
Полная версия
Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ
Ҷадвали 3
Дар умум механизми идоракуниро сиёсати идоракунӣ низ гуфтан мумкин аст, зеро он асосан ҷараён, падида ва муносибатҳои сиёсӣ-маъмуриро зимни пешбурди фаъолияти ташкилию амалӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ташкилот дар маҷмуъ амалӣ мегардонад.
Субъект ва объекти идоракунӣ
Идоракунӣ дар ҷараёни таъсиррасонии мустақими як шахс ба шахси дигар ташкил меёбад; ки он ба муносибатҳои субъективӣ – муайянкунандаи самтҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои фаъолият; ва обективӣ – амалисозанда ва ё иҷрокунандаи ҷузъҳои муайяншуда ҷудо мешавад.
Бояд иброз намуд, ки агар идоракунӣ зимни таъсири як шахс ба шахси дигар ташкил ёбад, пас идоракунии иҷтимоӣ бо таъсиррасонии мутақобилаи ҳар ду ҷониб, ҳам субъект ва ҳам объект ба вуҷуд меояд. Тафсири дигар он аст, ки зимни идоракунӣ вазифаҳои субъект ва объект мушаххас мебошанд, аммо дар идоракунии иҷтимоӣ объект дар ҳолатҳои муайян метавонад ҳамчун субъект баромад намояд (шинохта шавад).
Ҳамин тариқ, . субъекти идоракунӣ ин низоми маъмурии корхона – роҳбар (ият) и корхона, ки ҳуқуқ ва ваколати ҳукмфармоӣ, фармоиширо соҳиб аст ва дастгоҳи идоракунии он, ки ба ташкил ва амалисозии таъсирҳои идоракунӣ машғул мебошад, дониста мешаванд
Объект бошад, кормандони алоҳида, гуруҳҳои кормандон ва дастгоҳи истеҳсолиро, ки ба онҳо таъсирҳои (фармоишҳои) идоракунӣ равона (муқаррар) гардидаанд, фаро мегирад.
Бо як ифода дар муносибати идоракунӣ субъект ин фаромишдиҳанда, идоракунанда ва объект иҷрокунанда, идорашаванда мебошад.
Байни субъект ва объекти идоракунӣ ва ё кордиҳанда ва корманд робитаҳои мустақим ва бозгашти хусусияти иттилоотидошта ҷой доранд. Ин робитаҳо тибқи назарияи Ф. Тейлор ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
– – тақсимбандии меҳнат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо байни роҳбар ва корманд, ки мақсади он ташкил намудани зинабандии (иерархияи) идоракунӣ дар ташкилот мебошад; Тақсимоти банақшагирӣ ва иҷрои кор
– – тақсими баробари вазифаҳо ва уҳдадориҳо (аз ҷониби роҳбар) байни тамоми кормандон бо назардошти қобилияти амалии онҳо, то ин ки адолат ва сифати меҳнат таъмин карда шавад; Уҳдадорӣ аз рӯи вазифаҳо
– – ҳар як амал дар алоҳидагӣ ва маҷмӯи амалҳо / корҳо аз рӯи таркиб, пайдарпайӣ ва вақти муайяншуда бо мақсади дастёбӣ ба муваффақиятҳои меҳнатӣ-истеҳсолӣ зимни таҳқиқ қарор дода мешаванд; Таҳқиқи таркиб ва вақти корӣ
– – корманд бояд аз рӯи иҷрои нақшаи (вазифаи) муқарраршуда маош гирад: аммо корманде, ки маҳсулнокии меҳнатиаш зиёд аст ва нақшаи гузошташударо барзиёд иҷро мекунад, бояд ҳавасманд гардонида шавад – дар баробари маош боз мукофоти пулӣ гирад; мутаносибан корманде, ки мунтазам уҳдадории нақшавӣ / истеҳсолии худро иҷро менамояд, маоши ӯ нисбат ба кормандони натиҷаи пастдошта бояд зиёд бошад. Яъне василаи далелнокӣ ва ё ҳавасмандгардонӣ дар ин ҷо ба даст овардани маблағи зиёд ба ҳисоб меравад. Аммо ин назари Тейлор ба назари Г. Гант мухолифат дорад – ӯ назареро пеш гузоштааст, ки маоши корманд новобаста аз ҳаҷми иҷрои нақша / уҳдадорӣ бояд ҳадди устувор (тағйирнаёбанда) дошта бошад; Мукофоти пулӣ
Ин ду назарро агар таҳлил намоем, пас назари Тейлор хоси принсипҳои демократии идоракунӣ буда, назари Гант мансуби принсипҳои сотсиалистии идоракунӣ арзёбӣ мегардад.
– – асоси фаъолияти ташкилотро кадр / воҳиди корӣ (мутахассис, корманд) ташкил медиҳад, бинобар ин интихоб, ҷобаҷогузорӣ, омодасозӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, малака ва таҷрибаомӯзии кадрӣ мавриди омӯзиши махсус қарор дода мешавад. Интихоб (хостагирӣ) ва таълим

7.3 Сохторҳои намунавии (қолибии) идоракунии иҷтимоӣ
Идоракунии иҷтимоӣ чун дигар низомҳо аз рӯи нишонаҳо ба якчанд сохторҳои намунавӣ ҷудо мешавад. Аммо бо назардошти таҷриба онҳоро метавон ба ду гуруҳ: 1) низоми идоракунӣ-ташкилӣ; ва 2) низоми идоракунӣ-ташкилӣ ҷудо намуд. аз рӯи хосияти робитаи мутақобилаи ҷузъҳои таркиби ҷузъҳои
Аз рӯи хосияти робитаи мутақобилаи ҷузъҳои идоракунӣ – . муносибатҳо байни субъект ва объекти идоракунӣ бо тартиби зинабандӣ ва аз рӯи вазифаҳо / уҳдадориҳо ба роҳ монда мешаванд Дар инҷо асоси фаъолиятро робита ташкил медиҳад.
Аз рӯи таркиби ҷузъҳои идоракунӣ – . муносибатҳо байни субъект ва объекти идоракунӣ бо тартиби зинабандӣ аз рӯи истеҳсоли маҳсулот ва ё ҳудуд ба роҳ монда мешавад Дар инҷо робита муҳим нест; муҳим, рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва таъсирнокии ташкилот дар ҳудудҳои муайян арзёбӣ мегардад.
Мутобиқи хосияти робитавии ҷузъҳо сохторҳои идоракунии иҷтимоӣ ба чор гуруҳ ҷудо мешаванд: патриархалӣ (падаршоҳӣ / оддӣ); аммудӣ; амалӣ; ва амудӣ-амалӣ.
Аз рӯи таркиби ҷузъҳо низ, сохторҳо ба чор гуруҳ ҷудо мегарданд: сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ; дивизионӣ; лоиҳавӣ; ва қолибӣ (матрисавӣ).
Сохтори патриархалӣ ва ё оддӣ
Намуди сохтори идоракунии оддӣ аз роҳбар ва якчанд корманд (2—15 нафар) иборат мебошад. Сохтор аз рӯи усули тақсимоти дуқишрӣ роҳбар ва зертобеон амал мекунад, ки он асосан барои ташкилотҳои хурд мувофиқ мебошад. Дар чунин сохтор ҳамаи ҳайат тобеи як нафар мебошанд, ки онро ба принсипи яккаҳукмронӣ низ шабоҳат додан мумкин аст (Ҷадвали 4).
Ҷадвали 4
Камбудии ин намуди сохтор ба он асос меёбад, ки онро наметавон барои ташкилоти миёна ва бузург бо фарогирии теъдоди зиёди кормандон истифода бурд, зеро ин принсип ҳам барои ташкилоти хурд ва ҳам бурузрг ношоям мебошад.
Сохтори амудӣ
Сохтор намуди амудӣ шакли рушдёфтаи сохтори намуди патриархалӣ буда, ба ҳар як роҳбар теъдоди муайяни кормандон бо принсипи иерархӣ – «аз боло ба поён» тобеъ мебошанд. Яъне, дар сатҳи аз ҳама болои ташкилот як роҳбар, дар сатҳи дуюми маъмурӣ 2—3 роҳбар ва ғайра бо ҳамин тартиб ҳар як роҳбар зертобеони худро дошта, дар сатҳи аз ҳама поён тобеон ҳамчун иҷрокунанда барои татбиқи вазифаҳои муайян бевосита амал мекунанд (Ҷадвали 5).
Робитаҳои амудӣ бо тартиби тобеияти зинабандишуда ба роҳ монда мешаванд. Сохторҳо аз рӯи сатҳ ва ҳудуд ба якдигар тобеъ мебошанд: поёнӣ ё маҳаллӣ ба миёна ё минтақавӣ, миёна ба болои ё марказӣ (ҷумҳуриявӣ).
Дар ин намуди сохтор принсипи яккаҳукмронӣ нигоҳ дошта шуда, як нафар масъулияти ҳамаро ба душ гирифта, дигар роҳбарон ва тобеонро сарварӣ мекунад. Дар ин гуна сохтор ҳар як роҳбар бояд мутахассис, тахассуснок буда, донишу малакаи заруриро соҳиб бошад.
Ҷадвали 5
Камбудии ин сохтори идоракунӣ ба набудани принсипи фасеҳӣ (гибкост) ва мутобиқшавӣ асос меёбад, ки монеаи рушди ташкилот дар ҳалли масъалаҳои маҷмӯӣ мегардад. Инчунин, он ба тахассуснокии роҳбарон талабот ва сарбории зиёд пеш меорад.
Новобаста аз ин, ташкили корхонаҳои хурд ва фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳамин намуди сохторҳо оғоз мегарданд, сипас бо мурури инкишоф ёфтан бо дигаргунсозии сохтор ба намуди дигари сохтори идоракунӣ мепардозанд.
Сохтори намуди амалӣ
Ташкилот барои амалисозии фаъолият аз рӯи вазифаҳо / уҳдадориҳои муайян якчанд воҳидҳои сохториро ташкил медиҳад. Ҷиҳати самранокии (роҳбарии) фаъолият байни ин воҳидҳо ва маъмурияти ташкилот робитаи тобеият муқаррар карда мешавад. Ин воҳидҳоро дар таҷриба бахши молия, хоҷагидорӣ, харидорӣ, истеҳсолот ва ғайра ташкил медиҳанд (Ҷадвали 6).
Дар сурати дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти ҳамоҳангсозӣ воҳидҳои сохторӣ ба аз байн бурдани амалҳои такрорӣ ва паст кардани хароҷоти истеъмолӣ мусоидат менамояд. Инчунин, ин сохтор ба баланд гардидани сифати қарорҳои идорӣ ва тахассуснокии фаъолият имкон медиҳад.
Ҷадвали 6
Камбудии ин намуди сохтор: вайрон гардидани принсипи яккаҳукмронӣ, зеро ҳар як иҷрокунанда дар як вақт метавонад аз якчанд роҳбар, ки вазифаҳои гуногунро бар уҳда доранд супориш гирад; суръати пасти қабули қарорҳо; ва масъул набудани роҳбарони амалӣ ба натиҷаи ниҳоии ташкилот.
Дар баробари ин, сохтори намуди амалӣ зимни рушд ёфтани имкониятҳо барои бадастории ҳадафҳои нисбатан васеъ номуносиб арзёбӣ мегардад. Чунки мавриди баромадни ташкилот ба бозори ҷаҳонӣ, мувофиқан васеъ гардонидани имконияти хизматрасонӣ ва маҳсулот байни воҳидҳои сохторӣ ва дар умум дар таркиби ташкилот зиддияти манфиатҳо афзоиш меёбад.
Ин намуди сохтор маъмулан дар алоҳидагӣ (танҳоӣ) истифода бурда намешавад, дар бисёр ҳолатҳо он дар якҷоягӣ бо сохтори намуди амудӣ ҳамчун сохтори амудӣ-амалӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Сохтори амудӣ-амалӣ
Дар ин намуди сохтори идоракунӣ бофташавии усулби амалигардонии вазифаҳои махсусгардонидашудаи маҳдуд бо низоми масъулиятнокӣ ва тобеият дар ҳалли бевоситаи вазифаҳои намудҳои асосии фаъолият ба кор медарояд (Ҷадвали 7).
Ин навъи сохторе мебошад, ки дар ҳамгироии усулҳои идоракунии патриархалӣ ва амалӣ низоми нисбатан муътадили идоракуниро ташкил медиҳад.
Ҷадвали 7
Чӣ тавре дар боло оварда шуд, сохторҳои намунавии идоракунӣ аз рӯи таркиби ҷузъҳо ба чор гуруҳ: сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ; дивизионӣ; лоиҳавӣ; ва қолибӣ (матрисавӣ) ҷудо мегарданд.
Сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ
Дар ҳолате, ки ташкилот ба ниҳоди бузург табдил меёбад ва дар сохтори он бахшҳои зиёди мустақил ва соҳаи (самти) фаъолияти наздик ва ё ягонадошта амал менамоянд, зарурат пайдо мегардад, ки барои ҳамоҳангсозӣ ва таъмини маҳсулнокии фаъолияти онҳо воҳидҳои байнисоҳавӣ ташкил карда шаванд. Воҳидҳои байнисоҳавӣ дар як вақт нақши мақоми пайвасткунандаро байни роҳбарият ва бахшҳои истеҳсолӣ иҷро менамояд. Одатан чунин идораҳо аз ҷониби муовин (он) и роҳбар, ҳамчун маъсули қисми идории ташкилот ҳамоҳанг сохта мешаванд (Ҷадвали 8).
Сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ сараввал ҳамчун сохтори амудӣ-амалӣ буда, бо мурури васеъ гардидан сохтори худро тағйир медиҳад.
Ин намуди сохтори идоракунӣ дар навбати худ, ҳамчун усули ҳалли низоҳо баррасӣ мегардад, ки дар он воҳидҳои соҳавӣ аз ҳисоби бахшҳои поёнӣ воҳидҳои гуногуни самтнокро, ба монанди бахшҳои истеҳсолӣ, таъминотӣ, муҳандисӣ, баҳисобгирӣ ва ғайра ташкил медиҳанд ва фаъолияти онҳоро аз рӯи самтҳои махсуси муайяншуда ҳамоҳанг месозанд.
Ҷадвали 8
Сохтори девизионӣ
Ташкилот ва ё корхона ҳангоми бузург шудан механизмҳои гуногуни таъминкунандаи самаранокии фаъолиятро ҷустуҷӯ менамояд, аз ҷумла яке аз чунин механизмҳо ташкили намояндагиҳо дар маҳалҳои фаъолият ба ҳисоб меравад (Ҷадвали 9).
Сохтори девизионӣ маҳз ба ҳамин нуқта асос меёбад – дар он сохтори идоракунӣ на ба вазифаҳо ва на ба самтҳо, балки ба ҷузъҳо ё намояндагиҳо аз рӯи принсипи ҳудудӣ ҷудо мешавад. Дар ин намуди идоракунӣ ҳар як намояндагӣ масъулияти хос дошта, ҳамчун корхонаи минатқавӣ ва ё ҳудудӣ-истеҳсолӣ муқаррар мегардад ва дар навбати худ дар роҳи таъмини самаранокии фаъолият ва ба даст овардани даромад ба бахшҳои истеҳсолӣ, таъминотӣ, маркетингӣ ва ғайра ҷудо мешавад. Дар корхонаҳои ҳудудӣ роҳбар ба рушди фаъолияти дар ҳудуди муайян ва таъмини даромаднокии он масъул мебошад.
Сохтори девизионӣ бештар ба ташкилотҳои истеҳсолии бузург (Газпром, Coca-Cola, DHL, Samsung ва ғ.) мувофиқ аст, бо ташкили намояндагиҳои ҳудудӣ он хароҷоти нақлиёт, нигоҳдории маҳсулот ва кирои кормандонро, ки маблағи хеле зиёдро ташкил медиҳад, сарфа мекунад. Дар баробари ин, ташкилот тавассути намояндагиҳо имконият пайдо мекунад, ки талаботи бозори маҳаллӣ ва ё минтақавиро муайян карда, маҳсулоти мувофиқро ба он таъмин намояд; бо ин роҳ низ самаранокии фаъолияти молиявӣ таъмин мегардад.
Ҳамчунин, корхонаҳои ҳудудӣ барои омодасозӣ ва таҷрибаомӯзии кадрӣ майдони муносибе мебошанд, ки дар он агар роҳбар уҳдабаро нагардад, ба ташкилот зарари зиёд намерасад, зерои захираи кадрӣ дар ин сохтор зиёд аст.
Дар ташкилотҳои бузургтар сохторҳои дивизионӣ дар шакли омехта низ пайдо мегарданд. Он вақт ҳар як корхонаи ҳудудии минтақавӣ ба бахшҳои маҳсулоттаъминкунӣ ҷудо мешавад ва бахши маҳсулоттаъминкунӣ дар навбати худ, ба бахшҳои ҳудудии маҳаллӣ ҷудо шуда, фаъолияти хоси худро ба иҷро мерасонанд.
Ҷадвали 9
Ҳар як маҳсулот тибқи ин низом тартиботи муайяни амалисозиро соҳиб мебошад: 1) тадқиқот ва таҳия; 2) истеҳсолот; ва 3) фурӯш ва таъминот. Ҳар яке аз ин зинаҳо сохтори муносиби идоракуниро низ соҳиб мебошанд.
Камбудии ин сохтор ба мураккаб будани робитаҳои иттилоотӣ асос меёбад.
Сохтори лоиҳавӣ
Барои рушди фаъолияти идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳолатҳое пешорӯ мегарданд, ки зарурати ташкили гуруҳ ва ё ташкилоти муваққатиро иборат аз мутахассисон ва ё коршиносони ботаҷриба барои амалисозии вазифаҳои муайян (одатан, таҳияи механизми инноватсионии идоракунӣ ва ё коркард ва озмоиши маҳсулоти нав ва ё дастгоҳи истеҳсолӣ) пеш меоранд. Дар умум ин намуди сохтори намунавиро сохтори лоиҳавӣ меноманд, чун вазифаҳои муайянгардида дар шакли лоиҳа таҳия гардида, сипас ба гуруҳи муайяни мутахассисон фармоиш дода мешавад (Ҷадвали 10).
Сохтори лоиҳавӣ аз ҷониби роҳбаре, ки ба зинаи болоӣ (дастгоҳи фармоишгар) тобеъ аст, идора карда мешавад.
Бинобар хусусияти муваққатӣ доштан, муҳлати фаъолияти сохтори лоиҳавӣ маҳдуд мебошад. Зимни ба анҷом расидани вазифаҳои вогузогардида, фаъолияти ин сохтор / лоиҳа низ хотима меёбад, кормандони он бошад, ба корҳои доимӣ ва ё дигар лоиҳаҳо мегузаранд.
Ҷадвали 10
Камбудии сохтор дар он аст, ки ҳайати кормандон ба ду зина тобеъ мебошанд: маъмурияти ташкилот ва роҳбарияти лоиҳа.
Сохтори қолибӣ
Сохтори намуди мазкур сохтори гуногуншакли лоиҳавӣ буда, аз ду қолиби дученака иборат мебошад. Яке аз ин ченакҳо ин гуруҳи кормандон ва маҷмӯи василаҳо, ки аз ҳисоби воҳидҳои зерсохтории ташкилот барои амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷудо гардидаанд ва дигаре худи лоиҳаҳо мебошанд (Ҷадвали 11).
Ҷадвали 11
Дар ҳар як сохтори лоиҳавӣ принсипи ҳамоҳангсозии дутарафа: аз ҷониби роҳбарияти ташкилот ва роҳбарияти лоиҳа ҳукмрон мебошад, ки он низоми идоракунии яккаҳукмрониро вайрон мекунад, аммо дар фаъолият фасеҳият ва фаврият дастёб мегардад, ки хоси услуби идоракунии муваффақ мебошад.
Дар сохтори қолибӣ бо пайдо шудани лоиҳаҳо азнавтақсимкунии захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар мисоли Тоҷикистон ин намуди идоракунӣ ба фаъолияти марказҳои лоиҳавии соҳавӣ (назди мақомоти идоракунии давлатӣ) ва гуруҳҳои корӣ оид ба таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ шабоҳат дода мешавад.








7.4 Вазифаҳои идоракунии иҷтимоӣ
. Вазифаҳои идоракунӣ намудҳои махсуси фаъолиятро ташкил дода, аз самтҳо ва ё марҳалаҳои таъсиррасонии мақсаднок ба робитаҳо ва муносибатҳои одамон дар ҷараёни фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунӣ иборат мебошад
Таркиби вазифаҳои идоракунӣ бояд дигаргуншавии самараноки низоми идоракунандаро вобаста ба ҳар як вазъ ва ҳолати тағйироти он таъмин созад.
Вазифаҳои идоракуниро зарур аст, ки бо назардошти аломатҳои таснифии он: хусусиятнокии ҷараёни идоракунӣ (баррасии он ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ва ташаккулдиҳандаи қонунҳо ва қонунияти идоракунӣ) ва ҷараёни рушди иҷтимоӣ (самтнокии идоракунӣ ба ҷузъҳои ҳамин ҷараён ва ё фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ) баррасӣ намуд.
Ҳамин тариқ, вазифаҳои асосии идоракунӣ иборатанд аз:
– Банақшагирӣ, инчунин пешгӯӣ – шакли таъсиррасонии мақсаднокро ба гуруҳи одамон бо роҳи таҳия (коркард) ва гузоштани (масъалагузории) мақсад ва вазифаҳои марбут ба идоракунии иҷтимоӣ, ҳамчунин муайян намудани роҳу усулҳо ва воситаҳои амалисозии нақшаҳо ҷиҳати бадастории мақсадҳои гузошташуда, ташкил медиҳад;
– Ташкилот – шакли таъсиррасони мақсаднок ба гуруҳи одамон буда, бо роҳи таъсиси сохторҳои нави идоракунӣ ва танзими сохторҳои амалкунандаи идоракунӣ ҳамчун ҷузъи ҷараёни татбиқи нақшаҳо ва вазифаҳои идоракунии иҷтимоӣ, амал менамояд;
– Ҳамоҳангсозӣ ва ё батанзимдарорӣ – шакли таъсиррасонии мақсаднокро ба гуруҳи одамон бо роҳи таъмин намудани мувофиқати амалҳои зарурӣ ҳамчун ҷузъи ҷараёни амалисозии мақсадҳои гузошташуда, ба амал мебарорад;
– Ҳавасмандсозӣ, фаъолнокӣ ва омӯзиш ва дастурдиҳӣ – шакли таъсиррасонии мақсаднокро ба одамон бо роҳи шавқманд ва омода сохтани (омӯзиши) онҳо ба амалҳои мусоидаткунанда ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунӣ ҳамчун ҷузъи ҷараёни амалисозии мақсадҳои гузошташуда, пеш мегузорад;
– Назорат ва ё таҳлил ва баҳисобгирӣ – шакли таъсиррасонии мақсаднокро ба гуруҳи одамон бо роҳи мушоҳидаи бонизом ба фаъолияти онҳо ҷиҳати муайян намудани дуршавӣ аз меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботи муқарраршуда дар ҷараёни амалисозии мақсадҳои гузошташуда, ташкил медиҳад.
Ин вазифаҳо асосан дар якҷоягӣ ва робитаи мутақобила амал мекунанд, аммо гузариш аз як сатҳи идоракунии иҷтимоӣ ба дигар сатҳ ба тағйир додани таносуби таркиби онҳо боис мегардад.
Инчунин, дар ҳолатҳое ки вазифаҳои асосии идоракунӣ нисбат ҳар як ҷараёни идоракунии иҷтимоӣ муносибати / хусусияти умумӣ дорад, вазифаҳои махсуси идоракунӣ ба ҷузъиёти низомҳои иҷтимоӣ бо назардошти хосияти онҳо муносиб мебошад. Мисол: фаъолияти истеҳсолӣ-ташкилии корхона вазифаҳои хоси худро, ба монанди омодасозӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъбастӣ фаро мегирад.
7.5 Воҳидҳои корӣ ва ё кадрҳо дар идоракунӣ
Ҳар як ташкилот аз маъмурият ва теъдоди муайяни кормандон иборат мебошад, ки онҳоро дар якҷоягӣ ҳайати корӣ ё воҳидҳои корӣ ва ё кадрҳо меноманд. Кадрҳо (воҳидҳои корӣ) вазифаҳои идоракуниро амалӣ месозанд ва ё ба амалишавии онҳо мусоидат мекунанд.
Дар амал гуруҳбандии гуногуни кадрҳои идоракунанда мавҷуд аст, ба монанди: аз рӯи аломати вазифавӣ / мансабӣ; аз рӯи зинаҳо дар идоракунии намуди иерархӣ (зинабандӣ); аз рӯи бахшҳои истеҳсолотӣ ва ғайра. Аммо гуруҳбандии заминавӣ – гуруҳбандии кормандон ҳангоми (дар ҷараёни) қабул ва амалигардонии қарорҳо мебошад. Аз рӯи ин аломат : воҳидҳои корӣ ба се гуруҳҳои зерин ҷудо мешаванд
– – шахсоне мебошанд, ки гуруҳи муайяни кормандонро роҳбарӣ ва фаъолияти онҳоро дар самти амалисозии вазифаҳо ва мақсадҳои гузошташуда назорат ва танзим менамоянд, инчунин кори тамоми дастгоҳи идоракунӣ ва ё бахшҳои алоҳидаи онро пеш мебаранд ва ҳамоҳанг месозанд. Роҳбарикунанда
– Ҳамзамон, роҳбарон ба ду гуруҳ амудӣ ва амалӣ ҷудо мешаванд:
– роҳбарони амудӣ роҳбарии умумиро бо принсипи иерархӣ – яккароҳбарӣ ба уҳда дошта, ба пешбурди фаъолияти асосии ташкилот масъулият доранд;
– роҳбарони амалӣ роҳбарии зерсохторҳо, бахшҳо ва ё намояндагиҳои ташкилотро аз рӯи ҳудуд ва ё маҳсулот / соҳаи муайян бар уҳда доранд.
– – шахсони тахассуснок буда, ба таҳияи масъалаҳои вазифавии хусусияти истеҳсолӣ ва идоридошта масъул мебошанд. Мутахассисон аз рӯи вазифаҳои идоракунӣ ва касбият гуруҳбандӣ мешаванд: сармутахассис; мутахассиси пешбар; мутахассис. Ба ин гуруҳ метавон муҳандисон, иқтисодчиён, муҳосибон, ҳуқуқшиносон ва ғайраро шомил намуд; Мутахассисон
– – гуруҳи хизматрасон ва ё ёрирасон буда, ба роҳбарон ва мутахассисон тобеъ мебошанд. Гуруҳбандии ҳайати ёрирасон асосан аз рӯи амалиёт сурат мегирад: котиб; ёрдамчӣ; хазинадор; боғбон; лаборант ва ғайра. Кормандони ёрирасон ва ё техникӣ дараҷа ва ё маълумоти маҳдуд ва мушахаси касбӣ дошта ба иҷрои вазифаҳои аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисон гузошташуда машғул / масъул мебошанд. Ҳайати ёридиҳанда
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
– Низоми идоракунӣ чист?
– Самтҳои механизми идоракуниро номбар кунед?
– Субъекти идоракунӣ чист?
– Объекти идоракуниро тавзеҳ диҳед.
– Сохторҳои намунавии идоракунӣ аз рӯи хусусияти робитавии унсурҳо ба чор гуруҳ ҷудо мешаванд, кадомҳо?
– Сохторҳои намунавии идоракунӣ аз рӯи таркиби унсурҳо ба чор гуруҳ ҷудо мешаванд, кадомҳо?
– Вазифаҳои идоракуниро тавзеҳ диҳед.
– Аз рӯи аломати мансабӣ ва ё вазифавӣ воҳидҳои корӣ дар ташкилот ба кадом се гуруҳҳо ҷудо мешаванд?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Бюрократия [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
– Гостенина В. И. Социология управления [Матни аслӣ]: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матни аслӣ]. – Душанбе: 1994
– Система социального управления [Маводи электронӣ] – Тарзи дастрасӣ: http://www.pravo.vuzlib.su/book_z872_page_17.html
– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.
– Яковлева Т. Н.Социология управления [Матни аслӣ]: учебно-методическое пособие для бакалавров – Астрахань: Астраханский государственный университет, Издательский дом «Астраханский университет», 2013. – 216 с.
§8. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ, НИЗОМҲО ВА ИНСТИТУТҲО
8.1 Шарикии иҷтимоӣ
Дар шароити демократикунонии ҷомеа низом ва институтҳои гуногуне пайдо шуданд, ки дар такя ба принсипҳои гуманистии идоракунӣ шаклҳои мухталифи танзимкунанда ва рушддиҳандаи муносибатҳои иҷтимоиро ба миён оварданд. Иштирокчиёни асосии ин консепсияро ҳукумат (ҳокимияти давлатӣ), соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар симои иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ғайритиҷоратӣ ва кормандон ташкил медиҳанд, ки дар умум ҳамоҳангии муносибатҳои онҳо баҳри қонеъ гардонидани талаботҳо ва манфиатҳои якдигар равона гардида, шарикии иҷтимоиро ташкил медиҳад.
Дар назариёти илмӣ шарикии иҷтимоӣ ҳамчун услуби батанзимдарорандаи муносибатҳо байни ҳукумат, кордиҳанда ва корманд (тариқи кироя) муайян гардидааст.
Тибқи назари Т. Тошенко дар ҳоли ҳозир шарикии иҷтимоӣ ба механизми устувори амалҳои мутақобилаи байни кормандон, соҳибкорон ва давлат асос меёбад. Аммо иштирокчиёни ин низом чӣ тавре дар боло зикр шуд, нисбатан зиёд буда, вазифаҳои гуногуни таъминкунандаи адолати иҷтимоиро пеша кардаанд.
Конец ознакомительного фрагмента.
Текст предоставлен ООО «Литрес».
Прочитайте эту книгу целиком, купив полную легальную версию на Литрес.
Безопасно оплатить книгу можно банковской картой Visa, MasterCard, Maestro, со счета мобильного телефона, с платежного терминала, в салоне МТС или Связной, через PayPal, WebMoney, Яндекс.Деньги, QIWI Кошелек, бонусными картами или другим удобным Вам способом.