
Полная версия
Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ
Дар Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 ҳалли масъалаи муносибат бо партовҳои хатарноки радиоактивӣ пешниҳод гардидааст. Ба солимгардонии партовҳои маҳфузгоҳҳои калонтарини воқеъ дар шаҳри Истиқлол (Табошар) ва Деҳмой, ки дар наздикии шаҳри Хуҷанд воқеъанд нуфузи бештар додашудааст. Бо ҷалбӣ маблағҳои кӯмаки беруна, аз ҷумла бо дастгирии молиявии Россия ва Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи коҳиш додани амалисозии партовҳои хатарноки радиоактивӣ, амалӣ мегардад.
Партовҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пеститсидҳои мӯҳлати истифодаашон гузашта, дар шимол и кишвар (Конибодом) ва дар ҷануб (Вахш) ба ҳолати нисбатан бехатар гузаронида шуданд. Бо ҷонибдории Фонди глобалии экологӣ, дигар фондҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳо нақшаи дар оянда коҳиш додани таъсири ин партовҳо ва нобудсозии моддаҳои устуворӣ органикӣ тартиб дода шуда истодааст. Муассисаи давлатии Маркази миллии иҷрои конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хатари заҳрхимикатҳо ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миллии иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи Стокголми Созмони Милали Муттаҳид оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» таъмин намуда, дар ин самт корҳои заруриро анҷом ва лоиҳаҳои марбутаро амалӣ гардонида истодааст.
Бо дастгирӣ ва иштироки шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Фонди Швейсарии «Салиби сабз», Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии рушд, ҷиҳати таъмини амнияти экологии аҳолӣ чораҳои судманд амалӣ гардида истодааст.
Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд атрофии партовгоҳи заҳрхимикатҳои шаҳри Конибодом, ки дар он пеститсидҳои кӯҳна гӯронида шудаанд, дар масоҳати 1 гектар маҳкам гардид. Чунин корҳои безараргардонӣ дар ҷануби кишвар, дар дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахши вилояти Хатлон анҷом дода шуда, масоҳати 6 гектар бо маҳкам карда шуд.
Дар деҳаи Яккатут (ноҳияи Ҷомӣ, вилояти Хатлон) барои тоза намудани атрофии маҳал, Аксияи Тозагии замин гузаронида шуд ва дар натиҷа 120 тонна пеститсидҳои кӯҳнашудаи бо замину хок олудагардида, тибқи стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ барои нигоҳдории муввақатӣ ба партовгоҳи ноҳияи Вахш интиқол дода шуданд. Барои беҳсозии шароити партовгоҳи мазкур он бо хати обёрӣ, системаи мушоҳидавӣ таъмин, батареяи офтобӣ насб ва бо шинонидани дарахтони гуногун, майдони кабудизор ташкил карда шуданд.
Афзоиши аҳолӣ ва истеъмол, рушди саноат, вусъатёбии сохтмони ва нақлиёт боиси ташаккули намудҳои гуногуни партовҳо гардидааст. Таи 10 солаҳои охир, дар самти ташакулёбии партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ ҳисоботҳои оморӣ бурда намешавад. Аз ин лиҳоз, маълумоти боэътимод дар ин самт мавҷуд нест. Аз рӯи баҳои мутахассисон, ҳар сол дар Тоҷикистон 1-2 миллион тонна партовҳои истеҳсолӣ ва исмтеъмолӣ ташаккул меёбанд. Дар корхонаҳои Саноатӣ ҳанӯз аз давраҳои иттиҳоди шӯравӣ 200 миллион партовҳи истеҳсолӣ ҷамъ гардидаанд. Масоҳати майдони заминҳое, ки зери анборкунонии ҳамаи намуди партовҳо қарор доранд 1100 гектарро ташкил медиҳад, ки асоси онро партовҳои саноати коркарди куҳӣ ташкид мекунад (то 300 гектар замин зери партовҳои сахти маишӣ қарор доранд).
Асоси ташакулёбии партовҳои саноатиро корхонаҳои металургӣ (сурма, алюминий, тилло, нуқра, сурб), комбинатҳои кимиёвӣ, нассоҷӣ ва озуқаворӣ ташкил медиҳанд. Муассисаҳо аз 5% то 50% партовҳои худро коркард менамоянд. Фаъолияти истеҳсолӣ ва партовҳои саноатӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ асосан дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд мавҷуданд. Дар ин ҷо (то соли 1990) аз ҳама зиёд то 1 миллион тонна маъдан дар як сол истеҳсол карда шудааст. Дар тули ним аср, дар 10 маҳфузгоҳҳо зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактивӣ ҷамъ гардидааст. Аз ҳама бештар ин партовҳо дар Дегмой бо ҷоришавии самти (Чкаловск) ва дар шафати шаҳри Истиқлол (Табошар) ғарам гардидаанд. Гард ва буғи ин объектҳои таҷҳизоти ҳимоявӣ надоштаи партовҳои хатарнок, метавонад ба масофаҳои дур интиқол ёбанд ва боиси таъсири номатлуб ба саломатии одамон ва ифлосшавии замин гарданд. Маҳфузгоҳҳо ва ғарамҳои партовҳои таҷҳизониданашуда, хатари рахнашавӣ ва селро ба вуҷуд меоранд. Инчунин ду даҳяки ғарамҳои маъдан бо радиактивҳои баланд таъсир пайдо гардидаанд. Баъди пошхӯрии иттиҳоди шуравӣ дар соли 1991 коркарди уран қатъ гардид ва аз ҳамин давра нигоҳдории маҳфузгоҳҳо масъалаи ҷиддиро ба миён овардааст. Дар ҳолати кунунӣ дар шимоли кишвар беҳдошти ҳолати объектҳои муҳимтар ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт идома дорад.
Дар даҳсолаи гузашта, дар деҳот тавассути истифодабарии кимиёдоруҳо безараргардонии замин аз малах, ҳашаротҳои пахта, дефолятсияи пахта ва дигарҳо бошиддат ҷараён гирифт. Партовҳои радиоактивӣ ва саноатии аз давраи Шуравӣ боқимонда, Табошар, Тоҷикистони Шимолӣ Дар давраи шуравӣ истифодабарии пеститсидҳо ба як гектар то ба 20-40 килограмм расид. Дар ҳолати имрӯза истифодабарии пеститсидҳо ба як гектар аз 10 то 100 маротиба кам гардидааст. Пеститсидҳо метавонанд дар хок ва обанборҳо солҳо ҷамъ ва худро нигоҳ доранд, ки боиси расонидани таъсири манфӣ ба саломатӣ ва системаҳои экологӣ гарданд.
Партовгоҳҳои пеститсидҳо ва химикатҳои куҳнашуда, партовҳои хатарноктарин буда, масъалаи муракабро ба миён меоранд. Миқдори онҳо 10-15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад (кодоме, ки қисми зиёди онҳоро Дуст (Дихлор -диффелин –Трихлорэтан ташкил мекунад) ва миқдори заминҳои ифлосгардида, аз ин зиёдтар мебошад. Ин намуди партовҳои хатарнок асосан дар ду партовгоҳӣ калонтарин- дар шафати деҳаҳои ноҳияи Вахш ва шаҳри Конибодом воқеъ мебошанд. Қаблан аҳолии маҳаллӣ реҷаи нигоҳдории пеститсидҳоро вайрон карда, онро мефурухтанд. Ҳолати партовгоҳҳои пеститситҳои аз истифода соқидгардида, дар давраи солҳои 2011 то2016 дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалии Фонди глобарии экологӣ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилотҳо беҳтар карда шуда, ба устувории бехатарии онҳо мусоидат намуд.
Ҳар сол дар шаҳри Душанбе 250-270 ҳазор тонна ва дар шаҳри Хуҷанд 50-60 ҳазор тонна партовҳо ташаккул ёфта, ба партовгоҳҳо кашонида мешаванд ва ҳаҷми партовҳо сол то сол зиёд мегарданд. Тибқи далелҳои пурсиш, ба 80% аҳолии шаҳрҳо ва 15% аҳолии деҳот, дар самти ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо хизмат расонида мешаванд, ки ба ҳисоби миёна қариб 40% аҳолии Тоҷикисионро дар бар мегирад.
Тадбирҳои андешидашаванда. Барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба партовҳо дар кишвар Қонун «Дар бораи партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ» қабул гардида, лоиҳаи Стратегияи миллии идоракунии партовҳо таҳия гардид ва ҳоло мавриди баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Барои амалигардонии стратегияи мазкур системаи оморӣ ва малағ зарур мешавад.
Муомилот бо партовҳои радиоактивиро Қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» танзим менамояд. Қонуни мазкур уҳдадориҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин қоидаҳои литсензиякунонии фаъолиятро вобаста ин намуди партовҳо муайян менамояд. Дар Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 масъалаи таваҷҷуҳӣ аввалиндараҷа додан ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои шаҳрҳои Истиклол и Деҳмой муайян гардидааст.
Соли 2016 Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел оид ба назорати аз сарҳадгузаронии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо шомил гардид. Конвенсияи мазкур, масъалаи ҳифзи интиқоли партовҳои хатарноки ба қайд гирифта нашударо баланд бардошта, ҷиҳати дастрасӣ ба маълумотҳо дар самти муомилот бо партовҳои хатарнок ва мавҷудияти иқтидор барои нобудсозии онҳо имконият медиҳад.
Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид лоиҳаҳоро дар самти беҳтар намудани ҷамъоварӣ, коркард ва нобудсозии партовҳои сахти маиширо дар шаҳрҳои калон аз ҷумла Душанбе ва Хуҷанд амалӣ намуда истодааст. Корхонаҳои ҳозиразамон ташкил гардида, барои ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо, инфрасохтори зарури таъмин дастрас карда шуданд ва аллакай дар ин самт беҳбудӣ ба назар мерасад. Маркази коркарди партовҳо – шишапора, қоғаз ва маҳсулоти нассоҷӣ шаҳри Хуҷанд буда, дар шаҳри Душанбе партовҳои пластикӣ қисман коркард карда мешаванд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист якҷоя ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» беҳтар намудани ҷамъоварӣ ва нобусозии партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолиро бо роҳҳои зерин дар назар доранд:
амалигардонии Стратегия миллӣ дар бораи муомилот бо партовҳо (баъди қабули Ҳукумат);
рушди системаи объектҳои ҳозиразамон барои ба навъҳо ҷудокунӣ,коркард ва нобудсозии партовҳо;
андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ дар самти беҳсозии коркард ва кам намудани партовҳои шаҳрҳо ва корхонаҳо.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист, бо ташкилотҳои байналмилалие, ки барои ҳисоботу ҷамъоварии пеститсидҳои аз истифода соқидгардида, таъмини бехатарии нигоҳдории онҳо дар партовгоҳҳои марказонидашуда ва ҷустуҷуи роҳҳои пурра нобудсозии ин партовҳо кӯмаки молиявӣ мерасонанд, ҳамкориро идома медиҳад.
Агентии омор дар ҳамкорӣ бо Кумита, ҷиҳати беҳтар намудани системаи ҷамъоварии маълумотҳо оид ба партовҳо ва васеъ намудани миқдори маълумотҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ пешниҳод мегарданд, кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.
Дарси амалӣ
Паспортикунонӣ ва сертификатсияи партовҳо
Яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ дар системаи идоракунии партовҳо ин шиносномаи партовҳои хатарнок мебошад – ин ҳуҷҷате, ки таалуқ доштани партовҳоро ба партовҳои намуд ва синфи мувофиқи хатарнокӣ, ки дорои маълумот оид ба таркиби онро дорад, муайян менамояд. Шиноснома барои ташкили бисёр равандҳо дар муомилот бо партовҳо зарур аст.
Маҷмӯъи партовҳо, ки хусусияти умумӣ дошта, ба системаи таснифоти партовҳо таалуқ доранд, мафҳуми – намуди партовҳо-ро муайян менамояд.
Таъсироти партовҳо ба муҳити атроф аз таркиби сифатӣ ва миқдории он вобастагӣ дорад. Партовҳо аз худ омехтаи моддаҳои аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хосияти физикавӣ-химиявии гуногундоштаро ифода менамоянд.

Расми 16.1. Тавсифи асосии партовҳои зараровар ва хатарнок
Хатарнокии партовҳо барои муҳити атроф аз хосияти онҳо, ки ба мигратсияи компонентҳо ба муҳити атроф мусоидат менамояд, вобастагӣ дорад.
Партовҳо бо миқдори зиёд дар соҳаҳои базавии саноат (хоҷагии қишлоқ, энергетика, металлургия, сохтмон, нақлиёт), ва ҳамчунин дар рӯзгор ҳосил мешавад. Масалан дар металлургияи ранга тақрибан аз 2 млрд тонна маъдан, ки истихроҷ мешавад, танҳо 1% он дар намуди маҳсулот барои коркард истифода мешавад.

Расми 16.2. Хосиятҳои асосии партов, ки хатарнокии экологии онро зиёд мегардонанд

Расми 16.3. Схемаи структуравии муомилот бо партовҳои истеҳсолот ва истеъмол
Дарси КМРО
Таснифоти партовҳо
Мавҷуд набудани системаи умуми қабулшудаи таснифоти партовҳои истеҳсолот ва истеъмол зарурияти истифодабарии якчанд принсипҳои ҷудокунии партовҳоро ба миён меорад (расми 16.4.)

Расми 16.4. Принсипҳои асосии ҷудокунии партовҳо
Ғайр аз ин, дар системаи муомилот бо партовҳо таснифоти партовҳо аз рӯи ҳолати агрегатӣ (сахт, моеъ, газмонанд ё чангугазӣ), истфода мешавад, ки барои боз ҳам пурратар муайян намудани партовҳоро имкон медиҳад. Ин барои интихоби тарз ва технологияи муомилот бо партовҳо зарур мебошад (утилизатсия, сӯззонидан, гӯронидан). Мувофиқи таснифоти овардашуда, ба маҳлулҳои обӣ ва шламҳо омехта (органикӣ ва ғайриорганикӣ), нейтралӣ, ишқорӣ ва икслотагӣ дахл дорад. Ба маҳлулҳои ғайриобӣ ва шламҳо дахл доранд: қатронҳои истифодашуда, равғанҳои гуногун, маҳлулҳои органикӣ (сӯзонидашаванда ва нашаванда).

Расми 16.5. Таснифоти партовҳо аз рӯи ҳолати агрегатӣ
Адабиётҳои истифодашуда
1. Акимова Т.А., Хаскин В.В. Экология.– М.:ЮНИТИ-ДАНА, 1999. – 455с.
2. Экология. Охрана природы, экологическая безопасность / Под ред. В.И. Данилова Данильяна. М. Изд-ва МНЭПУ, 1997;
3. Экология. Учебн. Пособие / Под ред С.А. Боголюбова. М.: Знание, 1997
4. Афанасьев Ю.А., ФокинС.А. Мониторинг и методы контроля окружающей среды. М.: МНЭПУ, 1998.
5. Мазур И.И., Молдаванов О.И., Шишов В. Н. Инженерная экология. М., Высш. шк., 1996.
6. Инженерная экология: Учебник / Под ред. Проф. В.Т. Медведева. – М.: Гардарики, 2002. – 687 м.: ил.
7. Медведев В.Т. и др. Методы и средства защиты от шума. М.. МЭИ, 1997.
8. Машкович В.П., Панченко А.М. Основы радиационной безопасности: Учеб. Пособие для вузов. М.: Энергоатомиздат, 1990.
9. Маргулис У.Я. Атомная энергия и радиационная безопасность. 2-е изд., перерад. и доп. М.: Энергоатомиздат, 1988
5. Цветков В.Я. Геоинформационные системы и технологии. М.: Финансы и стати-стика, 1998;
6. Вронскиӣ В.А. Прикладная экология.– Ростов на Дону: Феникс, 1996. – 422с.
7. Забиров Р.Г. Экология. Китоби дарсӣ барои донишҷўёни мактабҳои олӣ. .– Душан-бе. Эр-Граф. 2013.– 480 с.
8. Абдулвахобов А. Экология : учебное пособие . – Душанбе : ЭР-граф, 2003
9. Одум Ю. экология: пер. с англ., Т. 1-2.-М.: Мир, 1986. Т.1- 328с; Т.2 – 376с.
10. Промышленная экология. / Под ред. В.В. Денисова. – М.: Изд. Центр «Март» , 2009. – 720 с.
11.Розанов Б.Т. Основы учения об окружающеӣ среде. – М.: Изд-во МГУ , 1984. – 376с.
Сомонаҳои интернетӣ:
1. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ: www.tajnature.tj
2. Рӯзномаи экологӣ: http://environment.tj
3. Омори экологӣ ва нишондиҳандаҳои рушд: www.stat.tj
4. Маълумот мониторинги муҳити зист, обу ҳаво, об ва иқлим: http://meteo.tj
5. Качество воздуха в городах РТ: www.iqair.com/ru/tajikistan/

Комплекси таълимӣ-методӣ, аз фанни «Экологияи муҳандисӣ» барои ихтисоси ҳифзи муҳандиси муҳити зист. ДКМТ, Бўстон, 82 саҳ., 2021
© Ҳоҷибоев Далер, 2021