
Полная версия
Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ
Кумитаи ҳифзи муҳити зист назоратро оид ба риояи меъёрҳо ва қонунҳо вобаста ба об амалӣ мекунад иҷозат барои истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда медиҳад.
Агентии обуҳавошиносии Кумита мониторинги сифат ва миқдори обҳои рӯизаминиро мегузаронад.
Саридораи геология (Тоҷикгеология) хулосаҳоро барои об дар манбаҳои обҳои зеризаминӣ медиҳад ва мониторинги обҳои зеризаминиро мегузаронад. Хадамоти назорати санитарӣ – эпидемиологии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мониторинги оби нушокӣ ва обҳои шиновариро мебарад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои паст фаровардани хавфи офатҳои фавқулодда, аз ҷумла обхезӣ ҷавобгар аст.
КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои идоракунии шабакаҳои оби ошомиданӣ ва канализатсионӣ дар шаҳрҳо ва деҳот ҷавобгар аст, вале шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионии шаҳрҳои калон ба монанди Душанбе, Хуҷанд, Норак, Роғун, Файзобод дар тобеи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Дарси КМРО. Таҳлили натиҷаҳои мониторинг
Ҳавои тоза барои нигоҳ доштани саломатӣ ва зиндагии боҳаловат зарур аст. Сифати ҳаво ба муҳит таъсир мерасонад. Фаъолияти нақлиёт, энергетика ва саноат бисёр вақт сабаби партовҳои моддаҳои заҳрнок ва ифлоскунандаҳои ҳаво мегардад. Дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво саломатии аҳолӣ, кишоварзӣ ва табиат метавонанд зарар бинанд.
Манбаҳои асосии доимии партовҳо ва ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон корхонаҳои металлургӣ ва сементбарорӣ, инчунин марказҳои обугармидиҳии бо ангишт коркунанда ба ҳисоб мераванд. Тағйиротҳо дар сохтори саноат барои камшавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда мусоидат намуданд.


11. Таъмини иттилоотии системаҳои мониторинги экологӣ
11.1. Мавқеъи таъминоти информатсионӣ дар системаи мониторинги экологӣ
Вазифаи муҳимтарини системаи ягонаи мониторинги экологӣ ин на танҳо ба даст овардани иттилоот, балки нигаҳдории оқилонаи он, коркард ва пешниҳоди он мебошад. Муаммои таъминоти иттилоот барои ҳалли масъалаҳои экологӣ бисёр актуалӣ мебошад.
Ҳамаи маълумотҳо бояд бояд дуруст нигаҳ дошта шаванд, инчунин бояд систематизатсияи маълумотҳо вобаста ба ҳалли масъала имконпазир бошад. Дар давраи коркард ва таҳлили маълумотҳо пайваст кардани маълумотҳои гуногун бо ҳамдигар бояд имконпазир бошад.
Вазифаҳои системаи мониторинги экологӣ
Назорати фаврии ҳолати муҳити атроф;
Хулосабарорӣ дар асоси маълумотҳо;
Маълум кардани манбаҳои ифлосшавии муҳит;
Омода кардани маълумот барои қабули қарорҳо;
Моделиронӣ ва пешгӯӣ намудани вазъияти экологӣ;
Системаи иттилоотии ҷуғрофӣ – ин системаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил ва ба таври графикӣ визуализатсияи маълумотҳои фазоӣ ва иттилооти алоқаманд дар бораи объектҳои зарурӣ мебошад.

Расми 11.1. Намуди маълумотҳо дар системаи ГИС
Бо истифода аз нуқтаҳои сайёр ва доимӣ, арзёбии комплексии муҳити атроф гузаронида мешавад, бо назардошти таъсироти якчанд омилҳои манфии гуногун. Системаи иттилооти маълумотҳоро дар намуди электронӣ ва чопӣ пешниҳод карда метавонад (натиҷаи ченкуниҳо ва ғ.). Ҳамин тавр, системаи мониторинги экологӣ бояд имконияти васеъ дошта бошад.
Дарси амалӣ ва КМРО
Шиносӣ бо сомонаи интернетӣ. Оид ба индекси сифати ҳаво.

Расми 11.2. Маълумоти онлайн оид ба сифати ҳаво

Расми 11.3. Шкалаи индекси сифати ҳаво
12. Экспертизаи экологӣ, аудит
12.1. Экспертизаи экологӣ
Ба системаи ҳифзи муҳити зист ва идоракунии истифодабарии табиат як қатор воситаҳои махсус ва фишангҳо дохил мешаванд, ки дар усули ҳифзи ҳуқуқӣ ва танзим, менеҷменти экологӣ ва маркетинг асос меёбанд. Ба ин дахл доранд: экспертиза, аудит сертификатсия, ки мунтазам такмил дода мешаванд, ва якдигарро пурра мегардонанд.
Экспертизаи экологӣ кафили фаъолияти механизми ҳифзи муҳити зисти табиӣ мебошад.
Принсипи асосноккунӣ ва қонуни хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ ду самти онро инъикос менамояд – илмӣ ва маъмурию-ҳуқуқӣ. Экспертиза аз худ раванди илмӣ-тадқиқотиро ифода менамояд, яъне он бояд дар сатҳи муосири илмӣ – техникӣ, бо истифода аз шаклҳо ва усулҳои тадқиқотҳои илмии навтарин, бо ҷалби олимон-экспертони баландихтисос гузаронида шавад.
Натиҷаи кор бояд на танҳо дарёфти камбудиҳо вобаста ба меъёрҳои экологӣ бошад, инчунин арзёбии илмӣ асоснокшудаи оқибати онҳо, тавсияҳо ба мақомотҳое, ки қарорҳоеро вобаста ба бартарафгардонӣ қабул мекунанд.
Маълумот оид ба рафти гузаронидани экспертиза, қарорҳои қабулшуда ва ба назар гирифтани онҳо аз тарафи мақомотҳои идоракнуӣ ҳангоми амалигарддонии объекти экспертизашаванда барои ҳамаи аҳолӣ дастрас бошад.
Яке аз самтҳои фаъолияти мақомотҳои соҳаи ҳифзи табиат, кумитаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ин экспертизаи экологӣ мебошад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи экспертизаи экологӣ” экспертизаи экологӣ – ин муқаррар намудани мутобиқат ё номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ.
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ инҳоянд:
– хатари эҳтимолии экологӣ доштани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият;
– ҳатмӣ будани гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;
– дар маҷмӯъ арзёбии таъсиррасонии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист;
– ҳатмӣ будани баҳисобгирии амнияти экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертиза;
– боэътимодӣ ва пуррагии маълумот, ки барои экспертизаи экологӣ пешниҳод карда мешавад;
– мустақилияти экспертҳои экспертизаи экологӣ;
– аз ҷиҳати илмӣ асоснок, холисона ва қонунӣ будани хулосаи экспертӣ;
– ошкорбаёнӣ, иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷомеа;
– масъулияти иштирокчиёни экспертизаи экологӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологӣ.
Мақсад ва вазифаҳои экспертизаи экологӣ
1. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:
– пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири татбиқи объектҳои экспертиза ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла бартарафкунии зарари онҳо зимни фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба татбиқи объектҳои экспертиза;
– таъмини пешгӯиҳои экологӣ дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва тағйироти имконпазири вазъи экологӣ дар натиҷаи ҷойгиронӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист ва амнияти экологӣ таъсири манфӣ намерасонанд.
2. Вазифаҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:
– арзёбии самарабахшӣ, асоснокӣ ва кофӣ будани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертиза;
– арзёбии дурустии дараҷаи хавфу хатари экологии фаъолияти пешбинишаванда, ки аз тарафи фармоишгар ва ё таҳиягари лоиҳа муайян карда шудааст;
– арзёбии мутобиқати объекти экспертизаи ба истифода додашаванда дар марҳилаи қабули қарор оид ба истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои экологӣ;
– ташкили таҳлил ва арзёбии ҳамаҷонибаю холисонаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки объектҳои экспертиза;
– таҳлил ва арзёбии таъсири эҳтимолии аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои экспертиза ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист, инчунин оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии он;
– тайёр намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки экспертизаи экологӣ, сари вақт ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки оид ба татбиқи объекти экспертиза қарор қабул менамояд, пешниҳод намудани онҳо, хабардор намудани шахсони манфиатдор, ҷомеа ва шаҳрвандон.
Намудҳои экспертизаи экологӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи ҷамъиятии экологӣ гузаронида мешаванд.
Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ – ҳуҷҷате, ки аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатии экологӣ таҳия шуда, дорои хулосаҳо дар бораи таъсири ин ё он фаъолият ба муҳити зист мебошад.
11.2. Экспертизаи давлатии экологӣ
Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ.
Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз инҳо иборатанд:
– экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ (комиссияҳои экспертӣ);
– фармоишгарон;
– таҳиягарони ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо.
Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ намояндаи фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин намояндаи шахси воқеӣ ва ташкилоте буда наметавонад, ки бо фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дорад.
Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ
Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зерин оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият иборат мебошанд, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири манфӣ расонанд:
– лоиҳаҳои барномаҳо ва нақшаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, консепсияҳои соҳавӣ, пешгӯиҳо, ки татбиқи онҳо ба истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманданд ва (ё) метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд;
– лоиҳаҳои шаҳрсозӣ;
– лоиҳаҳои меъморӣ ва сохтмонӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;
– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ, ки дар онҳо талабот оид ба ҳифзи муҳити зист ва (ё) истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ нисбати маҳсулот ва раванди таҳияи он, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва истифодаи партовҳо ё хизматрасонӣ муқаррар мегарданд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон намудҳои дигари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаранд, муқаррар карда мешаванд.
Тартиби гузарондани экспертизаи давлатии экологӣ
1. Экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳо гузаронида мешавад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳои алоҳида ва комиссияҳои экспертӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси аризаи фармоишгар бо замимаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаранд, маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки таркиб ва мундариҷаашонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, гузаронида мешавад.
11.3. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
Объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
Ҳама объектҳои дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинигардида метавонанд объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бошанд, ба истиснои ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатианд ва ё дастрасӣ ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардидааст.
Субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
Субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ инҳоянд:
– шаҳрвандон ва дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дахл мекунад ва инчунин ҳуқуқи таъини гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологиро доранд;
– ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки соҳаи асосии фаъолияташон тибқи оинномаи онҳо ҳифзи муҳити зист мебошад;
– экспертҳо ва ё комиссияҳои экспертӣ, ки барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ аз тарафи ташкилкунандагони он ҷалб карда мешаванд;
– фармоишгарон ё таҳиягарони ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо;
– мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
Тартиби гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ӯҳдадоранд аҳолиро аз фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар ҳудуди тобеи худ тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар усулҳои дастрас сари вақт хабардор намоянд.
2. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пеш аз экспертизаи давлатии экологӣ ё бо он якҷоя гузаронида мешавад.
3. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бо шарти ба қайд гирифтани аризаи ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ оид ба гузаронидани он аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад. Талабот оид ба шакл ва мундариҷаи ариза барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аризаро бояд дар рӯзи ворид шуданаш ба қайд гиранд. Ариза дар ҳолатҳои зерин ба қайд гирифта намешавад:
– дар оинномаи ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии мазкур дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешбинӣ нашуда бошад;
– экспертизаи ҷамъиятии экологӣ нисбат ба объекти экспертиза пештар гузаронида шуда бошад;
– дигар асосҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
Маблағгузории экспертизаи давлатии экологӣ.
Экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла ҳангоми такроран ва иловатан гузаронидани он аз ҳисоби фармоишгар маблағгузорӣ карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.
Маблағгузории экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:
– маблағи худии ташкилкунандагони экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;
– ҳаққи узвияти ихтиёрии шаҳрвандон ва ташкилотҳо;
– дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
12.4. Аудити экологӣ
Аудити экологӣ – таҳлили мутобиқати фаъолият ва ҳисоботи субъекти ҳоҷагидорӣ ба қонунгузории амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, дастурӣ ва танзимкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ.
Дарси амалӣ
ТАРТИБИ гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ
1. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ
1. Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси аризаи фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо бо замимаи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби мутахассисони ваколатдори мақомоти экспертии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 2. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигари ба нақшагирифташуда ба
шумор мераванд.
3. Ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дохил мешаванд:
– лоиҳаҳои шаҳрсозии тарҳи умумӣ, махсус ва ҷузъӣ, лоиҳаҳои меъмории иморатсозии маҳал;
– асосноккунии маблаҷгузориҳо дар сохтмон, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (меъморӣ, лоиҳаҳои сохтмонӣ ва ҷайраҳо) барои сохтмон, таҷдид, васеъкунӣ, азнавсозии техникӣ, такмил, таҷйирдиҳии самти истеҳсолот, барҳамдиҳии объект ва маҷмааҳо новобаста аз шакли моликият ва идоравӣ;
– лоиҳаҳои нақшаи комплексии ҳудудии истифодабарии захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист;
– лоиҳаҳои ҳудудҳои ҳифзи об ва хати наздисоҳилии объектҳои обӣ.
4. Ба дигар ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд:
– лоиҳаҳои консепсия, пешгўӣ, барнома ва нақшаи рушди соҳавӣ, ки татбиқи онҳо ба истифодаи сарватҳои табиӣ вобаста аст ва ё метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд;
– лоиҳаҳои пешбурди хоҷагиҳои шикорӣ;
– лоиҳаҳои бунёди ҷангалзор;
– лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии техникию меъёрӣ, ки дар онҳо талабот дар бахши ҳифзи муҳити зист ва (ё) истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба маҳсулот, раванди коркард, истеҳсолот, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, амалисозии безараргардонии онҳо ва ё хизматрасонӣ муқаррар карда шудааст;
5. Объекти экспертизаи давлатии экологӣ метавонад дигар лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳое бошанд, ки татбиқи онҳо ба муҳити зист таъсир мерасонанд,.
6. Ҳангоми дохилшавии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ бо замимаи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти лоиҳаи кории ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дар муддати то 5 рўз бақайдгирии он дар сохтори экспертӣ амалӣ карда шуда, таркиби ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ки бояд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти экспертизаи давлатии экологӣ мувофиқат кунанд, омўхта мешавад.
7. Дар ҳолати дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани маводи экспертизашаванда ин ҳуҷҷатҳо дар муддати 5 рўзи баъди бақайдгирӣ ба ташкилоти лоиҳакашӣ ё фармоишгар барои пурра намудан баргардонида мешаванд.
8. Мўҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз рўи дараҷаи мураккабии ҳуҷҷати пешниҳодгардида то 30 рўзро ташкил медиҳад. Дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда ва ё таъсири байнисарҳадӣ доштани он мўҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ то 90 рўз тамдид карда мешавад.
9. Барои гузаронидани экспертизаи объектҳо ва намудҳои фаъолияти дараҷаи таъсиррасониашон баланд ва ё таъсири байнисарҳадӣ дошта аз ҷониби мақомоти экспертии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони Экспертизаи давлатии экологӣ, мутахассисони шўъбаҳои дахлдори Кумита, олимону мутахассисони соҳаҳои дахлдор комиссияи экспертӣ таъсис дода мешавад.
10. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо баҳо дода мешавад:
– мутобиқати фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятҳо ба барнома, нақша, тарҳи комплексии ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, тарҳи ҷойгиронии самараноки худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тарҳи рушди соҳавӣ, тарҳи гармитаъминкунӣ, обтаъминкунӣ ва шабакаи корезӣ, лоиҳаҳои шаҳрсозии тарҳи умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳангоми мавҷуд будани онҳо, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд;
– асосноккунӣ ва аз назари экологӣ бехатар будани татбиқи фаъолияти пешбинишуда, ҳамчунин тарзи татбиқи онҳо, чорабиниҳои пешниҳодшудаи техникӣ, муҳандисӣ ва меъморию нақшавӣ, ки истифодаи самараноки мавод, ашёи хом, захираҳои замин ва сўзишворию энергетикиро
ба назар мегирад;
– пурагии омилҳои ошкоргардида оид ба таъсир ба компонентҳои муҳити зист ва дараҷаи аз назари экологӣ хатарноки онҳо, миқёси комплексии таъсири эҳтимолии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо ба муҳити зист;
– кифоя будани чорабиниҳои пешбинишуда барои таъмини талаботи қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист, огоҳкунӣ аз эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои садамавӣ ва рафъи оқибатҳои он; – дар асоси талаботи қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист мавҷудияти розигии мақомоти салоҳиятдори ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои вилоятии он тибқи салоҳияташон оид ба объектҳое, ки дар сарҳади ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир карда мешаванд;
– мавҷудияти чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии экологӣ ҳангоми татбиқи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятҳои ба нақшагирифташуда дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
– дараҷаи хатарнокии экологии партовҳои истеҳсолии ҳосилшаванда ва мавҷудияти чорабиниҳо оид ба безараргардонии онҳо дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
– ба инобат гирифтани афкори ҷомеа оид ба татбиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, аз ҷумла лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ва ё лоиҳаҳое, ки таҷдид (зичгардонӣ)-и маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои хатарноки истеҳсолӣ ва ҷайраро пешбинӣ менамояд, ки қонунгузорӣ баҳисобгирии афкори ҷомеаро
талаб менамояд; – мутобиқати андозаи хати муҳофизатию санитарӣ ба талаботи муқарраргардида ва дар ҳолати кам кардани он тибқи талаботи қонунгузорӣ мавҷуд будани асосноккунӣ ва розигии (хулосаи) мақомоти назорати санитарӣ;
– мавҷуд будани маълумот оид ба натиҷаи арзёбии дараҷаи ифлосшавии хок, обҳои зеризаминӣ ва рўизаминӣ аз маҳсулоти нафтӣ, ҳамчунин чорабиниҳо оид ба бартарафкунии ин ифлосиҳо дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба таҷдид ва (ё) барҳам додани объектҳои нигоҳдорӣ ва
фурўши маҳсулоти нафтӣ (аз ҷумла ҳама намудҳои нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ);
– мутобиқати қарори лоиҳавӣ ба регламенти шаҳрсозӣ барои ҳудуди интихобшуда (зичии иморатҳо, кабудизоркунӣ, аз ҷумла мавҷудияти боҷхои сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, зиччии фонди аҳолӣ, таъминоти объектҳо ба ҷои нигоҳдории автомобилҳо);
– асосноккунии дар лоиҳа воридкунии объектҳои алоҳида (таваққуфгоҳ барои нигоҳдории техникаҳо, дегхонаи буҷӣ, анборҳо, биноҳои маъмурӣ-маишӣ ва дигар биноҳо), ҳамчунин асоснокии андозаи бино ва иншоотҳои ёрирасони ба таркиби лоиҳа варидшаванда, оид ба объектҳои таъиноти ҳифзи муҳити зист, ки маблаҷгузориашон аз фонди ҳифзи табиат (партовгоҳҳои партовҳои маишӣ ва (ё) партовҳои истеҳсолӣ, иншооти обтозакунии шаҳрӣ, иншооти обгирӣ ва ҷайраҳо) амалӣ карда мешавад;
– мутобиқати объект ба истифодаи мақсадноки замин, мавҷудияти онҳо дар номгўи объектҳои барои дар минтақаи функсионалии баррасишаванда ҷойгиршаванда тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз он ҷумла санадҳои техникии меъёрию ҳуқуқӣ дар бахши сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, барои шаҳри Душанбе тибқи регламенти нақшаи генералӣ;
– мавҷудияти объектҳо барои ҷойгиронии муваққатии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ;
– мавҷудияти системаи корезии боришот бо иншооти тозакунӣ барои объектҳои истеҳсолӣ;
– истифодаи об аз манбаъҳои объектҳои обии рўизаминӣ, обҳои боришотӣ ва оби барф;
– мавҷудияти чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои об (истифодаи системаи баргардандаи обтаъминкунӣ);
– мавҷудияти система ва иншооти обтозакунии босамари корезӣ, хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ;
– ҷой надоштани равонакунии обҳои партов бо истифода аз релефи маҳал;
– дар лоиҳа мавҷуд будани чорабиниҳое, ки пешгирии таъсири номатлубро ба объектҳои олами ҳайвонот ва (ё) муҳити зисти онҳо таъмин менамояд (сохтмони иншоот барои гузаштани ҳайвоноти ваҳшӣ ба воситаи шабакаи нақлиётӣ, дарҷот ва дигар монеъаҳо дар роҳи муҳоҷирати онҳо, зоопарваришгоҳҳо ва дигар объектҳо барои парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҷайраҳо);
– мавҷудияти чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера;
– мавҷудияти чорабиниҳое, ки тибқи тавсияҳои асосноккунии гидроэкологии ҷойгиронии объект иҷро гардидааст;
– мавҷудияти чорабиниҳо оид ба муомилот бо партовҳое, ки такроран истифода мешаванд.
11. Аз рўи натиҷаҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби мутахассиси масъули салоҳиятдор лоиҳаи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ тартиб дода мешавад, бо назардошти:
– хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ (дар сурати мавҷуд будани
он);
– маводи мувофиқашудаи ҳисоботи тарафи фарогир оид ба арзёбии объектҳое, ки метавонанд таъсири байнисарҳадӣ ба муҳити зист дошта бошанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани чунин арзёбӣ талаб карда мешавад;
– пешниҳодҳои хаттии омода намудаи экспертҳои ҷайриштатӣ (барои объектҳои дараҷаи таъсирашон баланд ва таъсири байнисарҳадӣ дошта).
12. Мундариҷаи хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ инҳоро бояд дарбар гирад:
– оид ба мувофиқати фаъолияти пешбинишуда ба талаботи экологӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зист муқаррар карда шудаанд;
– оид ба имконпазирии таъсири пешбинишуда ба муҳити зист;
– оид ба имконпазирии татбиқи объекти экспертиза.
13. Хулосаи манфии экспертизаи давлатии экологӣ метавонад ду намуди натиҷа дошта бошад:
– оид ба зарурияти такмили ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз рўи мулоҳиза ва пешниҳодҳое, ки дар хулосаи экспертизаи экологӣ қайд гардидаанд;
– оид ба имконнопазирии татбиқи объекти экспертиза бо назардошти таъмин нашудани талаботи бехатарии экологии фаъолияти ба нақшагирифташаванда.
14. Ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ мулоҳизаҳои махсуси эксперти экспертизаи давлатии экологӣ замима карда мешавад (дар сурати мавҷуд будани мулоҳизаҳои махсус).
15. Хулосаи экспертизаи давлатии экологиро эксперти экспертизаи давлатии экологӣ (ҳангоми баргардонидани маводи экспертизашаванда тибқи банди 7 боби 1 Тартиби мазкур ҳамаи аъзоёни комиссияи экспертӣ) имзо мегузорад ва онро роҳбари мақоми ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ тасдиқ менамояд.
16. Экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла ҳангоми такроран ва ё иловатан гузаронидани он аз ҳисоби фармоишгар маблаҷгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми маблаҷи гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши низоми иҷозатдиҳӣ муайян менамояд.