
Полная версия
Нигина ва Мирмалик
– Наход? Дур шав, ки дар сарат мастии ишқ нест. Ту сармаст аз шаробӣ…
– Ба гапам бовар кун, эй нозанин. Агар гӯям, ки дилу дини худро пурра ба ту бой додаам, хато намешавад. Бо як нигоҳ диламро бурдию хобу хӯр ҳаромам кардӣ!
– Яъне ки ҳолӣ ҳеҷ чиз намехӯрӣ? Пас чаро бафурҷа нишастаӣ? Хезу бирав, ки вақти хоб шуд. Пагоҳ барвақт биё, якҷоя субҳона мехӯрем.
– Ман садқаи сухан ба танз гуфтанот, эй духтар! Ту маликаи мулки ҳусну ҷамолӣ, ман гадои даргоҳи ишқи туям. Ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ. Фақат… бо ҳар шева маро аз даргоҳат нарон! Дарвоқеъ, малика гуфтаму як чиз ба ёдам расид, – Узлоғшоҳ саросема ҷайбашро кофта, ангуштарини рахшон берун овард. – Ин чаларо онакалонам ба ту ҳадя фиристод.
– Кадом модаркалонат? Махдумаи ҷаҳон улёҳазрат Турконхотун?! Вай аз омадани ту ба манзили ман огоҳ аст?!
– Албатта! Ман бе иҷозати онакалонам ҳеҷ кор намекунам! Пеш аз офтобшинам вай манро ба хилватхона ҷеғ зада, ба роз гуфт, ки бираву кори Нигина бисоз…
Аз ин амри аҷибу ғариб вуҷуди Нигина ларзид, дилашро талвоса фаро гирифт ва ҳамзамон сахт дар шигифт монд. Бе тааммуқ дарк намуд, ки аҷузкампири озурда пойгоҳро хилват ёфта, дар Ғӯрганҷ набудани подшоҳу шоҳзодаи бузург – ҳомиёни кабутари ҳарамро дидаю дониста, алайҳи Нигинаи поктану покчодар, аммо мустаманду танҳо маккорона ба ҳуҷум гузаштааст. Яъне набарди нобарори пухта-хомӣ дар пеш асту агар ҳушёрию пухтакорӣ накунад, оқилонаю фиребо сухан нагӯяд ва устувор наистад, ин рақиби хомтамаъ, ки ба ҳар сияҳкорӣ омода аст, як мижгон ба ҳам наоварда, ба нангу номусаш таҷовуз мекунад ва обрӯяш аз нақши по пасттар мегардонад.
Нигинаро дар ибтидо раъй бар он афтод, ки худро девона созад. Гиребони ҷома дарронда, ба саҳни ҳавлӣ барояду доду фарёд занад, ёриву мадад хоҳад. Лекин зуд аз ин хаёли хом даст кашид. Зеро бе ягон монеа то дари кабутархонаи подшоҳ омадани шоҳзодаи валиаҳд аз он далолат медод, ки бо амри Турконхотун банди садди роҳ бартараф гардида, ҳеҷ кас ҷонибдори раққосаи ғариб нест. Бо дили гирён заҳролуд табассум кард, ангуштар дар кафи даст бозӣ доронда, айёрона лаб ба гуфтор кушод:
– Ангуштари сеҳрнок додааст очакалонат. Вай боз чиҳо гуфт?
– Онаам гуфт, ки Нигина омаду дар Ғӯрганҷ бозори гуҳар шикаст, нархи шакар арзони хоки сиёҳ шуд, лекин нархи наво дар бозори ишқ даҳчанд гарон гашт. Ҳазорон пиру барно орзуманди васли ин париваш шуданд, лекин аз беилоҷӣ дардманду ранҷур гаштанд. Қариб сад ошиқ аз ранҷурӣ мурд, чунки пулу мол надошт. Зеро ошиқе, ки зари сурх надорад, гапаш мисли миси сиёҳ норавон аст… Ман ки зари сурху зевари тилло беҳисоб дорам, аз ин гап хурсанд шудам!
– Бармаҳал хурсанд шудӣ. Ман мегӯям, ки агар ишқ нест, зар коҳро монад ва ба кор наояд. Ту, ки дар дил ишқ надорӣ ва чӣ будани муҳаббатро намедонӣ, ғам хӯр! Дар бозори ишқ ғам ҳамеша ройгон аст.
– Агар лаззати ишқро намедонистам, ба кулбаи ту намеомадам! Онаам гуфт, ки агар дари ҷононаи худро зиёрат накарда бошӣ, сад бор ба Макка равӣ ҳам, ҳаҷҷат қабул намешавад.
– Гапи онаат дуруст. Лекин ман ҷононаи ту не!
– Ғурури ҳусн ба ту мезебад. Онаам маро таъкид кардааст, ки сарв пеши қади Нигина ба лаби ҷӯ об хӯрад, лекин вайро ҳунар як ҷаву ғурур аз зару зевар як хирман шудагӣ…
– Офарин ба очаи ҳамадонат! Тарки ман гӯ, эй писари нағзи шоҳкампир.
– Ба вай тамасхур накун, ки ҳаводори туст. Ҳусну ҷамолу ақлу фаросати туро ба осмон бардошта, онаҷонам гуфт, ки дар ҳавою ҳаваси ин гул ҳазор булбул савдозада шудаасту ҳар касе Нигина зани ӯ бошад, ба чаҳор иқлим подшоҳ гардад!
– Оҳ-ҳо! Ин гапро бори аввал мешунавам. Агар очаат бо чунин ният туро ба манзили ман роҳӣ карда бошад, масъала ранги дигар мегирад.
– Ҳа-дия! Онаҷонам гуфт, ки бо дасти гиро чанг бар домани Нигина зан, то зеббахши дигар мард набошад…
– Яъне ғарази ту аз даркӯбӣ чанг андохтан аст? Аз чунин чанг маро нанг меояд. Ваҳ, чӣ қади пасту ҷуссаи лоғар?!
– Онаҷонам мегӯяд, ки бисёр хӯр, то фарбеҳ шавӣ. Гов барин мехӯрам, лекин аз хар лоғартарам… Фақат… ту лабу даҳон каҷ накун, эй парӣ, гапи ганда нагӯ. Ҳарфи дурушт аз лабу даҳони зебо нозебост!
– Шоир Анварӣ гуфтааст, ки лаҳҷаи ёр теғи султонист дар фаслулхитоб…
– Ба ман шеър нахон, ки намефаҳмам. Анварӣ як сӯ гузору гапи онаҷонамро шунав, ки ҳамафаҳм аст: ҳар касе аз лаби ширини дилбараке чу Нигина нақлу наво хӯрад, ҳалолаш бод!
Нигина қоҳ-қоҳ хандиду гуфт:
– Эй Узлоғшоҳ! Ошиқ ту ё онаҷонат?!
– Ошиқи дилдода манам! Лекин бо маслиҳати онаҷонам ишқ мебозам. Вай мегӯяд, ки булбул ба товус Нигинаро нишон дода гуфтааст: «агар ҷилвакунон равӣ – чунин рав!» Ин гап тӯғрӣ-мӣ?
– Шояд…
– Онаҷонам зулфу гесӯю кокули туро таъриф карда мегӯяд, ки аз ин гесӯи диловез нест имкони гурез! Ин гапаш ҳам тӯғрӣ-мӣ?
– Шояд…
– Шакар ба даҳонат! Онаҷонам гаштаю баргашта таъкид кард, ки ошиқ бе тӯҳфаю савғотӣ ба маъшуқа дӯстрӯй намешад.
– Банди гапро гуфтааст онаҷонат!
– Хайрият… Ин хел ки бошад, ангуштари вайро ба ёдгор гир ва чашми карам ба рӯйи Узлоғшоҳ кушо!
– Тӯҳфаи табаррукро пас гардондан нохуб аст, – гуфт бо чашмони бозингар Нигина. –Лекин… ҳар касе тӯҳфа орад, дар дил ғаразе дорад. Ин савғоро иваз чӣ бошад?
– Як бӯса…
– Чӣ?!! Эй бача, ҳӯш дорӣ? Меҳмон агар баодоб бошад, интизор мешавад, на талабгор…
– Аз сарат гардам, Нигина, маро ноумед накун! Ман хуб медонам, ки як тори мӯйи ту аз молу мулки ду олам қиматбаҳост. Лекин дили шайдои ман ҳамагӣ ба як бӯса хурсанд аст. Савғои табаррук бигиру дили ошиқи шайдо шод гардон…
– Эй шайдописар, ки бӯсаи ошиқона мехоҳӣ, лаб фурӯ банд! Эй гулҳаваси гумкардароҳ, ки ба ҳунари ман рағбате надорӣ, магар аз амри акоят ҳам хабар надорӣ? Оё намедонӣ, ки Шоҳзода Ҷалолиддин маро кабутари ҳарам ва дастнорас хондааст?!
Ҳамнишини Шоҳаншоҳи олам будан маро бас аст!!!
– Эй ғунчаи норасида, ба шукуфтан тайёр шав! То ба кай аз ғами ту оҳ аз дили шайдо кашам? Ту ҷилва додию нимкушта кардӣ, ақлу ҳушам рабудӣ. Ҳар чӣ дорам аз моли дунё азони туст. Маро накуш!
– Агарчӣ суханат зӯр асту кафат пур аз дурр, ранҷи беҳуда накаш, ки он ҳама ҷавоҳир гӯшвори маро мувофиқ нест! Бо ман дандонзанӣ накун, ки Шоҳзода Ҷалолиддин ҳама дандонат мешиканад!!
– Лақаби ман Башшош аст, яъне бачаи шухи хандон. Худатро кушӣ ҳам, пинакам таҳ намехӯрад!
– Эй писари нохалафи подшоҳ, ҳушёр шав! Наход кӯлоҳи валиаҳдӣ бар сарат гаронӣ мекунад?
Эй бар ту қабои салтанат омада муфт,
Васвас машав, ки навбати давлати туст!
– Эй кабки қафасбанд, ба ман дӯғ назан ва шеър нахон. Ба йошии ман тамасхур накун ва нохалаф нагӯ. Агар бори дигар тамасхур кунӣ, беибо мукофоти масхарагӣ ба ту хоҳам дод! Чунки ман фарзанди ҳалолу ҷойнишини он падар ҳастам, ки Шоҳаншоҳи олам мебошад. Лекин… аз вай умедатро кан, ки дигар ба Ғӯрганҷ намеояд!
Нигина аз шунидани ин хабари обнорасид, аммо андӯҳовар ошуфтаву данг53 шуд ва абрӯ дарҳам кашида, забони эътироз кушод:
– Ақл дорӣ ё не? Оё худ мефаҳмӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ? Ту маст ё ҳушёр?!
Узлоғ густох каф ба ҳам зада, шодиомез нидо кард:
– Аз дидори ту чунон мастам, чунон мастам ман имрӯз, ки дигар ҳаргиз ҳушёрӣ нахоҳам! Як нигоҳ ба лаби майгуни ту кайфи як хум шароб дорад!
– Ин гапро ҳам очаат гуфт?
– Не, инаш гапи худам! Онаам гуфт, ки подшоҳи мо бар амиралмӯъминин душман шуда, оҳанги Бағдод кард, то халифаро ҳалок кунаду хонадони аббосиҳонро аз тахт фурорад. Аз куфрони неъмат карданаш ғазаби Худо омаду дар ними роҳ ба лашкараш шикаст овард.
Аз шумхабар Нигина ба даҳшат омаду пайиҳам се савол дод:
– Кай? Дар куҷо? Чӣ хел?
–Онаам мегӯяд, ки як ҳафта пеш ба сари лашкари Хоразм аз осмон бало рехтааст. Вақти гузаштан аз ағбаи Ҳулвон ногаҳон тундбоди сахт вазида, барфи сарди лаклакӣ беист борида, ҳаво хунуки қаҳратун шуда, дар як соат чил ҳазор сипоҳию дусад ҳазор аспро сармо задааст… Баъди ним рӯз ними лашкари мо аз дасти лашкари сармо мурдадилу пажмурдаву ниммурда шудааст…
– Баъд чӣ шудааст?
– Онаам мегӯяд, ки аз шиддати сармо пушти лашкар ба подшоҳ хунук гашта, аммо аксарият ба халифа дилгарм шудаанд…
– Зоти олитабори мо чӣ ҳол доранд?
– Ҳолати падарамро мепурсӣ? Онаам мегӯяд, ки аз чунин шикасти шармандавор сари баландаш хам шуда, аз ғусса кораш булъаҷаб шудааст…
– Булъаҷаб ба кадом маъно?
– Ман аз куҷо донам? Онаам мегӯяд, ки баъди мағлубият аз балои осмонӣ мубталои шароб шудаасту доим масти аласт мегардад, яъне аз бода беёду беҳуш – фисқу фуҷуру ким-чии дигар оғоз кардаасту мурдаақли шаҳватзинда шудааст. Шаробе намондааст, ки нахӯрда бошад ва кори зиште намондааст, ки накарда бошад…
Онаам боз мегӯяд, ки хурду калон аз чунин подшоҳ малулу безор шудаанд. Сипоҳӣ сипар афканда, аспу хачир наъл партофта, ҳама ба вай нафрат доранд. Ин аломати заволи давлат будааст…
– Мардум мегӯянд, ки модаркалони ту аз кушта шудани Шайхулислом ҷигарсӯхта асту сояи подшоҳ аз девор метарошад ва то метавонад, дар ҳақи вай бадгуфторӣ мекунад…
– Дар ин мавзӯъ онакалонам мегӯяд, ки агар аз ду ҳукми охирини подшоҳ яке ботил мешуд, вай бурд мекард. Чунки вақте ба тахт нишаст, бериш буду бо дуои Шайхулислом бузургӣ ёфт. Лекин афсӯс, ки вайро фақат риш бузург будаасту хирад кӯса! Дар натиҷа, шайхе, ки як умр дар ҳаққи подшоҳ некӣ кард, ба ҷойи хилъату ҷома ҷуволи марг ёфт. Ин кори подшоҳ ҷиноят асту Худо ҷазои сазовор дод.
– Оре, дар ин масъала ҷурм аз ҷониби аълоҳазрат содир гашту бо модаркалонат ҳамфикрам. Ман ҳам мушоҳида кардам, ки шоҳаншоҳи муаззам дар мақоми ғурур ба охирин пояи нардбон расидаасту дар ҳолати мастӣ ҳукми хато баровард. Беҳуда нагуфтаанд, ки нишоти бодаи гулгун дар пай дарди сар бисёр дорад…
– Онакалонам мегӯяд, ки фарзандаш дар ҳавзи шароб сарозер афтидаасту агар маст шавад, сурати шеру сирати саг мегирад. Аз ҳамин сабаб вай аз уқобӣ ба магасӣ расида, ба хари шаҳват часпидааст, пояи нардбони ҳукуматаш бар рӯйи ях қарор доштааст. Онаам бо пакан54 қасам хӯрд, ки баъди чунин шармандагӣ агар чашмаш ба чашми писари майпарасташ афтад, бо дасти худ чашмашро кӯр мекунад!
– Яъне ту гуфтан мехоҳӣ, ки Шоҳаншоҳи олам аз қасами модар тарсида, дигарбора ба Ғӯрганҷ намеояд? Магар вай намедонад, ки тарс бародари марг аст?!
– Ин хел не. Онаҷонам мегӯяд, ки падари ман солиёни зиёд шабу рӯз дар андешаи ободонии Самарқанд буд. Хеле пурсуҷӯ кард, то бидонад, ки дар куҷои шаҳр обу ҳаво хуш бошаду барои сохтани қасри бузург мувофиқ. Оқибат ҷойи табъи дил ёфту кушки шоҳаншоҳӣ сохт ва Самарқандро пойтахти дуюми Хоразмшоҳиён эълон кард. Азбаски пас аз шармандагӣ бо пӯсту рӯйи сӯхта ба Ғӯрганҷ баргашта наметавонад, хоҳад-нахоҳад ба Самарқанд меравад.
– Ин хулосаи модаркалони туст. Вале раъйи падаратро худаш медонаду Худо. Вай пошоҳ аст, куҷое хоҳад-меравад!
– Акнун наметавонад! Онаҷонам мегӯяд, ки бефаросатиҳои фарзанди ғаюрро хеле сабру тоқат кардем, то кор ба гӯшу чашму забон буд. Акнун корд ба устухон расидаасту дигар ҳоҷати таъхир нест. Акнун вайро аз подшоҳӣ маъзул мебояд кард…
– Ин ғадри модар оё хиёнат ба фарзанд нест?
– Баръакс, онакалонам мегӯяд, ки худи писар дасти модарро озод кардааст, то лаҷоми мулк ба дасти валиаҳди ҷавон супорад. Яъне акнун ман подшоҳ мешавам!
– Ин табаддулот носипосӣ, бевафоӣ ва кӯрнамакии писар дар ҳақи падар мешавад. Ҳаргиз ноҷавонмардӣ накун, то оқипадар нашавӣ!
– Ман аҳдшикан нестам. Лекин онаҷонам мегӯяд, ки мо ба як сӯ шавем аз пеши подшоҳ ва Самарқанд ба ӯ супорему худ дар Ғӯрганҷ монем. Ту бо ман мемонӣ!
– Саросема нашав, ки ҳолӣ подшоҳ нестӣ. Тақдири маро бародари бузургат ҳал мекунад.
– Касе намедонад, ки Ҷалолиддини Манкбурнӣ мурда аст ё зинда?! Агар аз дасти сармо раҳида бошад, ҳамроҳи падар мемонад. Онаҷонам мегӯяд, ки мо вайро ба ҳалқаи худ ҷой намедиҳем. Яъне ки ту хоҳӣ-нахоҳӣ дар Ғӯрганҷ мемонӣ! Ту акнун они манӣ, ҷони манӣ, ҷонони манӣ!!
Узлоғшоҳ худро подшоҳ ҳисобид магар, ки бебок пештари «ҷонона» парида, ӯро бӯсидан хост. Нигина кафи дасти чап ба сандуқи дили шӯридасар ниҳода, вайро қафо тела доду бо дасти рост ба рӯяш нармакак силӣ зад ва бо нози сохта гуфт:
– Эй турктоз ошиқи бадбахту бешарм! Бӯса изҳори ишқ асту муҳаббат кори ҳар нодон нест. Оне ки на шарм дораду на сабр, ошиқ нест!
Узлоғшоҳро аз номеҳрубонии даст ва кинояҳои забони Нигина қаҳру хиҷолате ба рӯ омад. Хост ба як зарба вайро ба фарш афтонаду кораш тамом кунад. Аммо «то дилат хун нашавад, меваи ширин наёбӣ» ва «барои гул заҳмати хор мебояд кашид» гуфтанҳои модаркалонашро ба ёд оварду сухан бо нармӣ идома бахшид:
– Эй нозанин! Агар аз зарби дасти ту ман кушта шавам, бо хурсандӣ мегӯям, ки бақои умри ту бод! Бо поят маро помол кунӣ ҳам, чизе нагӯям. Чунки дар роҳи ишқи ту хортар аз хоку хасам. Фақат… бовар кун, ки ман ҳам дил дорам ва туро дӯст медорам!
– Хуб кардӣ, ки ошуфта нашудӣ, – аз каломи гарм дили сарди Нигина андаке гарм гашт. – Мардуми араб мегӯянд, ки «зарбул ҳабиби забибун!» Яъне, зарбаи маҳбуба чун мавиз ширин аст…
– Онаҷонам мегӯянд, ки ошиқкушӣ савоб аст!
Ҳарду ба завқ хандиданду Нигина бо шавқи аввала пурсид:
– Боз чиҳо мегӯянд онаҷонат?
– Мегӯянд, ки ошиқи неканҷом аз подшоҳи бадфарҷом беҳтар асту ошиқро мурод ба зар дуруст мешавад, на бо номи падар.
– Ин гапҳои онаҷонат ба ман маъқул…
– Онаҷонам боз мегӯянд, ки ошиқ барои аз маҳбуба як бӯса ситондан бояд хоки дари вайро ҳазор бӯса занад…
– Ин панди хуб аст, ҳамеша дар хотир нигоҳ дор.
– Имрӯз онаҷонам гуфт, ки оби дарёи ишқ ба нӯшидан кам намешад…
– Ман мегӯям, ки оби пок ифлос аз нӯши магас мешад!
– Ҳар чӣ ба даҳонат ояд, гуфтан гир. Ту шаҳду ман магас, ту асалу ман занбӯр, ту шамъу ман парвона, ту гулу ман булбул…
– Ҳеҷ кас ҳаргиз аз парвона садое нашунидааст, лекин ту мисли занбӯр дар буни гӯшам ғинг-ғинг мекунӣ?
– Баръакс, мисли булбули шӯрида чаҳ-чаҳ мезанам. Магар дурри гаронсанг ба гӯши ту гаронӣ кардааст, ки нолаи зори маро намешунавӣ? Намебинӣ, ки ман мисли садҳо ошиқи роҳгумкарда аз ҳар тараф ба ту қаробат меҷӯям… Ту, ки шеър менависӣ, хуб медонӣ, ки гул шукуфад, булбул масту ғазалхон мешавад. Охир ту ҳам шукуфон шав, то ман маст шаваму гӯям, ки бар бӯи пероҳани ин нозукбадан мирам!
– Агар дил шод набошад, чӣ сон тавон шукуфтан? Ситоише, ки сабук бошаду хушку осон оқибат бори гарон орад!
– Боз дӯғу даранг мекунӣ? Чаро? Охир то ҳол сухане тунд нагуфтаам, фиреб надодаам, дурӯғ набофтаам ва бад накардаам, ки бад мукофот диҳӣ. Чаро сухани дурушт гуфта, маро девона мекунӣ?
– Барои он ки туро нон гандумист, аммо суханҳоят ҷавин. Фақат аз номи очаҷонат гап мезанӣ, аз дили худ сидқан ҳарфе ба забон наовардӣ…
– Гапи худам ҳамин, ки агар дар ҷоми ман заҳр андозӣ, хомӯш менӯшам! Чун ки як ангушт аз шаҳди забонат маро позаҳр асту мехоҳам, ки Нигина маро аз ин мурод бознадорад.
– Ҳушёр бош, эй Узлоғшоҳ, ба кӯйи Нигина ҳар кӣ дар талаби шаҳд ояд, умед нест, ки дигар ба ақл бозояд!
– Забон нигаҳ дор, эй ишвафурӯши деҳотӣ! Ба мани девона худат фаҳмон: ту кистӣ ба чунин ҷамолу зебоӣ, ки ақлу ҳушам рабудию дилам ба ғорат бурдӣ?
– Ман духтари паридорам…
– Ҳа-ҳа-ҳа! Гумон доштам, ки ман бандаи заминию ту фариштаи осмонӣ! Мехоҳӣ, дар бораи як духтараки гулпарӣ ҳикоят кунам.
Нигина бо камоли рағбат розӣ шуд. Барояш фурсате лозим буд, то амалиёти минбаъдаро тарҳрезӣ намояд. Зеро валиаҳди ҷавон ё аз ҳушмандӣ, ё аз нодонӣ сирри ниҳони давлатдориро фош карду агар суханҳояш дуруст бошад, Хоразмшоҳ ҳоли табоҳ дорад ва, мутаносибан, рӯзгори Нигина куллан тағйир меёбад. Эҳтимол аст, ки агар Узлоғшоҳ ба шарафи даҳанбӯсӣ мушарраф гардад, кабутари ҳарам суррияи55 валиаҳд мешаваду орзуи деринаи Турконхотун ҷомаи амал мепӯшад. Он гоҳ раққосаи кабкхиром бойбегими Ғӯрганҷ мешаваду давлатманду сарватманду ҳамнишини Махдумаи ҷаҳон! Ё ин ки ба таъбири Узлоғшоҳ «ишвафурӯши деҳотӣ» ба «ҳуснфурӯши шаҳрӣ» табдил меёбад. Аммо… оташи ишқи покаш нимкушта шуда, ҳаёташ беранг гашта, ҷӯшу хурӯшу набзи дили паровараш сокиту беназм мегардад, ҳама шодмонию хушию сафои ахтари тобони самои ҳунар завол меёбад, гулшукуфти боғи ҷавонияш ба хазон расида, бахткӯр мешавад. Ин даҳшат аст! Даҳшате аз шикасти Хоразмшоҳ даҳчанд бадтар!!
Албатта, Нигина ҳеҷ вақт ба ин роҳ намеравад. Зеро ҳеҷ намехоҳад, ки зару зевари фаровон дар бар, аммо дасти армон бар сар дар шаҳри мусофирӣ яккаву танҳо ва дастнигар бимонад! Он беҳ, ки чун ғарибе бар фарши сиёҳ нишаста, аз айшу роҳати базми подшоҳи нав ва зиёфатҳои онакалонаш бенасиб монад, аммо аз ёр ҷудою аз хоки диёр бенасиб намонад…
Азбаски лаҳзае пеш дилаш бархе ҷониби Узлоғшоҳ майл намуд, хост дар ойинаи дил ба ҷойи акси дилҷӯйи Мирмалик сурати нозебои валиаҳдро тасаввур кунад. Натавонист. Вале аз барқи нигоҳи Мирмалик чароғи дилаш равшан гашту илоҷи аз беномусӣ раҳо шуданро дарёфт: дар токчаи боло бахурдони чинӣ дид, ки ҳар шаб уду лодан ва сипанд месӯхтанд, то аз дудаш хона хушбӯй шавад. Бахурдонро диду маслиҳати Шакархонум ба хотираш расид ва нафаси сабук кашид. Барояш яқин гашт, ки Худованди меҳрубон гиреҳ аз кори баста кушода, чун барқи хотиф бо суръати баланд ба кабки саргардон мушкилкушо фиристодааст…
Узлоғшоҳ аз ин гапу ниятҳо бехабар бо шавқу завқ манзараҳои саробӯстонашро таърифу тавсиф намуда, оқибат ба сари мақсад омад:
– Дина як канизаки зебо барои рӯбучин ба саробӯстон омада буд. Манро дидан ҳамон сурху сафед шуду дар пеши поям афтод. Ман вайро ба по хезонда, дар канор гирифтаму рӯяшро бӯсида, ба хилватхона бурдам… Вақти гусел вай хандаомез мегирист ва шукр ба Худо мегуфт, ки шоҳзода маро бӯсиду бӯйиду…
– Эй ки ба айш ғарқаӣ ва дарду ғам надидаӣ, дунёи ошиқон аз афсонае, ки гуфтӣ, ҳазорон ҳазор ёд дорад: ин хел каломи дағал назди мо эътиборе нест, бидон! Муроду мақсади ту аз ин афсонаи фач чист? Ман канизак не, охир!
– Надимон низ аз баҳри хизматгориянд. Вале ту дигарӣ! Ту барои ман аниси беҳтарин, гавҳари якдона хоҳӣ монд!
– Гапат ҳақ, ман гавҳари якдона, аммо ту… гавҳари носуфта. Ҳайф ки бо дусад сӯҳон худро ҳамвор накардаӣ! Ту кӯтоҳқаду кӯтоҳдастӣ, ба шохи сарви баланд даст назан…
– Валиаҳде, ки пагоҳ ё фардо ба тахти подшоҳӣ мешинад, дасткӯтоҳ нест!
– То онакалонат барҳаёт аст, туву падарат дасти дароз надоред, алмудом дастнигаред! Ҳолиё модаркалонат лақаби туро ҷалил кардааст, аммо ту на ҷалилӣ ва на ҷамилӣ!
– Эй духтари беадаб, андоза нигаҳ дор! Аз ман чӣ бадӣ дидӣ, чӣ бад гуфтам, ки шунидӣ?
– Кори бадтарини ту он аст, ки дуздона ба манзили ман омадӣ!
– Дигар сабру қарорам намонд, эй гул! Войи ҷони ҷавони ман, ки аз ишқи ҷонгудози ту ба дод омадааст!
Якта шеър медонам, бароят мехонам:
Во фарёдо! Зи ишқ во фарёдо!!
Корам ба яке турфанигор афтодо…
Гар доди мани шикаста додо – додо,
В-ар на, ману теғ! Ҳар чӣ бодо – бодо!!
– Ошиқи беқарорро гапу кор аксар хато гардад…
– Бигзор хато шавад. Онакалонам насиҳат кард, ки агар кор ба хушӣ барнаояд, девонагие дар он бибояд. Агар бори дигар ба гапам хилоф орӣ ва гулӯи дилам фишорӣ, пеши саги нигаҳбонат гурба сар медиҳам. Чунки косаи сабрамро лабрез кардӣ. Хубаш, биё, ба шодӣ ғубор аз дилҳо барорем…
– Ман розӣ. Аммо ту бигӯ, ки ғаму ғубор аз дили ман чӣ сон берун меорӣ?
Узлоғшоҳ ба кафи Нигина як киса зари холис ниҳоду бо табассуми фарох гуфт:
– Ин маблағ барои мушку анбару атриёти моҳонаи ту. Ҳар рӯз хелбахел атласу дебо мефиристам, то пироҳани зебо доимо тани барно оро диҳад. Гайр аз ин бароят иқди Башош ҳадя овардам.
– Чӣ хел иқд?!
– Гарданбанде, ки ҳафт пора лаъли Бадахшон ба ҳафт ранг дар ресмони заррин кашида шудааст!
– Ба молу чизи дунё ниёз надорам. Агар ҳадяҳои туро нагирам, маро чӣ мефармоӣ?
– Онаҷонам гуфт, ки то Нигина аз ту хушнуд нагардад, берун нарав. Аввал зорӣ куну дилаш ба каф овар. Дидӣ, ки нашуд, зар бидеҳу болои сабилаш нақора бизан. Агар розӣ нашавад, зӯрӣ кор фармо…
– Бигӯ, ки бо зӯрӣ чӣ хоҳӣ кардан?
– Чун бикунам, он гоҳ бигӯям.
– Он гоҳ дер мешавад. Фаромӯш накун, ки зӯри беҳуда миён мешиканад ва хашму шаҳват мардро аҳвал мекунад.
– «Аҳвал» чӣ маънӣ дорад?
– Каҷбин. Яъне шаҳди ишқ ҳар ноқиббасиратро насиб намегардад! Бо нохуни пой сар нахору тӯҳфаҳоятро гиру рав ва дигарбора маро заҳмат надеҳ…
– Эй каҷкӯлоҳи кажзабон, чанд зарбате задӣ, акнун зарбате нӯш кун!
Ҳеҷ куҷо намеравам, то ба ман сар фуруд наорӣ! Агар ба нағзӣ нахоҳӣ, дар рехтани хуни нофат ба бераҳмӣ ҷадал мекунам!
Таҳдиди баръалоро шунида, Нигина бо изтироби тамом аз ҷой хест, то шӯри ғайрат аз дили Узлоғшоҳ дур афканад ва худро аз мазаррату расвоӣ берун кашад. Сохтакорона хандид ва бо оҳанги таҳсин гуфт:
– Шуд, эй валиаҳди меҳрубон! Шумо аз имтиҳони муҳаббат бо сари баланд гузаштед. Санҷидаму озмудаму бовар кардам, ки ишқи шумо ҳақиқӣ ва комил аст. Ман таслим! – кадбону ду даст боло бардошта, аммо ба Узлоғшоҳи даҳоняла имкони ҷунбиш надоду меҳмоннавозӣ то шифти хона боло бардошт. – Акнун ин ишқсаро пурра дар ихтиёри шумо. Ман бисоти ишқбозӣ фароҳам меорам, то нишоти сарфарозӣ табъи дилатон бошад.
Нигина бо чолокии хайратовар бахурдон аз ток гирифту бо нозу айёрӣ ва димоғи хуш гуфт:
– Иқдоми аввали ишқбозон муаттар ва хушбӯй гардондани хилваткада аст. Чӣ мефармоед-уд бисӯзам ё мушку анбар?
– Ё ҳар се! – бо завқ хитобид Узлоғшоҳ. – Ҳар чизи хушбӯй, ки дорӣ, бисӯзон ва димоғи ман муаттар гардон!
Нигина, ки маътали ин нидо буд, хокаи мушку анбарро андак-андак дар бахурдон ба ҳам омехту аз токчаи дигар духна бароварда, ним каф ба рӯйи бахурдон пошид ва оташсанг ба Узлоғшоҳ дароз карду дари паҳлӯиро нишон дода, бо нозу адои ширин гуфт:
– Агар малоли хотир набошад, шумо оташ гиронеду омода шавед, ман ба гармоба дарояму либос иваз кунам ва покиза ба оғӯшатон дароям…
Узлоғшоҳ бо мамнуният оташсанг болои бахурдон бурда, шарор парронд. Нигина зуд ба гармоба даромад ва баъди чанд дақиқа берун омад. Хона хушбӯй буду дуди бахурдон адо, аммо ошиқи ҷигаркабоб масти хоб – на маҷоли ҳаракат дошту не кӯшиши нишот…
Духна кори худро карда буд: аз дуди муаттар, аммо хобовари зудтаъсир ва заҳромези ин рустанӣ, ки пили дамонро аз пой меафтонд, касе нафас кашад, филҳол мехобиду тираақл мешуд ва ин ҳолатро табибон духнатуннавм мегуфтанд. Узлоғшоҳ, ки инро намедонист, баҳузур димоғ муаттар гардонда, акнун баланд хуррок мекашид ва то рӯзи дигар бедор шудану ба ҳолати аввала омадани ақлаш багумон буд…
* * *
Узлоғшоҳ чун аз хоби гарон чашм кушод, худро бараҳна хуфта дар оғӯши сарди кампираки пичасафеди пажмурда ва бадбӯе диду дуди бахурдон аз димоғаш баромад. Дасти аҷуза дар гардани шоҳзода ҳалқа буду чалаи Турконхотунро ба ангушти чиркинаш хаста ва гӯшвори қадимаро ба гӯши қарқин овехтаю беист фиш-фиш садо бароварда, пишаквор мехобид.
Ҷавони саргарон ҳарчанд кӯшид, ҳеҷ ба хотир оварда натавонист, ки кай ва бо кадом роҳ ба ин кулбаи вайрона омадаасту чаро бо аҷузкампири дилнокаш ҳамхоба шудааст?! Аз ҳама аламовараш он буд, ки ҳарчанд кофт, сару либосашро наёфт. Ночор худро ба карбоспораи ифлоси нимдаридае печонда, бо азоби алим аз дарвоза ба кӯча баромаду рангпаридаю ҳаросон ба чапу рост нигарист ва надонист, ки дар кадом маҳаллаи шаҳр қарор дорад. Хавотиромез бо тамоми қувват фарёд кашид:
– Эй мардум! Мадад кунед! Маро ба пеши онаҷонам баред!!!
Одамони зиёде сӯйи овоз давиданду аҳволашро дида, бо тамасхур хандиданд ва ба ҳар лафз «кампирак шӯйи нимдевона ёфтааст» гуфтанд. Онҳо медонистанд, ки бошандаи ин кулба дар ҷавонӣ раққоса буду дар миёнсолӣ дар ба дари мардум гашта, чизҳои наву кӯҳна фурӯхта, даллагӣ мекарду худаш ҳам сабукпо буд. Аммо кӣ будани ҷавони аблаҳбашара, девонасимо ва танурёну дидагирёнро ҳеҷ кас намедонист…
Кӣ будани ҷавони шарманда, чӣ сон бо кампири фартут ҳамоғӯш шудани ӯ, дар куҷо будани сарулибоси вай ва дигар ҷузъиёти ин қиссаро фақат Нигинаю Шакархонум медонистанд, ки аллакай дар Шамохақалъа буданд. Онҳо баъди «ҷобаҷо» кардани Узлоғшоҳ бо мадади чор язак56 субҳи барвақт кӯч бардошта, аз Ғӯрганҷи пурбим фирор карда буданд ва дар ин макони бехатар, ки нишемангоҳи Шайх Наҷмиддини Кубро буд, дастури Шоҳзода Ҷалолиддинро интизорӣ мекашиданд…
Равзанаи ҳафтум. Исботи зарбулмасали «Нек аст ҳар он бад, ки ба бедодгар ояд»
Ҳангоми ғуруби офтоб ба дарвозаи ғарбии Самарқанд гурӯҳи калони ҳоҷиёни аз зиёрат баргашта наздик расиданд, ки бо тарзи либоспӯшии хос аз дигар ояндаю равандаҳо фарқ мекарданд. Бо амри сорбон ҳама аз аспу уштуру хачир поён фуромада, марду занҳо алоҳида-алоҳида саф оростанд. Дарвозабон ба адои вазифа шурӯъ намуду номи касеро аз рӯйхат хонад, он ҳоҷӣ асп ё уштури худро кашола карда, ба шаҳр медаромад.
Ин тартиби нав сабаб дошт: бо дастури ҳоҷиб57 ҳоҷиёнро дар ду тарафи дарвоза ду гурӯҳи махсус «истиқбол» мегирифтанд. Аз чап чор марду зани хушлибоси самарқандӣ тибқи таомули урфӣ «Зиёрат қабул!» гӯён, ҷавобан «Мурод ҳосил!» мешуниданду оби Зам-зам ё тасбеҳи табаррук ба даст меоварданд. Аммо дар тарафи рости дарвоза чор сипоҳии саропо мусаллаҳи турксимо хомӯш истода, ҳар дарояндаро бодиққат назорат мекарданду махсусан ба занҳо чорчашма менигаристанд.