bannerbanner
Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ
Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣполная версия

Полная версия

Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля
На страницу:
4 из 9

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019 – 27.02.2009

ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ – 29.12.2010

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ – 01.08.2003

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МОНИТОРИНГИ МУҲИТИ ЗИСТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017 – 03.12.2012

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КОМПЛЕКСИИ РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

ДАР БОРАИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ – 18.07.2017

Дарси амалӣ (лабораторӣ) ва КМРО




Расми 6.1. Муайян намудани pH маҳлул

7. Муҳофизат аз таъсироти афканишоти электромагнитӣ


Афканишот – раванди афканиш ва паҳншавии энергия ба шакли мавҷ ва зарра. Аксар мавридҳо таҳти ин истилоҳ Афканишоти электромагнитӣ фаҳмида мешавад, ки дар навбати худ вобаста ба манбаъ ба Афканишотҳои гуногун тақсим мешавад. Физикаи классикӣ афканишотро чун афканиши мавҷҳои электромагнитӣ аз ҷониби барқа (зарядҳо)-и электрикии шитобёфта муоина мекунад.

Афканишоти намоён. Афканишоти намоён (рӯшноӣ) мавҷҳои электромагнитие мебошанд, ки чашми инсон мебинад ва онҳо дар фосилаи спектрҳои дарозии мавҷашон аз 380 нм (бунафш) то 780 нм (сурх) ҷойгиранд. Ҳангоми аз маншур (призма) гузаштани рӯшноӣ спектр пайдо мешавад, ки дар он афканишоти мавҷҳои дарозиашон гуногун таҳти кунҷҳои гуногун мешикананд. Дар натиҷа ҳафт ранги тирукамон: сурх, норинҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд ва бунафш ҳосил мешаванд.

Таъсироти майдонҳои электромагнитӣ ба объектҳои биологӣ

Манбаъҳои асосии ин намуди нурпошии ионизатсиянакунанда – майдонҳои электромагнитии аз хатҳои баландшиддати электрикӣ (ЛЭП), аз стансияҳои радиотелевизионӣ ва радиолокатсионӣ. Дар ҳудуди ИДМ дарозии умумии танҳо ЛЭП – 500 кв зиёда аз 20 000 км-ро ташкил медиҳад (ғайр аз ЛЭП – 150, 300, 750).

Майдонҳо ва нурпошии электромагнитӣ ба вайроншавии фнксияҳои физиологии одам ва ҳайвонот оварда мерасонад. Майдонҳои электромагнитӣ ба таркиби генетикӣ, мембранаҳои ҳуҷайравӣ, системаҳои ирсӣ ва ҳолати гормоналии инсон зарари калон мерасонад.


Ҳимоя аз майдонҳои электромагнитӣ ва мавҷҳои он.

Усули асосии ҳимояи аҳолӣ аз таъсири зарарноки майдонҳои электромагнитӣ, аз хаттҳои баландшиддати электрикӣ, санитарӣ – ҳимоягӣ бо васеъгии 15-55 м вобаста аз шиддати хатти электригузаронанда ва дигар чораҳо. Ин ҷудо намудани заминҳои калонро талаб менамояд. Сатҳи шиддати майдонҳои электромагнитӣ ҳамчунин бо воситаи экранҳо кам кардан мумкин аст. Аз он ҷумла, дарахтзоркунӣ ва ба замин пайваст намудани тросҳо. Интихоби параметрҳои геометрикии ЛЭП ва ҳоказо. Хатҳои баландшиддатро ба кабел иваз намудан мумкин аст. Барои ҳимояи аҳолӣ аз нурҳои электромагнитӣ, ки аз тарафи воситаҳои алоқа ва радиолокаторҳо пайдо мешаванд ва ҳамчунин воситаҳои ҳимояи масофаро истифода мебаранд – минтақаҳои ҳимояи санитарӣ. Қоидаҳои санитарӣ, талабот бо компютерҳо, коидаи исти-фодабарии дисплейҳо (мўҳлати кор дар мониторҳо), равшанӣ, микроиқлим ва ҳоказо.

Дар ҷадвали зерин Андозаи минтақаи муҳофизатӣ санитарӣ, м нишон дода шудааст.


Дарси амалӣ ва КМРО

Истифодабарии симуллятор дар мавзӯъи қувваи электрикӣ, пайваст кардани лампочка бо батарея



8. Асосҳои бехатарии радиатсионӣ

Бехатарӣ ва химояи радиатсионй

Бехатарии радиатсионӣ – риоя намудани ҳудуди имконпазири таъсири радиатсия ба коргарони касбӣ, аҳолӣ ва муҳити табиати атроф, барқарор намудани меъёри қоидаи стандартӣ дар бораи бехатарӣ ва пешгирии он.

Ҳимояи радиатсионӣ – ин маҷмӯаи гигенӣ ва радиатсионӣ ,лоиҳаи конструкторӣ, техникӣ, ташкил намудани чорабиниҳо, ки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ равон карда шудааст.

Химояи радиатсионӣ хангоми гузаронидани кор бо манбаъҳои афканишоти иониш ба чунин принсипҳои асосӣ асоснок карда шуда аст.

–тамоми фаъолияти бо афканиши иониш алокаманд буда манъ карда мешавад, агар фоидаи охирон аз ин фаъолият аз зарари овардашуда зиёд набошад.

–бузургии дозаи шахсӣ, шумораи инсонхои нурбориш шуда ва эҳтимолиятӣ нурбориш аз навъхои дилхоҳи гуногуни афканиши иониш бояд аз ҳама паст бошанд, бо назардошти омилҳои иқтисодӣ ва маишӣ, ки амалишавиаш мумкин бошад.

–нурбориши инсонҳои алоҳида аз ҳамаи манбаъҳои иониш ва навъи кор, ки набояд аз худуди дозаи баркароршуда зиёд бошад.

Мазмун ва масъалаи асосии дозасанҷӣ ба норма даровардани дозаи афканишот мебошад.

Аввалин бор мазмуни дозаи имконпазир соли 1902 пешниход карда шуд, ки 10 рад дар як шабонаруз буд. Дар солҳои гузариш ин бузургӣ доимо ба тарафи камшавӣ тағийр ёфт, дар асоси (60-умин чопи МКРЗ (соли 1993) пешниход шуд, ки дозаи ҳудудии асосӣ коргарони касбӣ 20 мЗв дар як сол, барои хурдсолони сини 16-18 сола, ки дар саноати атомӣ кор мекунанд 6 мЗв, барои ҳамаи аҳолӣ 1 мЗв мебошад.

Ҳимояи радиатсионӣ – қоидаи ҳимояи радиатсионӣ бо се пешниходи асосӣ асоснок карда шудааст, ки якуминбор ICRP (Международная комиссия по радиологической защите) дар соли 1977 коркард ва пешниход намудааст:

Мувофики мақсад будан: ҳамаи фаъолиятҳо манъ аст, ба ғайр аз ҳолате, ки бо мақсади фоидаовар барои инсон пешниҳод шудааст, мисол, барои муолича, бартараф намудани баъзе нуқсонҳо ва ғайра, ки барои ҷамьият фоидаовар буда, барои ҷуброн намудани зарари радиатсионӣ истифода мешавад.

Муносиб намудан: нурбориш бояд ниҳоят паст бошад, чӣ қадар ба таври амалӣ соҳиб шуда тавонем.

Маҳдудияти хатар ва дозаи касбӣ: ба инсон гирифтани дозаи радиатсионӣ, ки аз ҳудуди максималии имконпазир зиёд бошад, мумкин нест.

Аз ин принсипхо аз ҳама мураккабтар на хама вакт комилан мувофики мақсад истифодашаванда будан аст. Эҳтимолияти баҳодихии фоидаи тоза, ки ба кобилияти овардани ин ё он фаъолият асос карда мешавад, ба хулоса ва мувофиқи мақсад будани миқдори ченкуниҳо, ки хело мушкил имконпазир аст меорад. Инро ICRP кабул мекунад: «комиссия пешниҳод мекунад, дар ҳолате, ки ҳангоми қабул фаъолият талаб мекунад, ки хатари нурбориши радиатсиониро дорад, зарари овардани он бояд якбора ба протсеси интихоби ба дастоварда хамрох карда шавад. Зарари расонидашуда набояд маҳдудшуда бошад, агар он бо радиатсия алокаманд бошад, он бояд дигар намудхои зарарро аз ҷумла арзиши худи фаъолиятро, ба эътибор гирад. Баьзе вактҳо зарари ра- диатсионии расонидашуда аз зарари умумӣ хело кам аст. Хамин тавр мувофиқи максад ба даст овардани ин ё он фаъолият нисбати химояи радиатсионӣ бо сабабҳои васеътар муайян карда мешавад.

Ҷустуҷуи вариантҳои беҳтарин, ин айнан дар худуди идорахои махсусе, ки химояи радиатсиониро таъмин мекунанд, ҷавобгар мебошанд. Ин мавкеъ таракиёти ояндаи худро дар аризаи комитет доир ба ҳимояи радиатсионӣ ва саломатии ҷамъиятӣ, агенти барои энергияи атомӣ ОЭСР гирифт. Маҳдудияти асосии доза, дар пешниходи ченшудаи ICRP=26 (соли 1977) 50 миллион зиверт (5 рем) дар як сол барои коргарони касбии объектҳои хатарноктарини радиатсионй ва 5 милли зивертхо (500 милли рем) дар як сол барои аҳолӣ мебошад. Пешниҳоди иловагӣ вобаста аз шароит доза барои аҳолӣ дар ҳудуди як милли зиверт дар як сол тарафдори ва тасдиқ карда шавад. Ин дар оянда оҳиста-оҳиста меъёри кӯтоҳмухлат барои аҳолӣ ба ҳисоб меравад; Таьсири кутоҳмуддати ҳарсола монанди пешина дар худуди 5 милли зиверт ичозат дода мешавад.

Бояд ба хотир дошт, ки қимати дозаи солона 1мЗв – ин бузургӣ, ба қимати миёнаи радионуклидхои табиат фон (галоғулаи) дар замин буда баробар аст. Аммо, дар курраи замин районхои истиқоматие, мавҷуданд, мисол дар Ҳиндустон, Эрон ва Америкаи Чанубӣ, ки ғалоғулаи радиатсионии табиат аз 10 то 100 маротиба баланд, аз ҳисоби ба рӯи замин баромадани баъзе ҷинсхои куҳӣ. Ҳол он, ки аҳолие, ки дар он ҷойҳо истикомат мекунанд, ягон патологияи гирифтани дозаи баланд, хангоми нурбориши алокаманди ошкор нашудааст. Партовгоҳи Деҳмой – 20 мкЗв/ст – 17 мЗв/сол


Мувофиқи ҚҶТ Дар бораи бехатарии радиатсионӣ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.465)

Принсипҳои асосии таъмини бехатарии радиатсионӣ аз инҳо иборатанд:


принсипи асосноксозӣ – манъи ҳама гуна навъи фаъолият вобаста ба истифодаи манбаҳои афканишоти иондоркунанда, ки ҳангоми он миқдори аз хатари зарари имконпазир гирифтаи инсон ва ҷомеа бар замми заминаи радиатсионии табиии расонидашуда бештар намебошад;

принсипи мутаносибгардонӣ – зимни истифодаи ҳама гуна манбаъҳои афканишоти иондоркунанда дар сатҳи нисбатан паст нигоҳ доштани миқдори инфиродии шуоъхӯрӣ ва теъдоди шахсони шуоъхӯрда ба андозаи барои саломатии шаҳрвандон безарар;

принсипи бамеъёрдарорӣ – аз ҳамаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда зиёд набудани миқдори инфиродии иҷозатдодашудаи шуоъхӯрии шаҳрвандон, ки барои саломатии онҳо хатарнок нест;

принсипи ҳимоя – ташкили системаи ҳимояи радиатсионии ҳайати кормандон, аҳолӣ ва ҳудуд дар асоси расонидани кӯмаки ҳатмӣ ба зарардидагон, андешидани тадбирҳо оид ба рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ ва дезактиватсияи муҳити табиии зист.

Истилоҳотҳо


ядерная безопасность – комплекс мероприятий, обеспечивающих безопасное обращение с ядерным материалом;

бехатарии радиатсионӣ – маҷмӯи чорабиниҳое, ки муносибати бехатарро бо маводи ядроӣ таъмин менамояд;


зиверт (Зв) – единица эквивалентной дозы радиоактивного излучения, принятая в международной системе (СИ);

зиверт (Зв) – воҳиди миқдори эквивалентии афканишоти радиоактивӣ, ки дар системаи байналмилалӣ (СИ) қабул шудааст;


радиоэкологический мониторинг – система специальных наблюдений за радиационной безопасностью персонала, населения и окружающей природной среды;

мониторинги радиоэкологӣ – системаи муоинаи махсуси бехатарии радиатсионии ҳайати кормандон, аҳолӣ ва муҳити табиии зист;

Дарси амалӣ

8.2. Иҷроиши кори лаборатории виртуалӣ






Дарси КМРО

Санҷиши фосилавии №1


Саволҳо (барои ҳар савол, ҷавоб на кам аз 4-5 ҷумла)


1. Истилоҳи консентратсияро шарҳ диҳед ( бо мисолҳо).


2. Тачғйироти иқлим, сабабҳо, усулҳои кам кардани таъсирот.


3. Маълумот оид ба тарозуи электронӣ, истифодабарии он (бо мисолҳо)


4. GPS чист? Истифодабарии он дар назорати сифати ҳифзи муҳит.


5. Барномаи телефонии Maps.ME and Google Earth –ро дар Экология барои чӣ истифода бурдан мумкин аст. Кадом маълумотҳоро нишон медиҳад (шарҳ диҳед).


9. Самаранокии фаъолияти ҳифзи табиат ва сарфаи захираҳо


9.1. Тартиби муайян намудани меъёрҳои пардохт барои ифлосгардонии муҳити табиӣ


Меъёрҳои пардохт барои ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба атмосфера, партовти моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои обӣ, ҷойгиркунии партовҳо, муайян карда мешавад. Барои ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити табиӣ ва ҷойгиркунии партовҳо ду намуди меъёри пардохт муайян карда мешавад:

– 

барои ҳаҷми имконпазири (дар ҳудуди меёърҳои муқаррашуда) ихроҷҳои моддаҳои

ифлоскунанда ва ҷойгиркунии партовҳо;

– 

барои аз меъёр зиёд ҳосилшавии

ихроҷҳои моддаҳои ифлоскунанда ва ҷойгиркунии партовҳо;

– 


9.2. Механизмҳои ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани маҳдудияти таъсири манфӣ ба онҳо

Иҷозат барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда бо ҳаво ва об. Ҷарима барои вайронкунии

қонунгузории соҳаи ҳизи муҳити зист


Корхонаҳои саноатие, ки дар онҳо муомилот бо партовҳои хатарноки моддаҳои химиявӣ анҷом дода мешаванд, бояд барои бехатарии саноат эъломия (декларатсия) таҳия гардад, ки дар он баҳои хатари садамавӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ва пешгирии ҳолатҳои садамавӣ, тадбирҳо дарҷ гарданд. Илова бар ин экспертизаи экологии лоиҳаҳо ва баҳои таъсири он ба муҳити зист гузаронида мешаванд. Тамоми объектҳои саноатии Тоҷикистон вазифадоранд, ки ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳадди имконпазири партовҳои моддҳои ифлоскунандаро ба атмосфера, ҳадди имконпазири партовҳои моддҳои ифлоскунанда ба объектҳои обӣ ва меъёри ҳосилшавии партовҳоро таҳия намоянд.

Пардохт барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво, манбаҳои обӣ ва ҷойгиронии партовҳо паст мебошад. Пардохт барои ифлоскунӣ дар соли 2014 11 миллион сомониро ташкил дод, ки аксарияти он ба партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ рост меояд.

Мақомотҳои давлатӣ миқдори зиёди ҷаримаро меситонанд, вале андозаи он низ паст мебошад. Дар соли 2014 ҳисоби миёнаи ҷаримаи экологӣ 120 сомониро ташкил намуд. Боиси зикр аст, ки меъёри ҷарима барои муомилот бо партовҳои токсикӣ ва мавадҳои радиоактивӣ нисбати қонун-вайронкунии соҳаи ҷангал ва манбаъҳои обӣ кам мебошад. Ҳоло он, ки партовҳои моддаҳои радиоактивии хатарнок ба мкҳити зист ва саломатии аҳоли таъсири зиёд дошта, анҷомдиҳӣ ва амаликунонии тадбирҳои қатъиро дорад. Маблағҳои аз ҳисоби ҷарима ситонидашуда, барои маблағгузории бартараф намудани зарари расонидашудаи экологӣ, сарф кардани он мумкин нест. Дар мақомотҳои минтақавӣ ва дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, китоби арзу шикоятҳо ташкил гардидааст.


9.3. Ҷамъоварӣ ва меъёр барои истифодаи сарватҳои табиӣ, хизматрасонии экологӣ ва энергия

Қонун Дар бораи ҳифзи муҳити зист, низомномаро дар бораи имтиёзҳои андозбандӣ, ки ба ҳавасмандгардонӣ дар самти истифодаи оқилона ва самарабахши сарватҳои табиӣ равона гардидаанд, дар худ таҷассум менамояд. Ҳамзамон ҳавасмандгардонии молиявии рушди манбаҳои барқароршавандаи энергия, нигоҳдории энергия ва моҳиятан баланбардории миқдори энергияро танзим менамояд. Вале, дар Кодекси андоз масъалаҳои болозикр таҷассум нагардидааст, илова бар ин санадҳои меъёрии зарурӣ таҳия карда нашудааст.

Пардохт барои истифодабарии сарватҳои ҷангал «иҷозат барои истифодаи ҷангал» ва объектҳои табиати ёбоӣ аз тарафи Ҳукумати ҶТ соли (соли 2007) муқаррар гардида буд ва бо назардошти беқурбшавӣ ва дигар факторҳо индексатсия карда мешаванд. Агентии ҷангал барои истифодабарии сарватҳои ҷангал меъёр муқаррар намуда, барои шикорӣ намудҳои шикории ҳайвонот иҷозат медиҳад. Пардохти воридшуда аз ҳисоби истифодаи сарватҳои ҷангалдар як сол 2,5 миллион сомониро ташкил мекунад. Андози истифодабарии замини фонди давлатии ҷангал барои як ҳайвоноти хонагӣ 2,48 сомонӣ ба як ҳайвон муқаррар гардидааст, ки даромади солонаи ба буҷаи он воридгардида 1,2-2 миллион сомониро ташкил мекунад. Пардохти экологӣ барои хизматрасонии системаҳои экологӣ муқаррар нагардидааст, вале дар ин самт дар Ширкент ва Ромит лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд.

Ҳукумат лоиҳаҳои таҷрибавии усулҳои ҳифзи олами ҳайвонотро бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ, махсусан дар самти ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии морхӯр (бузи пармашох), бузи куҳии сибирӣ, Архари Помирӣ дастгири намуда истодааст. Раванди мазкур ба афзудани мабаҳои илова-гии даромад барои аҳолӣ ва камшавии шикори ғайриқонуни мусоидат мекунад. Барои шикори намудҳои ҳайвоноти нодир ва ҳифзшавандаи шомили китоби Сурх гардида, иҷозатнома талаб карда мешавад. Ҳар сол барои шикор намудани ҳайвонотҳои ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомилгардида ба миқдори 65-85 сар иҷозатнома дода мешаванд. Квота барои додани иҷозатнома бо назардошти пешниҳоди Акадамияи илмҳо аз тарафи ҳукумат дода мешаванд ва шумораи солонаи онҳо 65-85 ададро ташкил мекунад.

Пардохт барои шикори як сар Архари Помирӣ 55 ҳазор сомониро ташкил намуда, даромади солонаи он то ба 3,6 миллион сомонӣ мерасад.

Як қисми ин маблағ ба буҷаи маҳаллӣ ва қисмми дигараш ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда мешаванд. Як қисми дигари он барои ба ҳисобгирии шумора ва барқароркунии миқдори саршумори ҳайвонот сарф карда мешаванд. Дар Тоҷикистон замин моликияти истиснои давлат мебошад. Андози замин новабаста аз он, ки қитъаи замин ба истифодаи бемӯҳлат ё истифодаи якумра додашудааст, аз тарафи заминистифодабарандагон пардохта мешавад. Миқдори андози замин аз сифат ва мавқеи ҷойгиршавии он, арзиши кадастории он ва шакли истифодабарӣ аз 1 то 700 сомонӣ барои як гектар муқаррар гардидааст. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (шахсони ҳуқуқӣ ва хоҷагиҳои фермерҳо) ба супоридани шакли андози соддагардида гузаранд ва аз супоридани андози замин озод карда мешаванд. Барои истифодабарии маъдан иҷозатномаи махсус ва шартномаи байни истифодабаранда ва мақоми ваколатдор лозим аст. Бонус аз пардохти яквақта иборат буда, барои коркард ва истифодабарии сарватҳои маъмули умум роялти пардохт ткарда мешавад. Ҳамзамон Роялти барои НОБ-ҳо низ муқаррар мегардад, ки андозаи он 2,4 соминӣ барои 1 мегаватт-соат энергияи истеҳсолгардида мебошад.


9.4. Стратегия, барномаҳо ва нақшаҳои амал дар самти рушди устувор ва муҳити зист

Стратегияи миллии рушд то соли 2030, ки соли 2016 қабул гардидааст 3 сенарияро баррасӣ менамояд:

инерсионӣ (давом додани модели аграрии рушд),

индустриалӣ (амалигардонии лоиҳаҳои энергетикӣ ва инфросохторӣ),

индустралӣ-инноватсионӣ.


Дар Стратегияи рушд се қисм тадбиқ дида мешаванд:

1. Рушди иқтидори институтсионалӣ (системаи рушди идоракунии давлатӣ ва рушди

минтақаҳо),

2. Рушди иқтидори инсонӣ (маълумот ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маданият ихтисори нобаробарӣ),

3. Рушди босифати иқтисодӣ (сохтори ҳақиқии иқтисодӣ, сектори молиявӣ, иқлими инвеститсионӣ).


Дар Тоҷикистон инҷунин стратегия қабул гардидааст, ки масъалаҳои муҳими гуногуни муҳити зистро дар бар мегирад, аз ҷумла Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки гуногунии биологӣ (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2003, №392). Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2005, №79, Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошамиданӣ (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2006, №514, Консепсияи миллӣ оид ба беҳтаргардонии партовҳои партовгоҳи коркари уран (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2014, №505), Нақшаи миллии оид ба коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2003, №259), Барномаи давлатии омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳо (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2010, №209), Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ то соли 2020 (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2015, №178), Барномаи реформаи секторҳои обӣ (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2015, №791) ва дигарҳо. Барномаҳои маҳаллии рушди иҷимоӣ-иқтисодии ҳалли масъалаҳои экологиро дар сатҳи маҳалли дар бар мегиранд, аз ҷумла таъминот


Бехатарии радиатсионӣ – риоя намудани ҳудуди имконпазири таъсири радиатсия ба коргарони касбӣ, аҳолӣ ва муҳит бо об, муомилот бо партовҳо ва кабудизоркунӣ, вале онҳа на ҳамеша ҳадафи асосиро ифода менамоянд ва ба нақшаҳои миллӣ ва стратегияҳо алоқаманди доранд.

Стратегия ва накшаҳое қабул гардидаанд, ки ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои аниқи байналмилӣ равона гардидаанд, мисол Нақшаи милли оид ба иҷрои уҳдадориҳо нисбати конвенсияи Стокголмӣ оид ба ифлоскунандаҳои устуворӣ органики (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2007, №502) ва Нақшаи миллӣ оид ба кам намудани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2015, №643). Мақомотҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва самтҳо вабаста ба ҳолати муҳити зист. Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табииро дар сатҳи олӣ Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ сарпарасти менамояд.

Барои таҳия ва пешбурди сиёсати давлатии экологӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи табиат, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои маҳаллии он (қариб ҳазор нафар кор мекунад) ҷавобгӯй мебошанд.


Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба инҳо ҷавобгӯй мебошад:


назорати давлатии истифода сарватҳои табиӣ ва ҳифзи табиат,

таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, ҳамзамон лоиҳаҳои барномаҳо,

стратегия ва нақшаҳои амали миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи самарабахши табиат ва амалигардонии он,

таҳия ва тасдиқ намудани меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист,

тартиб додани маълумотнома ва ҳисоботи миллӣ оид ба муҳити зист,

ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣ,

ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ,

додани як миқдор намудҳои иҷозатнома ва иҷозат,

муқаррар намудани меъёру квотаҳо барои истифодаи сарватҳои табиӣ,

муқаррар намудани меъёри пардохт барои ифлоскунии муҳити зист ва муомилот бо партовҳо,

тартиб додан ва ҷорӣ намудани реестри манбаҳои ифлоскунӣ ва моддаҳои ифлоскунанда,

идоракунии фонди экологӣ,

маълумот ва маърифати экологӣ,

ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист.


Дар назди Агентии гидротетеорологии Кумита, Маркази гидрометеорологӣ, Маркази тағйирёбии иқлим ва қабати озон, Маркази яхшиносӣ, Шабакаи истгоҳҳои метеорологӣ ва истгоҳҳои гидрологӣ ва мониторинги экологӣ амал менамоянд. Директори Агентии мазкур ҳамоҳангсозӣ Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим мебошад ва таваҷуҳи кишварро дар ташкилоти Умумиҷаҳонии метеоролигӣ пешниҳод менамояд.

Ба системаи ташкилотҳои ғайритиҷоратии Кумита Муассисаи давлатии Маркази илмӣ – тадқиқотии ҳифзи манбаҳои обӣ, Маркази маълумотҳои экологӣ, Муассисаи давлатии лабораторяи илмӣ – тадқиқотии ҳифзи табиат, Муассисаи давлатии Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, Муассисаи Давлатии Маркази миллии татбиқи конвенсия Стокголм оид ба ифлоскунанҳои устувори органикӣ, Маркази назорати таҳлилӣ ва дигарон шомиланд.

Милитсияи экологӣ зерсохтори Вазорати корҳои дохилӣ буда, ҳангоми гузаронидани рейдҳои бар зидии қонуншиканон санҷиши воситаҳои нақлиётӣ бо нозирони ҳифзи муҳити зист ҳам-корӣ менамоянд. Илова бар ин системаи ғизовии воситаҳои партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи муҳити зист ва додани маълумотнома дар ин самт бо нозирони ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ менамоянд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии пешбаранда буда, ба ҳамоҳангсозии сиёсат ва соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии соҳаи стратегияи рушд ва рушди кишварро амалӣ менамояд.

Вазорати энегетика ва сарватҳои обӣ, рушди соҳаи обу энергетикаро ҳамоҳанг сохта, назорати объектҳои обӣ ва энергетикиро таъмин намуда, лоиҳаҳои байналмилалиро сарпарастӣ менамояд. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ ба таъмиру аз навсозии таҷҳизотҳои ситемаи обёрӣ ва ҳолати заминҳои обёришаванда ҷавобгӯй буда, дар самти дастгирии асотсиатсияҳои истифодабарандагони об мақоми ваколатдор мебошад.

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ барои пешбурди сиёсати давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва пебурди фаъолияти хоҷагидорӣ ҷавобгӯй мебошад.

Агентии омори назди Президенти кишвар ҳар сол маълумоти омории экологиро дар шакли маҷалаи «Хифзи муҳити зист» нашр намуда, маълумотҳои омори экологиро дар соҳаи муҳити зист амалӣ менамоянд.

Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ барои пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодабарии замин кадастри замин ва назорати истифода ва ҳифзи замин масъул мебошад.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ ҳамоҳангсозӣ омӯзиши ва пешбурди сиёсат дар самти сарватҳоҳои заминӣ ва истифодаи сарватҳои маъданӣ мебошад.

Хадамоти давлатии назорати бехатарӣ оид ба корҳои бехатарии дар саноат ва назорати коркарди куҳии назди Ҳукумати ҶТ, реестри объектҳои хатарноки истеҳсолӣ бурда назорати идоравиро дар ин самт анҷом медиҳад.

Ҳангоми таҳияи сиёсат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии сарватҳои табиӣ, Академияи илмҳо дастгирии илмиро таъмин менамояд. Дар ҳайати Академияи илмҳо Донишгоҳӣ масъалаҳои обӣ ва энергетика, Донишгоҳӣ ботаника ва зоология-кадоме ки татқиқоти марбутаро мегузаронанд, фаъолият менамоянд.

Дигар вазорату идораҳое, ки фаъолияташон ба рушди соҳаи муҳити зист ва ҳолатӣ сарватҳои табиӣ таъсир мерасонанд аз инҳо иборатанд: Вазорати саноат ва технологияи нав, Вазорати нақлиёт, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии маҳаллӣ дар доираи саллоҳияти худ пешбурди на-зоратро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист анҷом медиҳанд, ҳамзамон таҳия ва амалӣ гардонии нақшаи амалро дар сатҳи миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист анҷом медиҳанд. Масъалаи хизматрасонӣ вобаста ба ҷамъкунӣ ва кашонидани партов, идоракунии сарватҳои табиии моҳияти маҳаллӣ дошта ва қабули қарор дар самти истифодабарии замин ва сохтмон ба фаъолияти мақомотҳои болозикр шомил мебошад. Роҳбарони мақомотҳои маҳаллиро, Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо пешниҳоди мақомоти маҳаллӣ таъин менамояд, ки итоатмандии дутарафаро доранд.

На страницу:
4 из 9