, дар базми Фирӯзабоғ подшоҳро ба таърифу тавсиф то осмони даҳум бардоштӣ…
– Айби ман чӣ?! Вақте шоҳаншоҳи шумоҳо кӯдак барин гапи нағз, тавсифу ситоишро мисли қанди хурӯсак дӯст медораду ҳатто мукофот медиҳад, чаро мани шоир хомӯш шинам?! Самарқандие, ки хари лӯлиро об дода, маблағ меситонад, ҷайби ин гӯлу гарангро ба ҳар усул меафшонад! Ин аблаҳбашара ҳатто намедонад, ки таърифи аз ҳад зиёд дашном аст!
– Агар Султон Хоразмшоҳ гӯлу гаранг мебуд, интухин, ними дунёро соҳиб намешуд, Санҷари сонию Искандари замон лақаб намегирифт…
– Туф кардам ба ин лақабҳои дурӯғин! Дар асл шоҳаншоҳи шумо аз тухмаи бардаҳост, бобокалонаш ғуломе буд рашки султонӣ карда! Рост, имрӯз он ғуломреша соҳиби тоҷу тахт, подшоҳест бо карру фар, дастҳош пури ангуштар. Лекин дарунхолию гумроҳ аст вай! Шоҳроҳи адлу инсофу ҳақиқатро гум карда, шоҳидбозу бодапарасту зайифу нотавон шудааст! Он ҷо Чингиз фикри лашкару нияти ҷангу кишваркушоӣ дораду ин ҷо Хоразмшоҳи шумо фикри базму айшу нӯш ва шоиру шоҳиду шодгуна…
– Рост, султони мо гӯё дар хоби ғафлат бошад, – Шакархонум як зина поён фуромад. – Ман ҳам дида истодаам, ки дар умури мулк, интухин, шавқею рағбатею дилгармию дахолати камтар дорад. Ҷаҳон аз Чингизхон, интухин, дар тарокум асту Хоразмшоҳ намедонад, ки агар дар ин шабу рӯз машғули ғусл шавад, оқибат дастобрези муғул хоҳад шудан…
– Вай, ки риши кӯтоҳу кулоҳи пашмин дорад, ақлаш расою фикраш солим не. Ғофил аст, ки Чингиз сулҳфурӯши оқибатҷанг асту дар каф гул, аммо дар бағал хор дорад. Намедонад, ки наҷистар шавад, чун наҷис тар шавад!
– Мардуми Бухоро мегӯянд, ки ғалла чун зард шавад, интухин, дигарбора сабзу тар нагардад…
–Рост, равзаи айши Хоразмшоҳ торафт пажмурда мегардад. Бо лафзи мардуми Самарқанд мастро нафси аммора хар кунад!
Дуруст мегӯям, эй духтари хола?
Шакархонум лаҳзае ба андеша рафту Ойиша Бибӣ ҳам хомӯш менишаст. Нигина, ки мунозираи ҳар ду ҳақталошро хомӯшона, аммо бодиққат мешунид, аз охирсухани соядори Шамси Ҳола як қад парид. Фаҳмид, ки ба саропардаи хоси подшоҳ даромаданаш аз чашми мӯшикофи шоир пинҳон намондааст. Пеши назараш он лаҳзаи нанговар дубора пайдо шуд, ки воқеан подшоҳ ба пирхар монанд буду ақлу раҳму шафқату одамгарӣ надошт…
Ба нафрату маломат дар бораи Хоразмшоҳ гап заданҳои шоирро бо суханҳои қабеҳ ва ҳақоратомези Узлоғу Турконхотун муқоисаву ҷамъбаст карда, ба шоҳаншоҳи олам нафраташ омад. Бар замми ин ёдаш расид як ҳикояти Сайфуддин, ки бо дарду алам гуфта буд: «Бо Шайхулислом маслиҳат кардем, ки сурмаи бедорӣ бар чашми масти подшоҳ кашида, фурӯғи меҳр ва оташи ғайрат дар мағзаш пароканем, то хобу хӯри инсонӣ, сабру қарор ва хиради султонӣ аз вай дур нашавад. Гуфтем: «Ба остонаи пирӣ расидед, ибодат бештар кунеду кори он ҷаҳон хубтар бисозед. Накӯ бошад, агар ба ҳаҷ раведу моро ҳамроҳ баред». Бо густохӣ ҷавоб гардонд: «Бӯсагоҳи ман лаби паймонаву лаби ҷонона аст, на санги сиёҳ!»
Сайфуддин он рӯз «Дод аз дасти подшоҳи аблаҳу гумроҳ! Дод!!» гуфту андактар дарборро тарк карда рафт. Аммо Нигина натавонист, зеро кабутари ҳарам боли парвоз надошт. Бо чашми накӯӣ ояндаро менигарист, вале бӯйи беҳбуд ба димоғаш нарасид – гулу боди сабо хуш омаду шодӣ овард, аммо шоҳ наомаду ғаму ғусса афзуд. Бо ҳазор умед худро ба Самарқанд расонд, лек… ҳайҳот – дид, ки шоҳ ба шароб ҷафстар нишастаасту майнӯшӣ мисли обнӯшӣ вайро одат шуда, аз лофу худнамоӣ корҳояш гиреҳ андар гиреҳ афтодааст…
Нигина зери лаб «Эй дил, аз кори Худо ҳеҷ маранҷ!» гуфту хаёлоти гаронбор аз сар дур андохта, бори дигар бо умед Момои самарқандиро нигаристу ба идомаи мубоҳиса гӯш андохт, ки Шакархонум мегуфт:
– Ростиро завол нест, эй бачаи хола! Дар ҳақиқат ду кор аз подшоҳон ғароиб намояд, интухин, зиннати сар ба пой бастану пойтоба дар сар печондан ва, интухин, марвориду тилло ба сурбу мис баробар кардан…
– Ин подшоҳи толеъбаргашта…
– Шуд! Ҳамин қадар гӯгӯяк карда, тору пуди подшоҳро титу пит кардед, бас! – Шамси Ҳоларо аз сухан боздошт Бибӣ Ойиша. – Тамоми таънаю маломату гилаю ҷингилаҳои ҳар дуятон ду мисраи як байт аст:
Кори подшоҳи мулк бозӣ нест,
Бозӣ ойини сарфарозӣ нест!
Ҳазор ҷон коҳондаю обу арақ резонда, нағзу бад гӯед ҳам, дигар ба Хоразмшоҳ як сари мӯ таъсир намерасонад. Зеро агар кӯза аз тиллою гавҳару лоҷвард созанд, аз он ҳамон таровад, ки дар ӯст! Биёед, кӯзаи фарсуда ба ҳолаш гузорему чун кӯзагарон мушту лагаду тапонча назанему ба Нигина нигарем, ки кабутари ҳарами эдун подшоҳ аст:
Ашке ки зи чашм бари рӯ ғалтидаст,
Дар гӯш кашидаӣ, ки марворид аст.
Аз гӯш бурун ор, ки бадномии туст,
В-онро ба рухат тамоми олам дидаст.
Сукути лаҳзавиро овози ширадори шоир ба гуфтушунуфти тақдирсоз табдил дод:
– Такрор шавад ҳам, бори дигар мегӯям, ки ҳолиё Хоразмшоҳ аз подшоҳӣ фурӯ мондаасту Нигина дар ҳарами пӯсида дигар асло рӯзгори хуш намеёбад. Бовар дорам, ки худаш вазъиятро хуб медонад ва тадбире андешидааст.
Эй Нигина, ғофил манишин, на вақти рақсу бозист!
– Мо бепарвою пунба дар гӯш нестем, – зуд лаб ба ҷавоб кушод Шакархонум қолаби мубоҳисаро нашикаста. – Табъи нозуки Нигина соате аз рози ахтарон ғофил несту, интухин, пайваста мегӯяд, ки илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ бояд ҷуст.
– Эй Нигина худ бигӯ, чист он тадбир, ки андешидаӣ?
– Барои шунидани маслиҳату андешаи дуруст ва дарёфти тадбири савобу дуои нек ба ҳузури Бибӣ Ойиша омадаам. Мардуми мо «то пир нест, тадбир нест» мегӯянд…
– Халқи Бухоро «тадбир аз пир, амал аз ҷавон» мегӯянд…
– Ҳама одамон ин шоҳбайтро дӯст доранд:
Бе пир марав, ки дарбимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ!
Пирмомои Самарқанд аз хушсуханию ҷӯшиши қалби ҳамсӯҳбатонаш мамнун гардид ва дасти Нигина ба каф гирифт:
– Эй пиринии64 шириншамоил, пештар бинишин, то се панди пирона гӯям, ба шарте ки бипазирӣ.
– Сад хизмату сад таъзим аз ман бошад…
– Панди аввал ин аст, ки дигар ҳаргиз надимаи шоҳ нашав. Ту худ шоҳи бутонӣ, ҳамин бас аст. Ҳаргиз ба мот кардани шоҳ рағбат накун, ки зайиф ҳастӣ, худ мот хоҳӣ шуд!
Панди дуюм ин аст, ки дигар ҳаргиз дар маҷлиси шоҳону маҳфили мастон рақс накун. Ту аллакай ахтари оламафрӯзӣ, ҳамин бас аст. Аз осмон болотар шеъри тару нолаи най несту раққоса мисли гул кӯтоҳумр бошад, дар бистсолагӣ аллакай кампир шавад:
Борҳо даршудӣ ба маҷлиси хос,
Гаҳ навозан будию гоҳ раққос.
Гоҳ гуфтӣ ба шухӣ омадае
Гаҳ намудӣ ба ишва шӯъбадае!
Ман ҳам дар синну соли ту рақсидану ҷилва рафтанро дӯст медоштам ва кам-кам машқи шеър мекардам. Як шаб пири муаммаре дар хоб дидам, ки сарамро сила карду гуфт: «Даст аз рақс бидор ва хома мустаҳкам дор, то ба абадият роҳ ёбӣ. Агар панҷ вақт намоз бенуқс хонӣ ва ҳар рӯзе панҷ сатр иншо кунӣ, панҷ рукни саломатӣ туро тарк накунад ва умри кубравӣ бинӣ!»
Панди сеюм ин аст, ки дигар ҳаргиз худро кабутари ҳарам ва кабки дарбор нагӯ, то ба чанги Чингиз наафтӣ, ки шунидам харидори туст. Чингиз аждаҳои дамон ва балои охирзамон аст, ҳар қадаре метавонӣ аз вай бигурез, то аз балои бад халос шавӣ.
Яъне… оҳуи ҳарам65 шав ва ба кӯҳистони хеш чароғпоя дав!
Эй кабки қафаснишини маҳбус
Беҳила чу паргусаста товус.
Аз банди қафас чу омадӣ танг
Бинмо ба тавофи водӣ оҳанг!
Момои Самарқанд то барҳаёт аст, дуогӯи туст. Ҳар субҳу шом ба Парвардгори олам дуруд мефиристам ва илтиҷо мекунам, ки Нигинаи ворухиро оҳуи шергир гардонад…
Поёни китоби дуюм
ОҲУИ ШЕРГИР
Пешгуфтори китоби сеюм. Таснифи пораҳо аз саргузашти ошиқони саргашта
Аз таъсири дуо ва панди Момои Самарқандӣ ҳолати Нигина тамоман дигаргуна гашт. Аввал шодӣ карда, мисли гули садбарг варақ-варақ шукуфт. Баъд ҷигархастаи ғамзада шуд. Яъне ба лаб кулӯх молид – не гап мезаду не нон мехӯрду не об менӯшид. Андактар боз тағйир ёфт – аз шодкомӣ фориғу аз ғам осуда гашта, муддати бардавом дар мобайни хона беҳаракат нишаст. Ба нуқтаи номаълуме менигаристу гоҳ табассум мекард, гоҳе ду-се қатра ашки ноинтизор мерехт. Ин асно вай бо дили худ дар гуфтугӯ буд ва ба чанд саволи навпайдо ҷавоб меҷуст.
Саволи нахустин «аз қафаси заррин чӣ сон метавон берун парид?»-ро осон ҳал кард: ба шоҳзода Ҷалолиддин масъаларо мефаҳмонаду мадад мепурсад ва бо гиряву зора илтиҷо мекунад, ки ба ҳар қимате ё ҳилате ӯро аз дарбор ба озодӣ барорад, амонатро бе хиёнат ба падар супорад… Аммо саволи дуюм ва асосӣ дандоншикан шуд: аз Самарқанд ба кадом самт боли парвоз мекушояд ва минбаъд чӣ кор мекунад?!
Саманди орзу ва хаёлот нахуст ӯро ба Ворух бурду дар хонаи падар фуруд овард. Ба назараш чунин намуд, ки волидон нури чашми худро бо хушию хубӣ истиқбол гирифтанд, ҳар суханашро гиромӣ доштанд. Чанд хешу табору ҳамсояҳо бо чеҳраи кушод, бе ғаразу ҳасудхӯрӣ ба дидорбинӣ ва тӯҳфагирӣ омаданд. Вале амакдухтаронаш, дугонаҳои айёми кӯдакию ҳамсабақонаш Нигинаи хушлибос ва оростаю перостаро бо теғи нигоҳ пешвоз гирифта, бо чашми пур аз бухлу ҳасад тамошо мекарданд. Онҳо чун аз гурези ӯ воқиф гаштанд, ба танқиду инкори кабутари ҳарам забон дароз карданд ва ҳини гуфтор пичингу киноя, таънаю масхара мисли мурчу қаланфур истифода бурданд. Назокати арразабон бе ягон андешаю таҳаммул ба сарзанишу маломат гузашт: «Ҳамроҳи ман ба Ворух наумадию дар Хуҷанд мундӣ, тану бадан ҷунбундию дар суроғи Мирмалик ба Ғӯрганҷ рафтӣ. Лекин вай аз ту гурехта, шоҳдухтара зан гирифта, ба Хуҷанд баргашт. Шоири исфарагӣ ҳам дум хода карду кафтараки бечора ба хоразмиҳо дастнигар шуд. Яъне аз ошиқҳот мундаю ба Самарқанд умада, аз подшоҳ рунда шуда, саргардун гашта, ба Ворух шӯйковӣ умадӣ?!
Э пирдухтар! Бо кадум ру пеши моюн умадӣ? Бо кадум чашму ру ба моюн ниго мекунӣ? Марг беҳтар аз зиндагӣ ба шармандагӣ!!!»
«Пирдухтар» гуфтани амакдухтар чун наштар ба синаи Нигина халиду «паридухтар пирдухтар шуд, нимхӯрдаи подшоҳ бешавҳар монд!» гуфта, масхараомез хандидани ҳангоматалабҳои қишлоқӣ гулӯяшро аз ресмони дор сахттар фишурд. Фаҳмид, ки зару зевару бойигарӣ ва куртаю ҷомаю ҳама либосвории қиматбаҳояш барои ҷавонҳои ориятманди ворухӣ ду пули пучак арзиш надорад ва ҳама аз «бойдухтари пирдухтар» ҳазар мекунанду шахргаштаю аз ҳарами подшоҳ баромаданашро ҳазору як хел тафсиру шарҳу эзоҳ медиҳанд. Он гоҳ Нигина ҳам гапи Назокатро шиор карда, «марг беҳтар аз зиндагӣ ба шармандагӣ!» мегӯяду ё худро оташ мезанад, ё ба оби дарё мепартояд, ё аз кӯҳи Тешазадагӣ ба дӯзах мепарад… Ё мисли Муяссарбону дар ягон теппаи беодам хона сохта, бо пишаку мурғу париҳояш умр ба танҳоӣ мегузаронад…
Аз чунин оқибати кор Нигина сари пушаймонӣ ба поён афканду афсурдагии хотираш даҳчанд шуд ва чанд қатра ашки сӯзон ба домон рехт. Ва қатъан хулоса баровард, ки ҳоли ҳозир ба кӯҳистони Ворух чароғпоя рафтани оҳуи рамида номумкин, ҳатто хатои дағали зиндагисӯз аст!
Шоҳбайти нахустин шоири самарқандӣ Абуҳафси Суғдиро муносиби ҳоли худ донист:
Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо?
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна равадо?!
Мисраи дуюмро такрор ба такрор хонду худ ба ҳоли худ хандид: «Ӯ надорад ёр» гуфтан оё дуруст аст? Не! Нигина ёр бисёр дорад, садҳо харидор ва ҳазор-ҳазор талабгор «зиҳӣ лаъли лабу нозук миён!» гуфта, чангу гарди домонашро тӯтиё мекунанд. Ба лафзи шоир Сайфуддин ҳама ситораҳои осмон дар зери пойи қомати волои ин нозукниҳол саф кашидаанду Нигина шоҳи хубон аст, агар аз Лайлию Ширин боҷу хироҷ гирад, равост…
Дарвоқеъ, андалеби Исфара ҳоло дар куҷо бошад? Дар Ғӯрганҷ, зери сояи вазири Турконхотун бошад ё раҳсипори Хуросон? Дар базми арӯсии Гулҷамол аз дур якдигарро диданду аммо натавонистанд ҳамсӯҳбат шудан… Оё боз дида ба дидор мерасида бошад? Кай? Э кош тезтар меомад… Вай нафақат ҳамдиёр, балки ҳамсафару ҳамрози санҷида, маслиҳатгару ҳаводори асили ӯст. Ҳатто… боре иқрор шуда буд, ки «булбули гӯё шудам дар гулситони ишқи ту»… Он рӯз, дар фуроварди базми ҷашни Меҳргон, ширакайф ба ҳузури Нигина омад. «Хилватиён ҳар куҷо маҷлиси хос оростаанду даст ба тороҷи хирад кушодаанд» гӯён ҳоли зори дили шӯридаи худ якбаяк ошкор кард. «Гумони ман яқин шуд, ки шоҳи бадэътиқоди сахтчашм дилбанди туст. Вай ишқи ҷавони маро хазон кард. Акнун намедонам чун кунам?!» гӯён шоирона фиғон кашид: