
Полная версия
Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ
Бешубҳа, идоракунии ҳаёти маънавӣ ва ё руҳии фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими мувозинатдорандаи рушди ояндаи давлат табдил ёфта истодааст, зеро он ва ҷамъият дар баробари заминаҳои хуби моддии ташкилӣ асосҳои устувори ҷаҳонбинӣ ва ягонаи ғоявиро тақозо менамояд.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
– Самтҳои идоракунии иҷтимоиро номбар кунед?
– Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ фаъолияти кадом шаклҳои нави хоҷагиҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд?
– Хусусиятҳои самаранокии бюрократияро тибқи назарияи М. Вебер номбар кунед?
– Низоми идоракунии шакли авторитарӣ кадом хоситяҳоро дар бар мегирад?
– Хосиятҳои низоми идоракунии демократиро номбар кунед?
– Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ (руҳӣ-фарҳангӣ) кадом шароитҳоро фароҳам меорад?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.
– Яковлева Т. Н.Социология управления [Матни аслӣ]: учебно-методическое пособие для бакалавров – Астрахань: Астраханский государственный университет, Издательский дом «Астраханский университет», 2013. – 216 с.
– Бестужев-Лада И. В. Энциклопедический социологический словарь. – М., 1995. – 865 с.
– Бюрократия [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
– Виды социальных норм [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://legalmap.ru/articles/kp/norma/vidy-sotsialnykh-norm/
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матни аслӣ]. – Душанбе: 1994
– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. – Душанбе: «Ирфон». – 2007. – 236 с.
– Система социального управления [Маводи электронӣ] – Тарзи дастрасӣ: http://www.pravo.vuzlib.su/book_z872_page_17.html
– Социальные нормы и их классификация [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://lawtoday.ru/razdel/biblo/tgp/078.php
§5. АФКОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРҚ ДАР ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ
5.1 Назариёти мутафаккирони Шарқ оид ба низомҳои идоракунии ҷамъиятӣ
Нахустин ва оддитарин, шакли банизомоварии ташкили меҳнати муштарак ҳанӯз аз марҳилаи сохти ибтидоии ҷамъиятӣ вуҷуд дошт, вақте ки идоракунӣ якҷоя аз ҷониби тамоми аъзоёни оила, тоифа ва ҷомеа амалӣ мешуд. Куҳансолтарин шахс (оқсақол) ва пешвои қабила ба уҳдаи худ роҳбарии аввалро дар ташкили меҳнати муштарак ва тақсимоти озуқа (хӯрокворӣ) мегирифт.
Тахминан 10—8 ҳазор сол то қарни мо дар ҳудуди Шарқи Наздик (Шимоли Ироқ, Фаластин) тағйирот ба амал омад; шакли хоҷагидории анъанавӣ (шикор, ҷамъоварии меваю сабзавот ва ғ.) ба тарзи нави идоракунӣ – дарёфти маҳсулот ва роҳи истеҳсоли он бо ном табдил ёфт. Ин аввалин таҳовулот дар таърихи инсоният буд, ки онро археологи машҳури англис Гордон В. Чайлд «инқилоби неолитӣ» меномид. Дар муддати сипарӣ гаштани чандин садсолаҳо давлати мустабид (истибдод, тирония) -и бузург ва пуриқтидор ташаккул ёфт, ки худашонро ба қадри кофӣ таҷҷасумгари фаъолияти хуби идоракунӣ тасаввур намекарданд. Бунёди иншооти – дар асрҳои III – II пеш аз мелод – (мақбараи азими сангини фиръавнҳо) ёдгориҳои на танҳо намояндагони сулолаи пуриқтидори тавоно, балки ҳазорҳо бинокорон ва меъморон, инчунин санъати бунёдкорӣ, ки тавонистанд аз усулҳои идоракунӣ истифода кунанд, ба ҳисоб меравад. Равшан аён аст, ки барои бунёди масалан, аҳроми Хеопса, ки дар паҳнкуҳи Гиза (баландии 146,6м) ҷойгир аст, на танҳо шумораи бисёри масолеҳи сохтмонӣ ва қувваи корӣ лозим омад, балки дастаи устувори муҳандисон, механизмҳо (сохтмон, сохт, ташкил), инчунин банақшагирии дурнамои ташкил ва назорати иҷрои корҳо ташаккул ёфт. «иқтисоди истеҳсолӣ» аҳроми машҳури Миср
Заминаҳои назариявӣ принсипҳои (усулҳо ва шартҳои) идоракунӣ дар бо тарзи хуб ифода ёфтааст. дар солҳои 1792—1750 то солшумории мо объекти дигари идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Давлати пуриқтидор дар ҳамон давра дар Чини қадим амал мекард, ки дар давраи Чжоу (асрҳои XI – III п.а.м) – ёдгории муҳташами санъати меъморӣ (дарозии он баъди анҷом расонидан тақрибан 5 ҳазор км., ва баландиаш дар қитъаҳои алоҳида ба 10 м. мерасид) бунёд гардид. қонуни «Хаммурапӣ» Вавилони қадим девори бузурги Чин
бо фарогирии баъзе маълумотҳои ибтидоӣ ва тасаввуротҳо оид ба идоракунӣ дар Чини қадим, Ҳинди қадим ва Шарқи Наздик дар асрҳои V – IV-и пеш аз миллод рӯи кор омадааст. Рисолаи аввалин
Бо вуҷуди ин оид ба ташаккули тафаккури идоракунӣ эҷодиёти бузургтарин файласуфони юнони қадим Суқрот, Афлотун, Арасту таъсири назаррас гузошт. Аз рӯи гувоҳии ҳамзамонон, чунин мешуморид, ки Афкори ӯ дар рушди оянда ва ба даст овардани рисолаҳои Афлотун ва Арасту боис гардид, ки муфассалтар 3 шакли ҳукумронӣ: монархӣ, аристократӣ ва демократӣ тасвир шудааст. Масъалаи идоракунӣ дар корҳои мутафаккирони асри миёнагӣ Августини Масъуд ва Фомаи Аквинӣ, ки «Борони илоҳӣ» ва «Борони заминӣ» тақсим шудааст, тобиши бешак аввал буданро эътироф мекунанд, ки оиди идеяҳои идоракунии олам ва одамон хулосагирӣ намудаанд. Суқрот асоси идоракунӣ ин дониш ва маҳорати ба зурӣ бор кардани ақидаи худ ба дигар одамон мебошад.
5.2 Назариёти мутафаккирони форсу тоҷик зимни муносибатҳои идоракунӣ
Дар ташаккули назарияҳои фалсафию иҷтимоии идоракунӣ саҳми мутафаккирони форсу тоҷик – Абӯбакри Розӣ (865—925), Абӯнасри Форобӣ (873—950), Абӯалӣ ибни Сино (980—1037), Муҳаммад Ғазолӣ (1058—1111), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314—1394), Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420—1505), Аҳмади Дониш (1827—1897) ва ғайра хеле бузург аст.
Абӯбакри Розӣ дар асараш «Нақзи адён» иброз намудааст, ки: «». Мутафаккир таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқиро дар муносибатҳои идоракунӣ таълиф медиҳад, ки барои имрӯзи идоракунӣ низ нишондиҳандаи муҳим боқӣ мондааст. Худованд ҳамаи бандагони худро мусовӣ халқ карда ва ҳеҷ касро бар дигаре бартарӣ надодааст. Ва агар бигӯем, ки барои раҳматнамоии онон ҳоҷат ба интихоботи касе дошт, ҳикмати болиғаи вай мебоист чунин иқтидо кунад, ки ононро ба монофеу мазореи онию отиашон огоҳ созад ва касеро аз миёни эшон бар дигарон бартарӣ надиҳад ва мояи ихтилофу низои онон нагардад. Ва интихоби имому пешво боиси он нашавад, ки ҳар фирқа аз пешвои худ пайравӣ ва дигаронро тақзиб кунад ва ба назари буғз бад-онон бингарад ва ҷамоате бар сари ин ихтилоф аз миён бибарад
Дар назариёти олимони асри миёнагӣ, аз ҷумла Абунасри Форобӣ масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ ва сиёсидошта, аз қабли пайдоиш ва вазифаҳои давлат, шакли идоракунӣ ва мақому манзалати сарвар / шоҳ дар идоракунии давлат ба таври возеҳ баррасӣ гардидаанд. Тибқи назари Форобӣ мақоми сарвариро танҳо шахси оқилу хирадманд ва адолатпарвар, ки манфиати раият ва мамлакатро аз худ болотар мегузорад, бояд соҳиб бошад.
Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ дигар мутафаккири форсу тоҷик дар рушду такомули илмҳои ҷомеашиносӣ нақши хоса дорад. Қисми зиёди ақидаҳои ӯ дар рисолаҳояш, аз қабили «Кимёи саодат», «Ал-мунқиз-мин ал-зилол» ва «Насиҳат-ул-мулук» манузр гардидаанд. Ғазолӣ идоракунии иҷтимоиро яке аз такягоҳҳои асосии олам маънидод менамояд, ки он одамонро ба ҳам наздику бофарҳанг мегардонад ва муносибатҳои онҳоро зери низоми муайяни идоракунӣ ба танзим медарорад.
Муттафаккири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ назариёти мансуб ба идоракунии худро бештар дар «Захират-ул-мулук» -и худ ҷой додааст. Ҳамадонӣ ба одоби сухан ва ботаҳаммулу боандеша будани подшоҳон диққат дода, тавсия медиҳад, ки: «». Ҳоким / шоҳ бояд дар ҳукм сухан ба мадоро гуяд ва бе муъҷиб дурушти накунад ва аз шунидани ҳуҷҷати бисёр малул нашвад. Ва аз сухан гуфтан бо заифон ва мискинон нанг надорад. Ҳоким набояд, ки ба дуруягию фиребгарӣ ва сусткорию саҳлангорӣ мусоидат кунад ва аз барои хушнуд сохтани касе набояд каси дигареро озор диҳад. Зеро ки табиати ҳукуматдорӣ чунин офарида шудааст, ки «пайваста нимаи халқ аз ҳоким хушнуд бошад, зеро ду хасм ба ҳақ хушнуд натавон кард
Абуалӣ Ибни Сино мутафаккири форсу тоҷик одамро ҳамчун махлуқи ҷомеа нишон медиҳад. Ӯ назар дорад, ки ҳастии одамон дар ҷамъият шароити ҳамкории онҳоро ба вуҷуд меорад. Барои чунин ҳамкорӣ ба аксари аъзои ҷамъият қонуни ягонаи оқилона ва адлия лозим мебошад. Аъзои ҷомеаро мебояд ба меҳнати фоиданок ва манфиатовари ҷамъиятӣ машғул бошанд. Дар тақвияти ин ақидаи худ Сино аъзои ҷомеаро ба се гурӯҳ: 1) садорат; 2) истеҳсолкунандагон; ва 3) ҳарбиён ҷудо менамояд. Дар яке аз асарҳои худ – «Тадбири манзил» – Сино таъкид мекунад, ки: . «Хирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр шаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд. Ҳамчунон ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва сарват мусовӣ ва саросат бо якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дӯст ба дӯст мунқатоъ мегардад. Ва агар ҳамагӣ фақиру муҳтоҷ бошанд, аз фақру фалокат ва бечорагӣ ҷон месупоранд. Пас тафовути аҳвол ва ихтилофи миқдор сабаби бақои зиндагии одамизодагон мебошад.»
«Шоҳнома» -и Абулқосим Фирдавсӣ фарогири масъалаҳои хираду хирадмандӣ, талқини одоби ҳамида, ватандӯстӣ, дӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, накӯкорӣ ва ғайра мебошад ва то имрӯз мавриди истифодаи васеъ қарор дорад. Мояи ифтихор аст, ки назарияҳои ахлоқӣ ва хирадномавии асари мазкур то ба мамлакатҳои Ғарб (Аврупо ва ИМА) расидааст. Зимни ин рисолат олими Фаронса Сент Бёв чунин иброз менамояд: «». Дар саросари шоҳасари Фирдавсӣ руҳияи ҳикмат, волоияти адолат ва некӣ чун риштаи сурх мегузарад
Мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш шарти аввалини идоракунии давлатиро дар ақл ва адл тасвир мекунад. Ба назари ӯ – сарвар / шоҳ бояд тамоми корҳои идориро аз рӯи ақл, хирад пеш барад. Аҳмади Дониш низоми вазоратдориро баррасӣ менамояд. Ба ақидаи ӯ «». Ҳамчунин, мутафаккир тавсия медиҳад, ки ба одамони куҳансол ва шахсоне, ки қобилияти кориашонро гум накардаанд, бояд аз тарафи давлат кӯмаки моддӣ расонида шавад. Аҳмади Дониш масъалаи бо зиндагӣ, бо ҳаёт ва эҳтиёҷоти ҷамъият вобаста намудани илму фанро ба миён гузоштааст. Ба назари ӯ бояд дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илмҳои техникию табиӣ ва физикаю кимиёвӣ, ки дар мамлакатҳои пешрафат омӯхта мешуданд, ҷорӣ гардад. Адл аз камоли ақл хезад. Ҳар ки оқил нест, одил нест – Дар ин навъи ташкилот бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъият иштирок кунанд ва тамоми корҳои мамлакат бояд дар ҳамин ташкилоти машваратӣ ҳал шавад ва баъди тасдиқи умум ба кор дарояд
Дар умум назариёти мутафаккирони тоҷику форсро метавон дар шароити имрӯзи идоракунӣ низ истифода намуд, зеро онҳо куллан фарогири тарзу услубҳои идоракунии хоси имкон ва хоҳиши ҷомеа, таъминкунандаи адолат, баробарҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, дӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, накӯкорӣ, иносндӯстӣ, эҳтиром, таҳамулгароӣ, талабгори қабули қарорҳои илман асоснок, таҳлил ва ҳаматрафа баррасигардида ва ғайра мебошанд. Илова бар ин назариёти идоракунии мутафаккирон ва муҳаққиқони гузаштаи мо тақозо бар он дорад, ки онҳо аз ҷониби идоракунандагон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, иқтисодшиносон, ҳуқуқшиносон ва дигарон мавриди омӯзиши васеъ қарор дода шуда, нуктаҳои беҳтарин ва тавсияҳои муносиб ба идоракунии тарзи муосир дар шакли корҳои илмию таҳқиқотӣ манзури ҷомеа ва институтҳои давлатии идоракунӣ ва таълимӣ пешниҳод карда шаванд.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
– Тамаддуни бо ном «иқтисоди истеҳсолӣ» – қадим дар Шарқи Наздик кай ташаккул ёфт?
– Аҳроми Миср, ки бо санъати хуби идоракунӣ бунёд гардидааст, ба кадом асрҳо рост меояд?
– Рисолаҳои аввалини фарогирандаи тасаввуротҳо оид ба идоракунӣ дар кадом мамлакатҳо тавлид ёфтаанд?
– Назари Суқрот оид ба идоракунӣ чӣ буд?
– Кадом мутафаккирони форсу тоҷик оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рисолаҳо таълиф кардаанд?
– Тафовути назариёти мутафаккирони форсу тоҷик дар қиёс ба шароити имрӯзаи идоракунӣ дар чӣ дида мешавад?
АДАБИЁТҲО ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Заходера Б. Н. Сиасет-наме [Матни аслӣ]: / Книга о правлении вазира XI столетия Низам Аль-Мулька. // Перевод, в введение в изучение памятника и примечания проф. Б. Н. Заходера. Издательство Академии наук СССР. Москва-Ленинград: 1949. – 192 с.
– Ибни Сино. Рисолаи тадбири манзил. Теҳрон. – 1319. Хуршедӣ.
– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. – Душанбе: «Ирфон». – 2007. – 236 с.
– Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо) [Матни аслӣ] – Душанбе: «Шарқи озод». – 2006. – 128 с.
– Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён [Матни аслӣ] – Душанбе: 2006. – 558 с.
БОБИ II. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
§6. ҚОНУНҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
6.1 Қонунҳои идоракунӣ иҷтимоӣ
Сараввал зарур аст, ки мафҳуми қонун мушаххас тавзеҳ дода шавад, то ин ки тасаввуроти оянда оид ба қонунияти иҷтимоӣ возеҳ ва ба осонӣ дастёб гардад.
Зери мафҳуми қонун аслан қоидаҳои ҳатмӣ ва меъёрҳои маҳдудкунандаи муносибатҳо фаҳмида мешаванд, ки ин ҷараён асосан хоси амалия – қонунгузорӣ ва батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби давлат мебошад. Чунончӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
Дар назария бошад, ро метавон маънидод намуд. қонун қоида ва ё маҷмӯи қоидаҳо ва меъёрҳои бонизом ва батанзимдароварандаи муносибатҳои иҷтимоӣ
Сотсиологияи идоракунӣ ба мисли тамоми илмҳои дигар қонуният ва ё қонунҳои хоси худро дорад, ки муайян намудани робитаҳои пойдор ва меъёру хусусиятҳои маъмурияти идоракунии иҷтимоиро меомӯзад.
– ин робитаи воқеии амалӣ (дарамалбуда) ва такроршавандаи падидаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки пайдоиш, ташаккулёбӣ ва рушди ҷомеаро ҳамчун низоми пурра (комил) ва ё зерсохторҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ифода мекунад. Яъне, робита байни асос ва оқибат (натиҷа) мебошад. Қонунияти иҷтимоӣ
шароитҳои амалиро барои идоракунӣ ва таъсиррасонии онро ба объектҳои иҷтимоӣ бо мақсади фаъолияти босифат ва таъмини рушди онҳо фароҳам меорад. Қонуният сохти дохилии субъекти идоракуниро (зерсохтори идорашавандаро) бо назардошти ҷузъҳо ва ҳайати сохтор ва тартиби амалҳои мутақобилаи онҳо муайян мекунад. Қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ —
Қонунҳои асосии сотсиологияи идоракуниро метавон ба 5 гуруҳ ҷудо намуд: системаҳо, ташкилотҳо, изоморфӣ (баъзан хусусиятҳои ягона ва баъзан гуногун), ташкили фаъолияти идоракунӣ ва идоракунии муносибатҳо.
аз ва иборат мебошанд. Дар низоми идоракунӣ аслан тамоми ҷузъҳо бо ҳамдигар дар робитаи мутақобила буда, ҷуфтҳои дохилинизомиро ташкил медиҳанд, ки яке аз онҳо фаъол – идоракунанда ва дигаре камфаъол-идорашаванда мебошанд. Қонунҳои системаҳо қонуни дохилинизомии ҷуфтҳо қонуни иқтидори амалҳо
Дар натиҷаи таъсири мутақобилаи ин ду ҷузъҳо ва ё зернизомҳои фаъол ва камфаъол қонуни дигар – иқтидори амалҳо ҳосил мегардад, ки ҷузи нави низомро ташкил медиҳад.
низ ба ду қонун: ва ҷудо мешаванд. Қонуни ташкилотҳои ғайрирасмӣ – дар замина ва ё дохили ҳар як ташкилоти расмӣ созмон додани ташкилотҳои ғайрирасмиро (воҳидҳо, гуруҳҳо ва ғ.) иборат аз дӯстон, ҳамфикрон, доираи муоширати шахсӣ ва дигарҳо тавсеа мебахшад. Асоси ташкилот ва ё гуруҳҳои ғайрирасмиро муайянкунии хусусиятҳои рафтори аъзои худ ташкил медиҳад. Қонунҳои ташкилотҳо ташкилотҳои ғайрирасмӣ идоракунии босамар дар ташкилот Мисол: дар ҳар як муассисаи таълимӣ метавонад гуруҳҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар асоси ҷамъиятӣ, машваратӣ, мубоҳисавӣ фаъолият дошта бошад, ба монанди мактаби сиёсатшиносон, маҳфили духтарон, гуруҳи донишҷӯёни эҷодкор ва ғ.
Тибқи қонуни идоракунии босамар бошад, таъсиррасонӣ ё ин ки фаъолият дар ҳамон вақт самаранок ба ҳисоб меравад, агар мақсадҳои асосии ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ба якдигар мувофиқат намоянд.
самаранокии ҷараёни идоракунии объектҳои иҷтимоиро ба дараҷаи мувофиқати вазифаҳо, масъулият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди идоракунӣ дар ҳар як сатҳи он (идоракунӣ) вобаста мегардонад. Аз ҷумла, тавозуни ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар ҷараёни идоракунӣ шарти зарурии самаранокии идоракунӣ мебошад. Одатан татбиқи ин қонун ҳангоми бастани аҳдҳо ва шартномаҳои меҳнатии байни кордиҳанда ва корманд, фармоишгар ва иҷрокунанда возеҳ мегардад. Яъне нақши асосии ин қонун танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва вазифавӣ дар ташкили ҷараёни идоракунӣ мебошад. Қонуни ташкили фаъолияти идоракунӣ
робитаҳои воқеӣ, зарурӣ ва муҳим байни субъектҳои идоракунӣ (роҳбарият, маъмурият ва дигар шахсони масъули идорӣ) ва самаранокии амали низоми идоракунии иҷтимоиро ифода мекунад. Қонуни муносибатҳои идоракунӣ
робитаҳои муҳимро байни субъектҳои идоракунӣ дар ҷараёни амалисозиии мақсади ягона ташкил медиҳад. Дар ин ҷо, ҳам роҳбар ва ҳам корманд бояд манфиатҳои худро ба таври возеҳ эҳсос кунанд. Роҳбар вазифа гузорад, корманд онро бо шавқу рағбати зиёд иҷро намояд. Қонуни манфиатҳои махсуси мутақобилаи субъектҳои муносибатҳои идоракунӣ
– вазъи муносибатҳои мутақобили иштирокчиёни раванди идоракунро муайян месозад. Дар бисёр ҳолатҳо аъзои ташкилот аз рӯи манфиатҳо метавонанд нисбат ба якдигар мустақил бошанд. Қонуни ягонагӣ ва мустақилияти манфиатҳои махсус Мисол: гуногунӣ ва тафовутнокии фаъолият ва масъулияти байни иттифоқҳои касабаи ташкилот ва маъмурияти ташкилот.
Қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ хусусиятҳои муҳим, устувор, дохилӣ ва ҷараёни идоракуниро ифода мекунанд. Онҳо аз хосиятҳои объективӣ иборат буда, ба иродаи одамон вобастагӣ надоранд, баръакс ирода, шуур, мақсаду ният ва амалҳои одамонро муайян месозанд.
Истифодаи бошууронаи қонунҳо имконият медиҳад, ки фаъолияти одамон мувофиқ ба талаботи воқеии ҳаёт ба роҳ монда шавад.

: Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат зарур аст, ки хадамоти махсус ташкил карда шавад. Дар инҷо асос / сабаб заиф будани соҳаи сайёҳӣ, зимнан натиҷа / оқибат рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад, ки барои он хадамоти сайёҳӣ ба сифати қонуният – маҷмӯи тарзу усул, василаҳо ва меъёрҳои махсуси фалият таъсис дода мешавад. Мисол
6.2 Қонунҳои идоракунӣ
Дар қисмати боло оид ба қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ маълумот оварда шуд, акнун баъзе қонунҳои идоракуниро зимни баррасӣ қарор медиҳем.
– – низоми идоракунӣ бояд ҳамчун объекти идорашаванда гуногуншакл бошад. То кадом андозае, ки объекти идорашаванда мураккаб аст, то ҳамон андоза / ҳад бояд субъект / идоракунандаи он мураккаб бошад. Яъне, самаранокии идоракунӣ дар ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар низоми идоракунӣ ба талаботи объекти идорашаванда мутобиқат кунад. Қонуни зарурати гуногуншаклӣ
– Мутобиқи идоракунӣ (дар ниҳоят) ба ҷудокунии вазифаҳо ба қисмҳо ва истифода шудан дар шароитҳои махсус, зинаҳо ва самтҳои гуногун боис мегардад. Бинобар ин, идоракунӣ қобилияти баланди касбии шахсро дар соҳаҳои гуногун: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ, ташкилиӣ-техникӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ, демографӣ ва ғайра талаб мекунад. қонуни тахассуснок
– муттаҳидкунии амалҳои гуногуни махсусгардонидашудаи идоракуниро дар сатҳ ва самтҳои мухталиф ва ҷараёни ягонаи идоракунӣ дар доираи сохти (организми) ягонаи иҷтимоӣ ҳамчун низом (система) ифода мекунад. Ҳамгироии омилҳо чун ҳамгироии мақсад, вазифа ва манфиатҳои ҷомеа, ки дастгирии фаъолияти ҳаёти муқаррарӣ ва инкишофи низоми мураккаби иҷтимоиро дар шароити тағйирёбии доимӣ ва пайвастани муҳитҳои дохилию берунӣ талаб менамояд, шуда метавонад. Қонуни ҳамгироии идоракунӣ
– яке аз муҳимтарин қонуни идоракунӣ ба шумор меравад, ки тавсифи самаранокии идоракуниро ифода мекунад. Мувофиқан бадастории ин ҳадаф бо назардошти талафоти ками вақт, захираҳои моддӣ, инсонӣ ва молиявӣ, ки асосан аз: суръат ва мутобиқати вокуниши субъекти идоракунӣ ба объект; ҳалли ҳамагуна масъалаи идоракунӣ дар муддати кӯтоҳ; ва сари вақт расонидани таъсири мусбӣ ба натиҷаи ниҳоӣ, вобаста мебошад. Қонуни сарфаи вақт
– дар мақсадгузорӣ муайян мешавад. Мақсади рушди ҷомеа ва шароити нигоҳдории мувозинати он на ба истеҳсолот, сиёсат ва на ба иқтисодиёт рабт дода мешавад, балки ба доимо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзои он (ҷомеа), некуаҳволӣ, аҳволи иҷтимоӣ ва такмили мутассили тарзи ҳаёти ҷамъият вобаста мебошад. Қонуни афзалиятнокии мақсадҳои иҷтимоӣ
– хосияти таъсири идоракуниро пешгирӣ мекунад.Қонунияти муносибатҳои идоракунӣ ба он асос меёбад, ки моҳияти муносибатҳои одамон дар ҷараёни идоракунӣ аз ҷониби худи онҳо гузошта мешавад, ҳамаи онҳо (муносибатҳо) дар ин ё он шакл ба воситаи шуури одамон амалӣ мегарданд, одам онҳоро месозад ва такмил медиҳад, албатта бо назардошти тағйиротҳои объективӣ дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ. Барои ҳамин табиати муносибатҳои идоракунӣ дуҷониба мебошад: объективӣ ва субъективӣ. Қонуни афзояндаи субъективӣ ва зеҳнӣ (маънавиёт) дар идоракунӣ
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
– Қонуни иҷтимоӣ чист?
– Қонунияти сотсиологияи идоракунӣ ба кадом қонунҳо ифода меёбад?
– Гуруҳҳои қонунҳои асосии сотсиологияи идоракуниро номбар кунед?
– Истифодаи бошууронаи қонунҳо ба чӣ имкон медиҳад?
– Қонуни сарфаи вақт чиро тавсиф мекунад?
АДАБИЁТҲО ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Бюрократия [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
– Виды социальных норм [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://legalmap.ru/articles/kp/norma/vidy-sotsialnykh-norm/
– Гостенина В. И. Социология управления [Матни аслӣ]: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.
– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. – Душанбе: «Ирфон». – 2007. – 236 с.
– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.
– Яковлева Т. Н. Социология управления [Матни аслӣ]: учебно-методическое пособие для бакалавров – Астрахань: Астраханский государственный университет, Издательский дом «Астраханский университет», 2013. – 216 с.
§7. ҶУЗЪҲОИ (ЭЛЕМЕНТҲОИ) АСОСИИ
НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
Идоракунии иҷтимоӣ, ки ҷараёни таъсиррасонии мутақобилаи кормандонро (одамонро) ба якдигар фаро мегирад, худ ба худ низом ва ё системаи муносибатҳоро ташкил медиҳад.
Низоми идоракунии иҷтимоиро метавон ба 5 қисматҳо ва ё ҷузъҳои (элементҳои) хос ҷудо намуд:
Низоми идоракунӣ ин шакли татбиқи амалҳои мутақобила ва рушди муносибатҳои идоракунӣ мебошад, ки ба қонунҳо ва принсипҳои идоракунӣ асоснок мегардад.
– Механизми идоракунӣ;– Субъект ва объекти идоракунӣ;– Сохтори идоракунӣ;– Вазифаҳои идоракунӣ;– Воҳидҳои (кадрҳои) идоракунӣ.7.1 Механизми идоракунӣ
. Механизми идоракунӣ барои расидан ба мақсадҳои муайян аз ҷониби гуруҳи одамон (маъмурон ва кормандон) ташкил ва тағйир дода мешавад, ки ба ин восита маҷмӯи вазифаҳо, шакл, усул, василаҳо ва ҳавасмандиҳои вобаста ба идоракунии иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешаванд. Ин муносибат имкон медиҳад, ки самаранокии идоракунии иҷтимоӣ дар шароитҳои муайян ва гуногуни ҳаётӣ таъмин карда шавад. Механизми идоракунӣ бо роҳи истифодаи қонунҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои амалисозии сиёсати муайяни иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташаккул меёбад
Сатҳу сифати механизми идоракунии иҷтимоӣ, ташаккулёбӣ ва мутобиқати он ба талаботи низоми иҷтимоӣ ва қонунҳои иқтисодӣ аз маъмурон ва маҳорати онҳо оид ба дарёфт ва баҳогузорӣ карда тавонистани ҷузъҳо ва робитаҳои нисбатан муҳими муносибатҳои идоракунӣ, хусусиятҳои зоҳиргардӣ ва самарабахшии онҳо дар самти рушди равндҳои ошкоршуда вобастагӣ дорад.
Механизми идоракуниро ба се самт:, ки робитаи мутақобилаи онҳо бар асоси талаботи низоми қонунҳои рушди иҷтимоӣ ва идоракунӣ ташаккул меёбад (Ҷадвали 3). 1) иқтисодӣ, 2) ташкилӣ ва 3) иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҷудо кардан мумкин аст