bannerbanner
Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ
Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Полная версия

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля
На страницу:
3 из 7

Новобаста аз ин, солҳои 1950-70-ум сохтори идоракунии ИҶШС дар арсаи ҷаҳон бонуфузтарин пазируфта шуда буд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ба монанди Куба, Ҳиндустон, Чилӣ, Хитой ва ғайра сохти идории ИҶШС-ро қабул намуданд. Дар ин солҳо дар ҷаҳон ду кишвар, яке ИҶШС ва дигаре ИМА ҳукмрони мутлақ шинохта шуда буданд. Аввалӣ аз рӯи намуди идоракунии классикии яккаҳокимиятӣ ва дувумӣ аз рӯи намуди либералӣ фаъолият мекарданд. Оғоз аз солҳои 80-90-ум инҷониб сохти идоракунии ИМА муваффақ мегардад ва мавриди омӯзиши олимони ҷаҳон қарор мегирад. Дар баробари ин, қисми зиёди кишварҳо, аз ҷумла собиқ аъзои ИҶШС пурра ба ин сохти идоракунӣ – идораи демократии давлат ва ҷомеа мегузаранд.

Идоракунии давраи муосир аз соли 1991 бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон оғоз мегардад, ки онро метавон ба шаклҳо ва ё сохторҳои зерин ҷудо намуд:

– Идоракунии конститутсионӣ;

– Қонунгузорӣ ва ё намояндагӣ дар идораи давлатӣ (шохаи ҳокимият);

– Ҳокимияти судӣ;

– Ҳокимияти иҷроия;

– Мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар идоракунӣ;

– Ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Ҳар як шакл ва ё шохаи идоракунӣ дар навбати худ, аз низоми ба худ хос ва сохтори мансуб ба унсурҳои демократии идоракунӣ иборат мебошад.

Умуман баъди пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро ва ё тибқи назариёти муҳаққиқон Ҷ. Локк, Б. Спиноз ва Ж. Руссо идоракунии либералиро пеш мегирад.

Чун давлати мустақил асоси фаъолият ва низоми ҳуқуқии идории Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия муқаррар карда шудааст.

2.4. Рукнҳои конститутсионии идоракунӣ

Пеш аз ҳама мебояд зикр намуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Мутаносибан илми идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ барои рушду нумӯи сохтори идории кишвар нақш ва саҳми хеле муҳим метавонад гузорад, зеро ҷанбаҳои илмию назариявӣ ва методологии идоракунии иҷтимоӣ пурра зери ин илм фаро гирифта шудаанд.

Тибқи моддаи 27 Конститутсия оварда шудааст, ки: «. Ин меъёр дар навбати худ, ба назарияи олимони шинохтаи Ғарб Элтон Мэйо (1880—1948) оид ба дар идоракунӣ – иштироки кормандони қаторӣ дар идоракунӣ ва назарияи Абраҳам Маслоу (1908—1970) оид ба мутобиқ мебошад, ки он шахсро ба эҳсос намудани зарурат ва мақому мавқеи худро дар ҷойи кор водор месозад, то ин ки руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт дар фаъолияти меҳнатӣ талош варзад. шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар идораи сиёсӣ ва давлатӣ бевосита ва ё бавосита иштирок намояд» муносибатҳои инсонӣ талаботи инсонӣ

Умуман ҷанбаҳои идоракунии давлатӣ дар моддаҳои 1, 6, 8, 11, 12, 27, 28, 35, 37, 39, 48, 64, 73, 76, 84 ва 93 Конститутсия ба таври возеҳ оварда шудаанд, ки дар поён тафсир дода мешаванд.

Тибқи моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, , ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Демократӣ будани давлат ба он асос меёбад, ки принсипҳои идоракунӣ сарбаста (догма) набуда, дар шаклу намудҳои дастрас ва мувофиқ барои одамон пешниҳод карда мешавад. демократӣ

Шакли идории давлат президентӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷаҳон мамлакатҳо зимни идоракунии тарзи демократӣ ба се намуди сохти идорӣ: президентӣ, парламентӣ ва омехта ҷудо мешаванд. Президентӣ интихоб шудани шакли идории давлат танҳои хусусияти ташкилӣ надошта, он ҳамчун институти муносиб ба имконот ва талаботи ҷомеа, мувофиқ ба урфу одат ва фарҳанги идории миллӣ, имтиҳоншуда, пурмаҳсул, устувор ва муваффақ дар шароити Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳандаҳо ба халқи Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр возеҳ аён гардид ва ба ин муносибат дар соли 2016 ва охири соли 2015 се ташаббуси наҷиби таърихӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Сарвари кишвар, зимнан комёбии ин институти идорӣ пеш гирифта шуд: 1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид; 2) тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд; 3) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардида, 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёр инъикосгари он аст, ки дар идоракунӣ принсипҳои иҷтимоӣ пеш гузошта мешаванд, бахусус эътироф кардани талабот ва имконоти инсон дар истеҳсолот, ки барои рушди рукнҳои гуманистии идоракунӣ ва ташаккули низоми муносиби иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Арзишҳои волои гуманистии давлати Тоҷикистон ба он асос меёбад, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст. Яъне, ҳокимият ва ҳукмфармоӣ дар Тоҷикистон мутлақ набуда, он бо назардошти мавқеъ ва иштироки фаъоли одамон ба роҳ монда мешавад.

, эътирофи меъёрҳои байналмилалӣ, эътибори манфиатҳои олии халқ ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони берунмарзӣ асос меёбад, ки дар навбати худ, онҳо омилҳои воқеии иҷтимоии демократиро ташкил медиҳанд. Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба принсипҳои дарҳои кушод, сулҳхоҳона

Фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мамлакат озод аст, ҳамчунин ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият бо назардошти моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Бо ин метавон зикр намуд, ки ташаккули заминаҳои иқтисодӣ ва идоракунии он ба ҷомеа дар шакли озод ва бо ҳавасмандсозӣ ва ё сабабнокии фаъол вогузор гардидааст. Ҳар кас метавонад дар як вақт соҳибкор / кордиҳанда, коргар ва дар дигар вақт ба сифати шахси воқеӣ ба фаъолияти мустақили иқтисодӣ машғул гардад, зимнан идораи хусусии худро бо низоми хоси идоракунӣ дошта бошад.

Иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат тавассути аъзогӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси меъёрҳои демократӣ муайян карда шудааст. Яъне, шахс ҳамчун шаҳрванд имконият дорад, ки на танҳо ба сифати зертобеъ ва амалисозандаи масъулияти шаҳрвандӣ зиндагӣ дошта бошад, ҳамчунин метавонад дар идораи давлатӣ иштирок ва ҳукмфармоӣ намояд. Дар ин ҷо ба инсон дар як вақт, ҳам вазифаи тобеъ-итоаткунанда ҳамчун шаҳрванд ва ҳам мақоми ҳукмфармо дода шудааст, ки идоракунии навъи иҷтимоӣ мебошад.

Ҷанбаҳои иҷтимоии идоракунӣ дар моддаи 35 Конститутсия ба таври возеҳ нишон дода шудаанд. Мутобиқи ин муқаррарот ягон шахс ба меҳнат маҷбур карда намешавад, интихоби касбу кор озод аст, ҳангоми бекорӣ бошад, ҳуқуқи шахс ба ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат таъмин карда мешавад. Ҳамчунин муайян гардидааст, ки барои кори ё шуғли намуд, тарз ва шакли ягонадошта музди баробар дода мешавад. Яъне, дар ин ҷо шахсияти инсон ҳамчун мутахассис ва кордӯст ба эътибор гирифта мешавад, мутаносибан дастмузд дода мешавад – муносибатҳои шахсӣ, наздикӣ ва хотирбинию қадрдонӣ, рӯйхушӣ ва дигар амалҳои номуносиб роҳ дода намешаванд.

Барои барқароркунии руҳӣ ва равонию ҷисмонӣ ба корманд рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат, рухсатии ҳарсолаи пулӣ ва дигар шароитҳои муносиб таъмин карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки шахси корманд бо нерӯи наву тоза баҳри пешрафти корхона / ташкилот адои меҳнат кунад.

, ки ҳар се шохаи ҳокимият дар навбати худ, низоми идоракунии хосро соҳиб буда, дар баррасӣ ва қабули қарорҳои идорӣ мустақил мебошанд. Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз се шоха – намояндагӣ ё қонунгузор (Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), иҷроия (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат) ва судӣ иборат мебошад

Дар низоми идоракунии Тоҷикистон дар баробари шохаҳои асосии ҳокимият ҳамчунин низомҳо ва ё сохторҳои нисбатан мустақили идоракунӣ амал мекунанд.

Яке аз чунин низом сохтори идоракунӣ-назоратӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ – прокуратура мебошад, ки роҳбари он-Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул мебошад. Фаъолияти прокуратура мустақилона бидуни дахли шахсони мансабдор ба роҳ монда мешавад. Ин механизми идоракунӣ имкон медиҳад, ки волоияти қонун дар ҷомеа дар фазои нисбатан шаффоф ва адолатнок таъмин карда шавад.

Дигар сохтор, ин Бонки миллии Тоҷикистон, ки бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда муқаррар шудааст. Бонки миллӣ фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд ва масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.

Ҳамзамон, дар Тоҷикистон институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевоситаи ҳокимияти давлатӣ озод мебошанд ва сохти идоракунии онҳо мустақил ба роҳ монда мешавад.

Қисмати интиҳоии Конститутсия (моддаи 100) бо –  – анҷом меёбад, ки шаҳодати бо тамом аз хусусияти идоракунӣ иборат будани онро инъикос менамояд. Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

2.5 Сохтори қонунгузорӣ ва ё намояндагии идораи давлатӣ

Шохаи намояндагии идораи ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Маҷлиси Олӣ (парламент) аз ду Маҷлис (палата): Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.

Нақши асосии Маҷлиси Олӣ ин намояндагии халқ дар назди дастгоҳи давлатӣ мебошад, мувофиқан ҳайати он бо пешбарии халқ ва бо робитаи зич бо шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият менамояд.

ва ё маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон чунин салоҳият дорад: Маҷлиси Олӣ

– Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;

– Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;

– Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;

– Таъини интихоботи Президент;

– Қабули истеъфои Президент;

– Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;

– Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.

2.5.1 Маҷлиси миллӣ

Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Маҷлиси Олӣ буда, қонунҳои дар палатаи поёнӣ – Маҷлиси намояндагон қабулшударо ҷонибдорӣ мекунад.

Ҳайат ва ё аъзои Маҷлиси миллӣ дар ду шакл ташкил меёбад. Якум, – қисми зиёди аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим ва ё ба воситаи маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар якҷоягӣ) интихоб мегарданд. Дуюм, – аз чор як ҳиссаи (1/4) узви Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд.

салоҳияти зеринро соҳиб мебошад: Маҷлиси миллӣ

– Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо;

– Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;

– Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;

– Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ.

2.5.2 Маҷлиси намояндагон

Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ҳайат ва ё вакилони Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ (раъйпурсӣ) аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегарданд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 30 расида бошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад тибқи тартиби муқарраргардида вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.

Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Парламент ба салоҳияти зерин соҳиб мебошад:

– Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;

– Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;

– Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

– Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;

– Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;

– Таъини раъйпурсӣ;

– Таъсиси судҳо;

– Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;

– Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;

– Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони ӯ;

– Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;

– Муайян намудани маоши Президент.

Сохтори идоракунии Маҷлиси намояндагон иборат гардидааст аз:

– Раёсат – Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҳисоби вакилони халқӣ ташкил дода мешавад;

– Шӯро – аъзои он ҳайати Раёсат ва раисони кумитаҳо ва комиссияҳо аз ҳисоби вакилон мебошад;

– Кумитаҳо ва комиссияҳо (9 адад) – аз рӯи соҳаҳо ташкил ёфта, бо назардошти касбият вакилонро ҷалб месозанд, инчунин ба сифати ёрирасон дар сохтори онҳо хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд;

– Фраксия ва гуруҳҳои вакилон – аз рӯи аъзогии вакилон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони беҳизб ташкил карда мешавад. ; Мисол: Фраксияи ҲХДТ, Гуруҳи вакилони беҳизб

– Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон – аз хизматчиёни давлатӣ ва кормандони техникӣ иборат буда, барои фаъолияти пурсамари вакилон шароитҳои зарурии корӣ ва техникию маиширо фароҳам меорад.

Маҷлиси намояндагон ва ё вакилони он дар се самтҳои зерин фаъолият мекунанд:

– – вакилон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро соҳиб мебошанд, мувофиқан мунтазам бо ҷалби олимону коршиносон (ҳангоми зарурат) таҳлилу омӯзишҳо гузаронида, лоиҳаи қонунҳоро баҳри беҳбуди ҳаёти шаҳрвандон ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳия, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва қабул менамоянд. Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Маҷлис воридгардидаро баррасӣ ва қабул менамоянд; Қонунгузорӣ

– — вакил интихобкунандагони худро (шаҳрвандонро) дар Маҷлис намояндагӣ мекунад, дархосту муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар доираи ваколати худ иҷрои онҳоро (қонеъ гардонидани талаботҳоро) таъмин менамояд. Инчунин, ҳар сол 2—3 маротиба бевосита бо интихобкунандагон дар маҳалҳои зист мулоқотҳо доир намуда, бобати шароити зисту зиндагонӣ ва пешрафт дар ҳаёти сисёсию иҷтимоии кишвар гуфтушунид доир менамояд; Намояндагӣ 

– – тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳо вакил бо ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳо ба роҳ мемонад ва бо кишварҳои хориҷ дар доираи фаъолият – узвият дар гуруҳҳои дӯстии байнипарламентӣ ҳамкорӣ менамояд. Робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ

Ҳамин тариқ, масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, ки асоси идораи ҳокмияти давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд тавассути Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳокимияти намояндагӣ баррасӣ ва амалӣ гардонида мешаванд.

Сохтори судӣ дар идораи давлатӣ

Яке аз се шохаи ҳокимияти давлатиро мақомоти суд ташкил медиҳад.

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Дахолат ба фаъолияти судҳо манъ аст. Ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз мегардад.

Сохтори судӣ аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе иборат мебошад.

Суди конститутсионӣ салоҳият дорад, ки 1) мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳоибақувваи қонун надаромадаро дар таносубнокӣ ба Конститутсия муайян намояд ва 2)баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳоро ҳал намояд.

Сохтори иҷроияи идораи давлатӣ

Шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатиро Перзидент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ташкил медиҳад. Президент ҳамзамон Раиси Ҳукумат мебошад, ки устувории ин шохаро ташкил медиҳад. Мантиқан чунин ҳам бояд бошад, зеро амалисозии сиёсат ва натиҷагирии он асосан ба зиммаи ҳокимияти иҷроия вогузор мебошад, мувофиқан масъулияти ин шохаи ҳокимият дар назди ҷомеа ва халқ бештар аст.

Ҳокимияти иҷроияи давлатиро метавон аз рӯи шакли ташкилии ҳуқуқӣ, соҳа ва ҳудуди фаъолият, тобеият ва ғайра ҷудо намуд. Ҳамзамон, ҳокимияти иҷроия аз рӯи шаклҳои муайянгардида ба зинаи маъмурӣ, марказӣ, маҳаллӣ ва худидора ҷудо мегардад.

Зинаи маъмуриро бо назардошти идораи умури давлат ва сиёсати пешгирифта Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳад, чунки тамоми фармону супоришҳо ва амру қарорҳои идорӣ маҳз аз ҳамин институтҳо манша гирифта, дар дигар зинаҳо, аз ҷумла марказӣ ва маҳаллӣ табиқ карда мешаванд.

Зинаи марказӣ фаъолияти вазорату идораҳои гуногунро аз рӯи соҳаҳои муайян фаро мегирад. Сиёсати давлат аз рӯи соҳаҳо маҳз дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор коркард гардида, сипас барои татбиқ ба сохторҳои махсуси ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ / вилоятӣ ва маҳаллӣ равона мегардад.

Зинаи маҳаллии идораи давлатиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият – воҳидҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил дода, фаъолиятро вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳудуди муайяни худ пеш мебаранд.

Зинаи худидоракунии маҳаллиро Ҷамоат ташкил медиҳад, ки он дар ҳудуди муайян аз ҳисоби деҳаҳо, кӯчаҳо, қитъаҳо ва ғайра ташкил ёфта, татбиқкунандаи сисёсати давлат дар ҳудуди худ маҳсуб мегардад.

2.8 Президент

Шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад

Тибқи Конститутсия (моддаи 64): «». Яъне, масъулияти Президент дар назди ҷомеа ва давлат хеле зиёд буда, тамоми бурду бохт ва пастию баландӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ба ӯ вобаста карда мешавад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Президент ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати  сол аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегардад. Ҳар як шаҳрванде, ки синну соли ӯ ба 30расидааст, забони давлатиро медонад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад. 7

Мутобиқи Конститутсия Президент салоҳият дорад (моддаи 69):

– Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад;

– Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ кунад;

– Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам диҳад;

– Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод кунад; Фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;

– Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод кунадваба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешиҳод намояд;

– Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳобекоркунад ва ё боз дорад;

– Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;

– Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намояд;

– Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад;

– Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис диҳад;

– Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ кунад;

– Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод кунад;

– Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин кунад;

– Ба қонунҳо имзо гузорад;

– Низоми пулиро муайян намояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;

– Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ бошад;

– Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ кунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;

– Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод кунад;

– Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул намояд;

– Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошад; Фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод кунад;

– Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон намояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад;

– Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода барад;

– Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар диҳад;

– Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал кунад;

– Паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад;

– Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал кунад;

– Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз гардонад;

– Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз гардонад;

– Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ намояд.

2.9 Ҳукумат

, ки ҳар кадом дар соҳаи алоҳида сиёсати муайянгардидаро татбиқ менамоянд. Сохтори идории Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, дар сохтори Ҳукумат ва назди Президент идораҳо ва агентиҳо фаъолият мекунанд

Ҳукумат қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва ҳарду аплатаро дар алоҳидагӣ ва фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро татбиқ менамояд. Яъне амалисозии санадҳо ва сиёсати муқарраргардида ба зиммаи Ҳукумат вогузор мебошад.

Фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо ва ташкили Буҷети давлатиро дар мувофиқа бо Маҷлиси Олӣ ва (роҳбарӣ бо) Президент ба амал мебарорад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ

Идораи давлатӣ дар маҳал чун дар сатҳи ҷумҳурӣ аз мақомоти иҷроия ва намояндагӣ иборат мебошад.

Масъулияти асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ аз иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, карорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагиро чӣ тавре дар боло ишора гардид, Маҷлиси вакилони халқи маҳал (вилоят, шаҳр, ноҳия, Ҷамоат) ташкил медиҳад. Вакилони Маҷлиси вакилони халқ аз ҷониби шаҳрвандон-истиқоматкунандагони ҳудуди муайян интихоб карда мешаванд.

Салоҳдиди Маҷлиси вакилони халқ тибқи Конститутсия аз тасдиқи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои он, муайян кардани роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳал, муқаррар намудани андоз ва пардохти маҳаллӣ мувофиқи қонунгузории дахлдор, дар доираи қонун муайян намудани тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ ва амалӣ сохтани ваколатҳои дигар иборат мебошанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар вилоят -раиси вилоят, дар шаҳр-раиси шаҳр ва дар ноҳия-раиси ноҳия идора (роҳбарӣ) менамояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ду сохтор: дастгоҳ ва ҷумҳуриявӣ иборат мебошад. Дастгоҳи мақомот дар як вақт дастгоҳи раиси вилоят / шаҳр / ноҳияро ташкил дода, ҳайати он аз ҷониби худи раис таъин мегардад. Сохтори ҷумҳуриявии мақомот бошад, ҳамчун намояндаи соҳаҳои муайян (вазорату идораҳо) дар маҳал сиёсати соҳавиро татбиқ месозад, мувофиқан ташкили ҳайати он дар салоҳияти вазорату идораҳо бо мувофиқаи иақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ мебошад.

Ин сохторҳоро ҳамчунин сохтори идоракунии тарзи амудӣ ва уфуқӣ низ меноманд, ки уфуқӣ – амалҳоро дар худи маҳал ва амудӣ аз ҷумҳурӣ ба маҳал ва ё аз боло ба поён ифода мекунанд.

Боиси зикр аст, ки дар шароити муосири ҷомеа сохтори идоракунии омехта низ амалӣ гардонида мешавад. Дар ин сурат нисбат ба мақомоти болоӣ (вазорату идораҳо) усулҳои ҳамоҳангсозӣ на супоришӣ истифода мегарданд. Буҷет ва ё маблағгузории фаъолият бошад, асосан аз ҳисоби манбаҳо ва салоҳдиди маҳаллӣ ташкил меёбад. Дар ин тарзи идоракунӣ сохти уфуқии идоракунӣ бартарият пайдо мекунад.

Соҳаи кор бо занон ва оила танҳо ваколати пешбурди сиёсат ва ҳамоҳангии сохтори маҳаллиро дошта, ба ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳа дахл карда наметавонад. Яъне, ваколати боқимондаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.

На страницу:
3 из 7