Полная версия
Нигина ва Мирмалик
Ҳоло сабаби дар хоби табъӣ намудор шудани маро бишнав, Мастураам. Чоштгоҳи рӯзи ҷумъа дар ин хонақоҳ ду ракъат намоз аз баҳри Ягона адо карда, дар муроқиба будам, ки нидое аз ғайб ба гӯш расид: «Дар деҳаи дурдасти саргаҳи Сайҳун мастурае, ки решаи маҷнунбед ва садаи зиёратгоҳҳо бо ашки чашм шодоб кардааст, мӯҳтоҷи маслиҳати туст. Фарзандгадои дарбадарро навозиш намо.»
Бо амри Парвардигори олам дарҳол ба имдод расида, дасти иноят сӯят дароз кардам, эй Мастураам, то ҳама кори ту некӯ шавад.
Вуҷуди ҷавонзан ларзид, дар баданаш рашъа дамид ва ба обу арақ ғӯтид. Зеро «мастураам» гуфтани ин Пир ва он Пире, ки дар хоб дида буд, комилан ҳамсадову ҳамоҳанг буд ва дар дилаш ягон зарра шубҳа намонд. Худро пеши пойи Ҳазрати Бузургвор пар- тофт ва дасту домони вайро беист бӯсида, ашки шодӣ мисли дурдона мерехт.
Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ пас аз андаке тааммул бо нӯги ангуштони муборак сари оҷизаро аз замин боло бардоштаву сила намуда, дар бедорӣ низ дасти шафоат ба китфаш гузошт:
– Дуоҳоят, гиряву нолаҳоят шунида ва пазируфта шуд, Мастураам.
Назру ниёзҳоят, садақа ва бахшишҳои бешуморат қабул гардид, Маъсумаам.
Вақте назди санги Ҳақдор нолиш ва ниёиш мекардӣ, барои таъвил китоби муборак кушодам ва иборае табаррук пеши назар омад: таҳмилуҳу – малоикату2. Ин башорат аз он аст, ки ҷисми поки тифли некро малоикаҳо аз нур хоҳанд сиришт ва дар зиндагӣ фаришта магасрони он баландахтар мешавад!
Ин каломи муборакро рӯйи коғаз овардаю дам андохта, бароят тӯмор сохтам. Ё Мастура, ақбил ва ло тахаф! Пеш ой ва матарс! Туро маслиҳат ин аст, ки ҳамеша онро бо худ дошта бошӣ ва мисли гавҳараки чашм ҳифз кунӣ. Зеро агар тумори нигаҳдошт гум шавад, фаришта бигурезад…
Бимастура тумори чаҳоркунҷаро бо тавозӯъ аз дасти Шайх Бадеуддини Нурӣ гирифта, ба дидаҳояш молид ва барои шунидани давоми сухан боз дузону нишаст. Ҳазрати Бузургвор ояте аз каломи Маҷид қироат карду бо дуои нек таъвил, таъбир ва тадбирро ҳусни хотима бахшид:
– Эй духтари чашминтизори бобо! Вақти хайрбод ҳам фаро расид. Дигар маслиҳат ин аст, ки хезу лаби ҳавзи масҷид рав, ки обаш файзи оби Замзам дорад. Се каф нӯшида, насибаи худ дарёфта, вақти хориҷ шудан занҷири Дари мурод-баромадгоҳро бӯсида, бо касе ягон ҳарфи зиёдатӣ магӯ ва худро ба Ворух расон. Давоми нек роҳатро, пешонаатро Худо кушояд.
Ором ва омода бош, Макнунаам…
Ба шавҳарат аз номи мо дуруд бигӯ. Зеро пуртоқатӣ ва таҳаммулпазирӣ, ки писанди Худост, меҳвари мазҳаби мост. Калиди бахту саодат, қулфкушои дилҳо ва ҳама мушкилҳо сабр аст.
Сабурӣ пеша кун, гар ком хоҳӣ,
Бикун тамкин, гар ором хоҳӣ.
Бимастура бори дигар одоби пойбӯсӣ ба ҷо оварда, бардам аз ҷой хесту «Раҳмати Худо ба саратон борад, Пири Бузургворам! Умри пурбаракат бинеду ҳазорсола шавед, Пирам Подшоҳмарди Валӣ!» гӯён қафонокӣ аз дар баромада, базудӣ худро ба ҳавзи мусаффо расонд.
Аввал дасту рӯй шусту ба нияти сафо шурӯъ кард обнӯширо. Чун маротибаи сеюм ба каф оби зулол бардошт, кабутари сап-сафеде аз шохи сиёҳбед ба лаби ҳавз нишаст, ки дар минқор ҳалқаи зард дошт. Ҷавонзан об дар каф лаҳзае интизор истод, то ба парандаи беозор халал нарасонад. Вале кабутар ба вай нигоҳе накарда, ҳалқаро лаби ҳавз гузошту нӯл ба об андохт. Бо чанд қатраи пок ташнагӣ бишкасту болу пар афшонда, сабук боло парид. Аммо ҳалқа ба минқор нагирифт: ё фаромӯш кард, ё барои Бимастура ҳадя гузошт.
Оҷизаи ҳайратзада оби дар каф доштаашро, ки аллакай нисф кам шуда буд, саросема нӯшиду бо кунҷковии хоси занона ҳалқа аз замин бардошт. Дид, ки ангуштарест бенигин. Хост бозгашт ба ҷояш ниҳад. Вале дудила шуд. Барои санҷиш ҳалқа ба ангушт андохт. Завқаш омад – ончунон чену чамма, ки гӯё махсус барояш сохтаанд!
«Насибаи худ дарёб» гуфтани Пири Бузургвор ёдаш омад. Аз таҳти дил «Асло рӯзи камия набинед, Пири ҳамабин ва ҳамадонам!» гӯён бо чашми пуршарар гоҳ ба чаллаи ангушту гоҳ ба кафтари чаллабиёр нигариста, баъди бӯсидани занҷири Дари мурод ҷониби ароба бардам-бардам қадам ниҳод. Кабутар лаҳзае дар болои ҳавз бол афшонда, интизор истоду сипас аз қафои ароба парида, вақте аз дарвозаи Хуҷанд берун шуданд, ба боми гардуна нишаст. Аз он ҷо ба китфи кадбону гузашт…
* * *
Бимастура аз дарвозаи ҳавлияш даромадан замон кабутарро раҳо кард. Паррандаи хастагашта муддате қанотак зада, пешу қафо роҳ гашту фиррӣ парида, ба шаҳтоки айвон баромад. Боҳаловат нишаста, «курр-курр» садо баровард. Кадбону сармаст аз суруди кабутар каф-каф биринҷу арзан ба пешаш пошид ва бозавқ хурӯшид:
– Хуш умадӣ, кафтари бахтоварам! Акнун хунаи ман – лунаи ту. Кошунаи ман – ошюнаи ту. Майли хотир боли парвоз кушо!
Кабутари умедро кадхудои хонадон Абдулсайид ҳам хуш пазируфт. Устои гулдаст ҳама корашро як тараф монда, дар кунҷи бом барои ин паррандаи биҳиштӣ кафтархона сохту дар саҳни ҳавлӣ патвоз – ду шохи сафедор ба замин кӯфта, навдаи аз нарангушт ғафстари бедро болочӯб намуд, то нишемангоҳи кафтар шавад. Ҳам дар боло ва ҳам дар поён обу дони беҳтаринро фаровон фароҳам овард.
Ҳафтае нагузашта, кадбону ва кабутар ба ҳам унс гирифтанд. Паррандаи саҳроӣ тадриҷан хонагӣ ва дастомӯз шуд. Бетарсу ҳарос ба хона медаромад, болои сандалӣ мебаромад, сари китфу рӯйи зону менишаст. Андактар кор ба ҷое расид, ки кадбону ва кабутар якҷоя – аз як табақ ғизо тановул мекарданд. Ва рӯзе, ки кадбонуро нишони фарзанд падид омад ва ӯро узри занон баста шуд, қариб буд ба маҳфили онҳо боз як парранда ҳамроҳ шавад.
Лаҳзаи офтоббаро Бимастура дар шохи дарахти мирсанҷалӣ, ки ширинтарин зардолуи Ворух ба ҳисоб мерафт, мурғаке дид зарринболу зебопайкар, хурдҷусса, аммо бовиқор. Беист аз як шиппа ба дигараш ҷаҳида, мисли булбул чаҳ-чаҳ мезад фораму гӯшнавоз. Кадбону ба шавқ омада, дасти рост саҳле боло бардошт, ба умеде, ки паррандачаи зебо рӯйи кафаш биёяд. Вале мурғак рост ба кафтархона париду лаҳзае гирди кабутар парвона шуд. Аз обу донаш насиба гирифту босуръат ҷониби кӯҳи Душоха парвоз кард.
Овози шавҳар зани ҳайратзадаро ба худ овард:
– Рӯзат бахайр, бонуи дилам! Чаро дар мобайни ҳавлӣ сутун гаштаӣ?
– Дар шохи мирсанҷилӣ ҷинқарча дидаму…
– Ҷинқарча не, бонуи дилам, шахиш вай. Номи дигараш шахпарак. Ман ҳам дидам – аз субҳдамодам пештарак омада буд. Ба патвоз нишасту хеле суруд хонд. Ин фоли нек, бонуи дилам.
– Чӣ хел?
– Ин мурғаки нодир, ки фақат аз зираю кокутӣ ғизо мегирад, фақат пайки шодӣ меорад.
– Наход?
– Бовар кун, бонуи дилам. Дар «Китоб-ут-тайр» қосиди ҳумо тавсиф шудааст.
– Қосиди мурғи ҳумой?!
– Оре, бонуи дилам. Доноён навиштаанд, ки ҳар касе шахишро бинад, коми дил ба даст меорад. Агар шоирона гӯем, аз дарахти орзуи дерин меваи ширин ба бор меояд.
– Хеле аҷоиб!!
– Ягон аҷоибот намебинам, бонуи дилам.
– Аҷоибот он аст, ки намедонистам бо кадом забон, чӣ хел ба шумо пайки шодӣ расонам. Қосиди мурғи ҳумо аз ман пешдастӣ кард. Шодӣ кунед, додо мешавед…
– Асал ба даҳонат, бонуи дилам! – Абдулсайид аз муждаи деринтизор ончунон ба ваҷд омад, ки шарму ҳаёро фаромӯш ва урфу одатро сарфи назар карда, дастони меҳнатияшро чун шаҳболи уқоб васеъ кушода, ҳамсарашро гарм ба оғӯш кашиду аз рухсораю пешонааш паёпай бӯсид ва шаддаи марвориди яманӣ ба гардани зебои вай овехта, бо овози аз шодию ҳаяҷон ларзон хитоб кард: – Имрӯз чеҳраи ту хубтар аст аз ҳама рӯзҳои дигар! Офарини олам туро, эй бонуҷони дилам, ки мани пиёда ва сархамро шоҳсавори сарбаланд кардӣ! Дили яхбаста ва санггаштаи маро бо як сухан гарму нарм сохтӣ!
Шавҳари шодгашта дарҳол намози шукру сипос гузорид. Ба мазори саҳобаи гиромӣ гӯсфанди чорсолаи бахта назр намуду ба Муясарбону шоли заррин ва куртаю ҷомаи нав аз шоҳивори беҳтарин ҳадя овард ва ёру дӯстонро ба зиёфат хонд…
* * *
Дар яке аз рӯзҳои сеюмин моҳи ҳомиладорӣ Бимастура ҳис кард, ки сараш чарх мезанаду дилаш беҳузур гашта ва чашмонаш тира мешаванд. Дарҳол момодояро ҳозир карданд. Набзи беморро санҷиду тапиши дилашро гӯш андохт, кому забонашро муойина кард ва фаҳмонд, ки ин ҳолат барои занҳои ҳомила муқаррарист ва Бимастура чун дигарон сарторик шудааст.
– Аксар занҳои дуҷон ба туршӣ дилкашол мешаванду табъи баъзеҳо ширинӣ меҷӯяд. Як ҳамсояи мо дар чиллаи зимистон ба ғӯра сарторик шуда буду дигар занак – ба шири хар! Дили ту чӣ мехоҳад?
– Гӯшти кафтар…
Ин гап аз даҳони Бимастура баромадан ҳамон кабутари хонагӣ ноором шуда, ҷониби кадбону нигоҳи аҷибе афканду аз равзана фаррӣ парида, ба айвон баромад. Бори дигар бо чашми ҳаросон соҳибхонаро нигаристу бо тамоми қувват бол зада, ҷониби офтоббаро парид. Бимастура, ки амали кабутарро бо чашми нимторику дили пурғаш тамошо мекард, оҳи сарде кашида, гиряолуд, аммо бесадо гуфт: «Ҳамааш айби худам. Аввал ман хиёнат карда, ба гӯшти кафтар дандон тез кардам. Маро бубахш, кабутари сафедам, кафтараки умедам… Аз гуноҳам гузар…»
Момодоя, албатта, ҳарфи бесадои кадбонуро нашунид. Аммо ба ҳушёрию чаққонии кабутари рамида қойил шуда, базавқ хандид:
–Ҳақиқатан ҳам ҷон чизи ширин будааст! Паррандаи безабон чӣ хел фаҳмид, ки кадбону гӯшти вайро қайла кардан мехоҳад?!
– Гӯшти ин кабутар не! – гиряолуд овоз баровард Бимастура. –Ягун кафтари дигар ёбед.
Абдулсайид пичингомез гуфт:
– Оббо, ҷонвари доное! Оъ… агар натарсида, ором дар ҷоят меистодӣ ҳам, ман ба ту кордор намешудам… Ҳай-ҳай!, – гуфт пичингомез Абдулсайид ва бо таассуф сар ҷунбонда, саночу камон гирифту ба шикори кабутар рафт. Аммо дастхолӣ баргашт – то вақти говгум кофту кофт, ягон кафтар наёфт.
Субҳи дигар ба он тарафи кӯҳи Душоха гузашт, ки макони беодам буд. Ин ҷо гулу гиёҳу дарахтони ёбоӣ беадад мерустанд ва парандаю чарандаи хелмахел бехалал мезистанд. Лекин, ҳарчанд ҷустуҷӯ кард, лоақал як пари кафтар надид…
Шалпару ниммурда ба хона баргашту чор мурғи тазарв ва кабки ҳилол болои хон ниҳод яке аз дигаре фарбеҳу ботароват ва иштиҳоовар. Вале Бимастура, ки то ҳол намаке ба даҳон набурда буд, беҳолона «кафтар» гуфту аз ҳуш рафт.
Вақте ба худ омад, овози шавҳарашро шунид, ки бо алам мегуфт:
– Агар ин аҳвола медонистам, ун кафтари гурезпоя бо ресмон баста мемондам… Уфф… Агар ҳозир ҳамун кафтарак мебуд…
– Чӣ кор мекардед? – бо имои чашм пурсид Бимастура.
– Даррав пӯсту пора карда, ба дег меандохтам.
– Неъ! – Бимастура тамоми қувваташро ҷамъ оварда, пурсӯз нидо баровард. – Гушти ун кафтара хурдан мумкин не!! Вай… кабутари бахтовар…
– Бахтовар буд, марговар шуд! – сӯзи дил пинҳон дошта натавонист дуредгар. – Туро аниси беҳтарин буд, лекин… дар лаҳзаи заруртарин гурехт. Туро танҳо партофта, бенишон ғайб зад. Хиёнат кард ба ту!
Аз таънаҳои шавҳар маҷрои фикри Бимастура тарафи дигар тоб хӯрд ва гиряолуд гуфт:
– Рост мегуед, хиёнат кард! Вақте донист, ки гушти кафтар мисли нушдору ба ман зарур аст, ҳам худаш гурехту ҳамҷинсҳояшам гурезонд, ба тухми кабутар қирон овард! Шумоя сарсон, мана бесомон кард. Агар ин кафтари нобакор ба дастам афтад…
Абдулсайид бо тааҷҷуби ошкоро ҳамсарашро нигарист, ки ранги рӯяш аз ғояти ғазаб кабуди сияҳфом гашту дандонҳояшро ғачарос занонда, бо мадади кадом як қувваи ниҳонӣ аз ҷой нимхез шуд ва бехудона фарёд кашид:
– Агар ун кафтари бевафо ёфт шавад, бо дасти худам пора-пора карда, хомохом мехурам! Хунашро об барин дармекашам! Хезед мардак, ёбед вай кафтара…
Бимастура тамоман беҳолу бемадор гашту рӯйи ҷойгаҳ пару афтид. Момодоя бесаранҷом шуда, шавҳари саргарангро ба по хезонд:
– Аҳволи занак чатоқ! Агар то бегоҳ обу ғизо нахӯрад, кӯдак талаф мешавад. Хезед, аз таги замин бошад ҳам, ягон кафтарбача ёфта бед.
– Боз ба куҷо равам? Дар Ворух кафтархона ё кафтарбозор набошад…
– Кафтархона гуфтед? – якбора ба ҷони момодоя ҷон даромад. – Назар ба шунидам болотар аз Санги калон кӯҳе ҳаст номаш Кафтархона. Зуд бошед, аз шикорчиҳо пурседу тозед!
Шикорчии мумтоз Акбар-паҳлавон узр пеш овард, ки кори заруре дораду ҳамроҳ рафта наметавонад ва фақат роҳ нишон медиҳад.
– Шикорчиҳо Санги калона дарвозаи Кеҳ мегӯянд. Як фарсанг болотараш кӯҳи Гаҳвораи заррин ҳаст. Аз бараш як дарёчаи шӯх мегузарад, ки пули ларзон дорад. Аз кӯпрук гузашта, сесад қадам тарафи чап баройӣ, ба Кафтархона мерасӣ. Валекин бағоят эҳтиёт шав, ки пайроҳа лағжонаку хатарнок асту таги ҳар санг як мори калон хона дорад.
– Ин морҳо кафтарбонӣ мекунанд?
– Не, Гаҳвораи заррина посбонӣ мекунанд.
– Аз кӣ?
– Аз деву дад. Мегӯянд, ки гаҳвораи заррини дар мобайни кӯҳ будагӣ моли шоҳи париён асту дар гаҳвора фақат паризодаҳо ҳақи хоб доранд.
– Ба гаҳвора коре надорам, ба ман кафтар даркор.
– Ин хел бошад, натарс. Харсавор меравӣ ё пиёда?
– Аспакӣ.
– Ҷудо нағз. Бишитоб. Роҳи сафеду барори шикор…
Аспи бодпо соҳибашро зуд ба даромадгоҳи Кафтархона расонд. Аммо, қасди кор, кӯпрукро об бурда буду Абдулсайид ҳарчанд кӯшид, на пиёдаю на савора ба соҳили дигар гузашта натавонист. Аз қаҳру алам ба оби лойолуд туф карда, бечораҳол ба замин нишаст ва имдодталабона ба гирду атроф нигарист. Дар ин моваро теғи нигоҳаш ба Гаҳвораи заррин бархӯрд ва… мисли моргазида аз ҷой ҷаҳида хест: бо чашми сар баръало дид, ки дар он ғорчаи гаҳворамонанди мобайни кӯҳ кабутаре бовиқор нишастааст.
Усто кабутари сафедро дарҳол шинохт. Тоқӣ аз сар гирифтаю дастонашро ба ду тараф алвонҷ дода, аз бехи гулӯ овоз кашид:
– Эй-й кабутари уме-ед!! Поё-онн фаро-ооо!! Кадбонуят интизо-ооор!!!
Кафтар ҳам соҳиби овозро шинохт. Балки ӯро интизорӣ мекашид магар, ки бол афшонда, тирвор поён парид ва ба зини асп нишаст. Саҳле нафас рост карду ба китфи рости Абдулсайид гузашт ва зайли пешина «Курр-курр» овоз баровард. Ё «салом» гуфт, ё «рафтем». Ё ҳар ду…
Назди Санги калон онҳоро… Аҳмадсайид интизор буд.
– Ба Ҳазрати Бузургвор як сабад себу ноки яккачини Ворух ҳадя бурда будам. Аввал аз ҳоли Бимастураю кабутар пурсиданду андешанок гуфтанд, ки «кафтари тоқа дар танҳоӣ дер напояд» ва ду ҷуфт кабутар ба сабад андохтанд. Ба ту дуруди фаровон гуфта, хатчае навиштанду фармуданд, то оҷилан дастрас намоям. Аз ҳамин сабаб шитобон ба ҷустуҷӯят омадам.
Нома ҳамагӣ аз як ҷумла иборат буд: «Маслиҳат ин аст, ки агар зани ҳомиларо хӯрдани луқмаи шубҳанок зарур бошад – раво бошад». Абдулсайид моҳияти маслиҳати саривақтиро фаҳмиду сари кабутари мушкилкушоро сила карда, бо тамоми қувват аспро маҳмез зад. Мехост ҳар чи зудтар кабутар бо ду дасти адаб ба кадбону супорад. Вале паррандаи зирак пешдастӣ кард ва ба ҳавлӣ расидан ҳамон бо чусту чолокии ҳайратангез аз бағали аспсавор берун парид ва болои сандалӣ ором нишаст.
– Омадӣ? – пурсид Бимастура бо чашмони хунполо.
– Кур-р! – садо баровард кафтар ва ҷониби Абдулсайид нигарист.
– Ист, бонуи дилам! – саросема, аммо омирона нидо кард кадхудо. –Амакат аз Хуҷанд чор кабутар овардагӣ. Ҳозир мебиёрад.
– Не! Ба ман кабутари дигар даркор не. Ин бевафоя ҷазо метиям! Дӯсте, ки вафо накард, душмани мост!
– Сабр кун, бонуҷон…
Момодоя наздиктари кадхудо омада, аз оринҷаш дошт:
– Бо зани сарторик гапгузаронӣ накунед, соҳиб. Сар торик шавад, ақл тира мегардад. Сарторик аз девона пурхатар аст, вайро ба ҳолаш монед…
Бимастураи ҳалиму меҳрубон, ки то ба ин лаҳза ҳатто пашшаро озор намедод, ҳолиё дилраҳм набуд. Лабони парсингбаста бо пушти даст пок намуда, дандон ба ҳам совиду ғароиб хандида, мисли гурбаи ваҳшӣ кабутари таслимшуда ва ором истодаро дудаста ба чанг гирифту саросема сар аз танаш ҷудо кард. Ниму нимкора пар канду ҳарисона хунаш даркашид. Баъд лабу дандони карахт бо нӯги забон лесида, почаи кафтар ба даҳон андохт. Луқмаро нимхойида фурӯ бурду линги дигар ба даст гирифт. Баъд дилу ҷигар рӯйи каф гузошта, муддате ҷунбонду мисли талқон ба ком партофт ва нимхойида фурӯ бурд. Вақте навбати ҷиғилдон расид, шояд аллакай сер шуда буд, ки лаҳзае таваққуф карда, болою поён ва чапу рости онро бо кунҷковии бачагона аз назар гузаронд ва бо нӯги нохун пардаи ҷиғилдонро дарронд.
Момодоя низ гардан ёзонда, даруни халтадонро нигарист: чанд дона арзану гандум, ду-се ҷисми кирмшабеҳ, андаке баргу сабзаи гиёҳ ва сангпорае аз мош калонтар дид.
Бимастура ҷиғилдон ва ҳама лашу луши онро болои сандалӣ партофту фақат сангчаро нигоҳ дошт. Онро аввал бо нӯги ангуштон ламсида, баъд бо остин пок кард. Сангча дурахше бароварда, дар партави чароғ ҷило дод. Ҷилои рангоранг…
Аз ҷилои санг ақли тирагаштаи зани сарторик равшан гардид. Аз таги болишт ангуштари бенигинро бароварда, санги рахшонро шитобон ба чашми холии он ниҳод. Аҷаб нигине шуд созу мувофиқ! Аз шодӣ мисли гули баҳорӣ шукуфт ва «Нигин ёфт шуд!» гуфта, зангуладор хандид. Баъд кабутар ба ёдаш омад магар, ки гули хандон хазону чеҳраи шукуфон ҳазин гардид. «Во кабутарам!» гӯён, рӯйи чойгаҳ афтид ва баланду бардавом гирист.
Момодоя, ки сирри кабутар ва нигинро намедонист, аз гирдгаштҳои ногаҳонӣ дилтангу асабонӣ шудаю сарҳисоби корро гум карда, то ором шудани Бимастура лоубол истод. Андактар бо ҳадя- ҳои шоҳона ба ҳавлияш рафту расо баъди чор моҳу чор рӯз боз омад. Саҳеҳтараш, вайро бо илтимосу илтиҷои зиёд, аз ҷойгоҳи хобаш хезонда, нисфишабӣ ба сари болини Бимастура оварданд, ки аз шиддати дард печутоб мехӯрд.
Дили тарсхӯрдаи момодоя меларзид. Вале… таваллуди тифли ҳафтмоҳа беозор ва осон шуд…
Садои гӯшнавози меҳмони нав момодояи хоболудро ҳушёр кард. Вазифаи худ ба ёд оварда, ҳадаҳа тифлро рӯйи даст бардошт ва аз шодии ногаҳонӣ «Вай ман мурам! Ин духтарчая бинед, кафтарча барин. Майдаяк… Хушрӯяк. Сап-сафедак» гуфту баъди ба худ омадан паёми табрикӣ ба парокандагӣ изҳор кард:
– Меҳмони нав муборак бошад, духтарам! Илоҳо хушпою қадам ва тансиҳату хушбахт шавад. Чашмат ба дидори моҳи нав рӯшан бод!
Бимастура чашм кушода, дар дасти момодоя тифлаке дид мисли шир сафеду чун моҳи тобон дурахшон. Фаҳмид, ки равшании чашмаш аз талъати ин гулдухтар аст. Шод гашту бо лаби пурханда гуфт:
– Шукри беҳад, ки Соҳиби олам бо шарофати Пири Бузургворам ба ангуштарин нигин доду ба модари мискин Нигина! Шукри Худо, ки соҳиби сарам соҳиби фарзанд шуданд!
Вақте ин суханро Абдулсайид шунид, сабзу хуррам гашт. Гаштаю баргашта Офаридгорро сипосу сано хонд, ки ӯро ба мурод расонд, соҳиби зағораи тиллоӣ гардонд. Сипас шукри неъмат гузорид ва меҳмонхонаи гулкориро оростаю пероста гардонда, фаровон асбоби нишот фароҳам овард. Аҳли маҳалларо зиёфат доду ҳамроҳи ёру дӯстон ба дилхушӣ пайваст.
Дар авҷи зиёфат шавҳари момодоя, ки шоиртабъ буду бо тахаллуси Абдулмаҷиди Ворухӣ шеър менавишт, пой бар замин кӯфта, шоирона бонг зад:
– Эй мардум, маро гӯш диҳед!
Аз доямомо таърифи духтари Абдулсайидро бисёр шунидам. Гуфт, ки рӯи тифли нав чун моҳи нав тобон асту мисли парӣ зебо! Дарҳол як байти Фирдавсӣ ёдам омад:
Ҷудо гашт аз ӯ кӯдаке чун парӣ,
Ба чеҳра ба сони бути озарӣ!
– Ин хел нагӯ, шоир! – ҳадаҳа эрод гирифт Зарифи мударрис. –Бути зебое, ки падари Иброҳими пайғамбар Озар тарошидааст дар Ворух ҷой намегирад!
– Ин хел бошад, паричеҳраи нав бути Ворух аст!
– Дар хонаи Муяссари ҷоду як бути безеб ҳаст, ҳамон кофист!
– Он гаҷпора асту ин гулбадан! – паст наомад шоир. – Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Нигина бути Ворух мешавад. Яъне, аз бути Фархор зеботар, аз бути Яғмо раънотар, аз бути Чигил барнотар хоҳад шудан! Бузургтарин родмарди замон ба Нигина ошиқи шайдо хоҳад шудан!!
Аз ин каломи хуб хушҳолӣ дучанд гардид ва аксарият «Рост мегӯяд шоир, Нигина бадри Ворух, моҳи тобони Ворух, моҳи мунаввари шаби чаҳордаҳум дар осмони Ворух мешавад» гӯён дасти ҳиммат баланд бардошта, ба сари шоир борони дирам рехтанд.
Абдулмаҷид шод гашту нидо дардод:
– Шоҳи олам бандаи бути Ворух мешавад!
Чанд марди сармаст гапи шоирро лоғ пиндошта, «Бас! Дигар жож махой!!» гуфтанд.
Онҳо аз бехабарӣ чунин гуфтанд. Азеро ҳарфу ҳиҷои ин марди оташсухан ҳазён набуд. Вай мисли дигар шоирон шӯху далеру нотарс ва шартакигӯ буд, аммо ҳарзагӯ не: насибае аз ғайб дошту ҳини мавлудаш дар машриқи осмон бурҷи Савр ҷойгузин ва бинобар ин ҳар чӣ пешгӯӣ мекард – хоҳ ба ҳазлу шӯхӣ ва хоҳ ба оҳанги ҷиддӣ – рост мебаромад ё ба ҳақиқат наздик меомад.
Ин карат ҳам фоли шоир мутлақо дуруст баромад: дар шаҳри Гурганҷ намояндаи шашуми сулолаи Хоразмшоҳиёни кабир Қутбиддин Муҳаммади Сонӣ маҳз дар рӯзи мавлуди Нигина-явми чаҳоршанбеи бистуми моҳи шаввол, соли 596 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба сеюми августи соли 1200 мелодӣ ба тахти подшоҳӣ нишаст…
Равзанаи якум. Тафсири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз
Аз мавлуди Нигина ҳазор рӯз гузашт ва амакбобояш Аҳмадсайид ибни Маҳмадсайид ба ин муносибат зиёфате мӯҳташам орост бо номи «Ҳазора». Барои ҳазор нафар дастархон кушода, онро бо ҳазору як хел нуқлу наво оро дод. Чанд гову гӯсфанд забҳ шуду дегҳои қатор аз таомҳои гуногун лабрез гашт.
Мардуми доирахабар шоду мамнун буданду дар ҳавлии калони тоҷири бузург давра-давра менишастанд – занон дар айвонҳои дарозрӯяи гаҷкорӣ, мардон зери дарахтони серсоя. Лекин тахтакати паҳни соябондори мобайни ҳавлӣ пуродам набуд – ҳамагӣ чор марди хушлибос болои кӯрпачаҳои шоҳию бахмал ба лӯлаболиштҳои пари қу такя задаву меҳмони ифтихорӣ будани худро намоиш дода, бо кибру ғурур ба атрофиён менигаристанд. Онҳо кам мехӯрданду бештар гап мезаданд ва ҳар замон беибо қоҳ-қоҳ механдиданд.
Садри ин маҳфил амлокдори бозори Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб дулунҷа гӯшт мехойид ва аз шарики тиҷоратӣ буданаш бо соҳибмаърака меболид. Кадхудои Ворух Иброҳимхоҷа, ки ғайриихтиёри худ вазифаи чойрезиро бар ӯҳда дошт, ҳар гапи вайро тамаллуқкорона тасдиқ карда, гаштаю баргашта «Бойбобо, марҳамат кунед!» гӯён, гӯштпораҳои равғанин ва меваҷоти беҳтарин наздаш мегузошту гоҳ-гоҳе бо чашми илтифот ба ду меҳмони рӯ ба рӯ низ менигарист, ки аз ҷониби падари Нигина даъват шуда буданд. Чанд сол муқаддам як гурӯҳ устоҳои ворухӣ дар сохтмони масҷиди ҷомеи Исфара чил рӯз тариқи ҳашар кор карданду тибқи тақсимот Абдулсайид шабҳо дар манзили Насриддини усто мехобид, ки қории мураттаби «Қуръон» буду ҳама бо эҳтиром Усто Мулло мегуфтанд. Ситораи ҳар ду ба ҳам рост омаду дӯстони ҷонӣ шуданд ва рафтуомади тарафайнро ба роҳ монданд. Устои сангтарош даъвати устои дуредгарро бо хушҳолӣ пазируфта, додарзодааш Аҳмадро ҳамроҳ оварда буд, ки кайҳо боз тамошои манзараҳои афсонавии ин деҳаи биҳиштиро орзу мекард.
Аҳмади шоиртабъ ба сӯҳбати бузургсолон ҳамроҳ нашудаю ҳар замон мағзе ё мавизе ба даҳон партофта, бо завқи зиёд ҳаракатҳои мавзуни раққосаи тахмин 14-15 соларо тамошо мекард, ки Бойбобо кафи саховатро калон кушода, ӯро ҳамроҳи дастаи мутрибони номдори исфарангӣ ҳадя оварда буд.
Вақте таронаи шӯх анҷом ёфту муғаниҳо аз лаҳни сигонаи Борбад тараннуми сурудеро андар ситоиши волидон оғоз карданд, ба раққоса имконият фароҳам омад, то лаҳзае нафас рост карда, обу ғизо хӯрад. Хиромон роҳ гашта, худро ба ҳалқаи занҳо расонду мурғи хаёли Аҳмад ба парвоз омад. Зеро ба назараш чунин намуд, ки ин духтаракро пештар дар куҷое дидааст. Хеле фикру хаёл карду оқибат дарёфт: соли охирини таҳсил дар мадрасаи Марғинон ҳамроҳи ҳамсабақони шоирпешааш ба дарбори подшоҳӣ рафта, бо сарпарастии вазири фозил ва фарҳангпарвар Баҳоуддин, ки соҳибдевон буд, базми сухан ва ҳунар оростанд. Ана дар ҳамон маҳфили бошукӯҳ ин раққоса низ иштирок дошту мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор гирифт. Байғушоҳ, ки ҳам қуввати фазл дошту ҳам фазли қувват вайро «товуси навхиром» номида, диноре чанд пеши пояш партофта буд…
Мақоми тӯлонӣ анҷом ёфтан ҳамон оҳанги сабук баланд шуд ва «товуси навхиром» бо нерӯи тоза бол кушода, ба рақсгоҳ парид. Дар тан парниёни сабук саҳнаро давр зада, лаҳзае дар мобайн қарор истод, то авҷи рақсро шурӯъ намояд. Ҳамин асно аз байни занҳо Нигиначаи гулгунлибос бо чеҳраи шукуфон дартоз баромаду айнан мисли раққоса саҳнаро давр гашта, дар паҳлӯяш ором гирифт. Ҳама даҳон калон кушода, аммо нафас дарун кашида, интизор истоданд, ки идомаи кор чӣ мешавад.
Мутобиқ ба зарби доира раққоса китф ҷунбонду Нигина ҳам китф ҷунбонд. Раққоса даст бардошту духтарча ҳам даст бардошт. Пой ҷунбонад – пой меҷунбонд, сар афшонад – сар меафшонд.
Доду ғиреви мардум ба осмон печид. Ҳама баробар каф кӯфта, офарин мегуфтанду нидои шодӣ мебароварданд. Бойбобо мисли аспи ҷавмаст шиҳа кашида, як каф тангаи нуқра аз сари Нигина пошид. Часорати ногаҳонӣ ва тақлидкорию ҳаракатҳои ширини кӯдаке, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯи шир меомаду имрӯз ба ҳама гуна нозу нуз ва эркагию густохӣ ҳақ дошт, аксариятро ба по хезонд. Аҳмад ҳам ончунон ба ваҷд омад, ки бехудона аз кат фуромада, «духтарчаи хушрӯча»-ро озод аз замин бардошту дар ҳаво давр занонда, оҳиста поён фаровард ва навозишкорона аз пешониаш бӯсид. Сипас бо овози ҷарангосӣ гуфт:
– Мебинам, ки дастафшонию пойкӯбии ин кафтараки навбол ҳамаро шӯр ангехт. Ман ҳам сахт шодмона шудам. Бадоҳатан як рубоӣ эҷод шуд, ки ба Нигина мебахшам:
Гулбоди баҳор атрфишон аз рақсат,
Хушҳол шуда пиру ҷавон аз рақсат.
Маҳрум мабод то қиёмат ҳаргиз
Чашми ҳама мардуми ҷаҳон аз рақсат!