bannerbanner
Писари иблис Наримон. 8
Писари иблис Наримон. 8

Полная версия

Писари иблис Наримон. 8

Язык: Русский
Год издания: 2020
Добавлена:
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля
На страницу:
2 из 3

– Не албатта— ҷавоб дод Камар —Ту ҳақ дорӣ, ки аз ҳамаи ин бохабар бошӣ. Намедонам, ки дар бораи шамшери манҳус аз куҷо маълумот гирифтаӣ, аммо ман умед мекунам, ки он шамшер ба ҳеҷ кас лозим намеояд. Он шамшер кулфат ва касофат меорад. Фикр кардам, ки дар бораи он надонистагиат беҳтар аст.

– Инсонҳо чӣ? – Наримон Камарро саволборон кард —Инсонҳо низ кулфат меоранд? Авранг ин қадар онҳоро бад мебинад? Агар онҳо то ҳамин дараҷа дар назди мо заиф, нотавон бошанд, аз дасташон чизе наояд, чӣ тавр ба мо душманӣ карда метавонанд?

Камар каме хомӯш шуд ва пас аз чанд лаҳза гуфт:

– Наримон, аз ёд набарор аз азал инсонияту иблисҳо душманони ашаддӣ ҳастанд. иблисҳо ва инсоният ҳеҷ гоҳ бо якдигар дӯст набуданд ва намешаванд. Ин фикратро фаромӯш кун ва агар маро дар ҳақиқат падарам гӯӣ дигар ин гапҳоятро нагӯ!

Нараримон дар чашмони Камар ғамгиниро дида тавонист. Камар оҳиста хесту баромада рафт. Наримон бошад, ба дарёи ҳаёлот ғарқ шуд ва ба худ чунон саволҳоро медод, аммо ин саволҳои ӯ гӯё охир надоштанд. Ӯ фикр мекард, ки ба ин саволҳо ҳеҷ гоҳ ҷавоб ёфта наметавонад ва савол ҳамчун савол мемонад.

Ҳамон вақт Самеъ ба назди ӯ даромад.

– Чиро он қадар зиёд фикр мекунӣ? – ҳайрон шуд Самеъ —Биё худам меёбам. Дар бораи ҳаёти беруна, оё ҳақ ҳастам?

Наримон ҷавоб надода, хомӯш оташро бозикунон менишаст.

– Наримон— гуфт Самеъ —Агар ту дар ҳақиқат аз ин ҷо баромадан хоҳӣ, ман ба ту як чизро нишон медиҳам.

– Чиро? – Наримон шавқ пайдо кард.

Самеъ ҷавоб дод:

– Ҳамон рӯз, вақте ба назди Флунҳо рафтем, даромадгоҳ дар нисфи пайроҳа буд ва пайроҳа ҳоло идома дошт, дар хотир дорӣ? Дар охири ҳамон пайроҳа чӣ бошад?

– Дар охири пайроҳа чӣ ҳаст— пурсид Наримон —Оё ин асрори навбатии Тирагоҳ аст? Ту маро ҳар рӯз дар тааҷҷуб гузошта истодаӣ Самеъ.

– Намегӯям— гуфт Самеъ —Биё, беҳтараш нишон медиҳам. Бо чашмони худат бубин!

Онҳо ҳарду боз ба ҳамон пайроҳаи тангу торик даромаданд. Дар болои каф оташ пайдо намуданд ва ба назди даромадгоҳи назди Флунҳо расиданд.

– Дар ин ҷо даромадгоҳ ба назди Флунҳо буд— гуфт Самеъ —Чизе, ки мо мебинем дар охири ҳамин пайроҳа аст. Рафтем!

Онҳо аз назди даромадгоҳ гузашта рафтанд ва пас аз чанд лаҳза охири пайроҳа намоён шуд. Онҳо аз охир тақрибан даҳ – дувоздаҳ қадам дуртар истоданд. Наримон дасти росташро бардошта, кафи худро ба сӯи охири пайроҳа кушод. Аз он ҷо садои гумбур – гумбури кӯҳ баромад ва як санг ба боло оҳиста баромад. Дар охири пайроҳа як баромадгоҳе кушода шуд. Осмони кабуди мусаффо намоён шуд ва пайроҳаро нури офтоб равшан сохт. Наримон дар ҳаёти худ бори нахуст нури офтобро дид. Садои форами паррандаҳо ба гӯш расид. Наримон дар ҳайрат буд.

– Агар хоҳӣ, марҳамат! – гуфт Самеъ.

Наримон оҳиста ба тарафи баромадгоҳ ду қадам гузошту истод ва гуфт:

– Не Самеъ. Ман ин тавр карда наметавонам. Намедонам барои чӣ ба ман баромадан мумкин не, аммо агар падарам гуфта бошад, дар ҳақиқат ин кулфат меорад.

Наримон ба ақиб гашт.

Самеъ баромадгоҳро пӯшид онҳо ҳарду аз баромадгоҳ дур шуданд. Гарчанде, ки ба Наримон баромадан манъ буд, ӯ оҳиста ба баромадгоҳ нигоҳ карда монд. Инро Самеъ дида ба Наримон гуфт:

– Наримон, агар баромадан хоҳӣ, бигӯ. Ман туро ба берун мебарорам ва ваъда медиҳам, ки касе намедонад.

Наримон китфи Самеъро дошту гуфт:

– Самеъ, ҳамаи он чизҳое, ки худат медонӣ, бо ман ба ҳам дидӣ, хабардор намудӣ. Барои ҳамин ҳам, ман аз ту миннатдорам. Ҳоло бошад, касе моро надида аз ин ҷо равем.

Самеъ сарашро ҷунбонида ишораи розигиро дод ва ҳардуи онҳо ба ақиб баргаштанд. Онҳо аз пайроҳа рафта истода буданд, ногоҳ аз дур нури оташе ба назар расид, ки касе ба тарафи онҳо омада истода буд.

– Касе омада истодааст— гуфт Наримон ҳаросида.

– Ба боло! – гуфт Самеъ ва ҳардуи онҳо мисли тортанак ба девор часпида, ба болои пайроҳа баромаданд. Оташ торафт наздик мешуд. Вақте, ки аз поёни онҳо мегузашт, диданд, ки ӯ Луиза буд. Ӯ аз чизе парешонхотир ва саросемавор менамуд. Ӯ баромадгоҳро кушоду баромада рафт ва ҳамон лаҳза аз қафои ӯ Сафия ӯро таъқиб мекард. Пас аз баромадани Луиза Сафия низ аз қафои ӯ баромад.

Наримон ва Самеъ ҳайрон ба поён фаромаданд.

– Аҷабо! – гуфт Самеъ —Барои чӣ Луиза баромадгоҳи асосӣ истода, аз ин ҷо баромад?

– Ва барои чӣ Сафия ӯро пинҳона таъқиб мекунад? – ҳайрон шуд Наримон —Оё ин ба ту ғалатӣ наменамояд?

– Ба фикрам Луиза ягон сир дорад ва Сафия онро донистан мехоҳад— шубҳа намуд Самеъ.

– Чӣ сир бошад, ки ҳатто аз хоҳари худ пинҳон намояд? – гуфт Наримон —Самеъ, ман худам бармегардам. Ту аз паси онҳо рав ва бидон, ки дар ин ҷо чӣ шуда истодааст? Сабаби парешон ва саросема будани Луизаро фаҳм. Ман туро дар поён интизор мешавам.

– Хуб— гуфт Самеъ —Дар поён вомехӯрем.

Ӯ баромадгоҳро кушод. Самеъ худро аз баландӣ партофта, дар ҳаво ба паррандаи калони сиёҳ табдил ёфт ва аз паси Луиза ва Сафия парвозкунон рафт.

Наримон худ баргашт. Вақте, ки ӯ аз назди даромадгоҳи Флунҳо гузашта рафта истода буд, аз болояш санге дар ҳаҷми мушт ба таги пояш афтид. Наримон сангро диду, мехост бидонад, ки ӯ аз куҷо афтид ва оҳиста ба боло нигоҳ кард. Болои он пайроҳа кафида буд ва сангҳои он номустаҳкам меистоданд, ки гӯё ҳозир сангҳо меафтанду пайроҳаро мепӯшанд. Наримон зуд аз таги ӯ гузашта рафт.

– Хайрият—е, ба сарам наафтид— гуфт ӯ худ ба худ.

Дар берун бошад, Сафия аз паси Луиза пинҳона мерафт ва ҳардуи онҳо дар назари Самеъ буданд. Луиза аз Сафия бехабар ва Сафия аз Самеъ бехабар мерафтанд. Пас аз кӯҳсорон ҷангалзори ниҳоят калону сердарахт буд, ки гӯё охир надошт. Ҷангалзорро як дарёи калон ба ду тақсим намуда буд. Манзараи он ҷо ниҳоят зебо буд. Ҳар сеи онҳо ба ҷангалзори бепоён даромада рафтанд. Луиза саросемавор зуд роҳ мерафт. Сафия эҳтиёткорона аз паси ӯ ва аз паси ҳар дуи он ба қафои дарахтони калон пинҳон шуда, Самеъ мерафт. Луиза ба назди як баландие, ки бо алафони ба монанди ресмон печонидашуда омад. Ӯ кафашро ба тарафи баландӣ кушоду ким-чи пичирос зад. Алафҳо оҳиста худ аз худ кушода шуданд ва дар ақиби алафҳо як дари чӯбине буд. Луиза ба назди дар омаду уро бо дасташ се маротиба зад ва гуфт:

– Аида дарро кушо, ин ман.

Дар кушода шуд ва аз дарун як духтарчаи зебое, ки тақрибан сенздаҳсола менамуд, баромад. Ӯ мӯйҳои қаҳваранги ҷингилаи то миён, чашмони нурафшон ва овози форам дошт. Ӯ «Модар» гӯён Луизаро ба оғӯш гирифт. Самеъ ва Сафия бошанд ба гӯшу чашмони худ бовар намекарданд.

– Чӣ? – гуфт Самеъ худ ба худ – Оё Луиза духтар дорад?

Луиза ба ҳар тараф нигоҳ кард ва ба духтараш Аида гуфт:

– Биё тезтар ба дарун дароем!

Даме, ки Луиза бо духтараш даромада рафтанд, Самеъ ба сӯи Тирагоҳ баргашт. Ӯ ба Тирагоҳ даромад, ва ӯро дар он ҷо Наримон интизор буд. Даме, ки ӯ даромад Наримон ба наздаш давида омад ва савол дод:

– Чиро дидӣ? Чӣ шуд?

– Наримон, ба ҷое, ки касе нест равем— гуфт Самеъ —Ба ту гап дорам.

Онҳо ба хонаи Наримон рафтанд. Наримон бесаброна саволҳо медод:

– Чӣ шуд? Оё дар ҳақиқат Луиза сир доштааст?

– Бале— Самеъ тасдиқ кард —Сири калон ва оқибаташ даҳшатангез. Луиза Духтаре бо номи Аида доштааст. Маълум, ки падари Аида аз зоти инсоният. Аз ҳама бадтаринаш дар он аст, ки аз ҳамаи ин Сафия бохабар шуд ва Сафия ҳамаашро ба Авранг мерасонад ва барои пинҳон доштагиаш худат медони Луизаро чи кор мекунанд.

– Ӯро чӣ кор мекунанд? – Наримон пурсид.

– Ӯро ба Флунҳо хӯрок мекунанд ё ин ки бо шамшери манҳус ба қатл мерасонанд— Самеъ ҷавоб дод.

– Мо набояд, ки ба ин роҳ диҳем— гуфт Наримон.

– Наримон— гуфт Самеъ —Мо ҳеҷ чиз намекунем ба худат аз ҳеҷ чиз кулфат насоз!

– Ҳеҷ чиз? – гуфт Наримон —Дар назди чашмони мо Луизаро кушанд, оё ин ҳеҷ чиз аст? Самеъ, Луиза ба мо бегона нест-ку ту инро хуб медонӣ. Дар ин ҷо мо набояд, ки тамошобин бошем!

– Луиза ба Авранг низ бегона нест— гуфт Самеъ —Агар Авранг ба ҳамин қарор кунад, мо маҷбурем, ки танҳо тамошобин шавем. Мо илоҷи ёрӣ расонидан надорем Наримон. Аз дасти ҳардуи мо ҳеҷ чиз намеояд.

– Оё Сафия ҳоло наомад? – Наримон савол дод.

– Ба фикрам ҳоло не— Самеъ ҷавоб дод.

Наримон давида баромад ва аз паси ӯ Самеъ низ баромад. Вақте, ки онҳо баромаданд, Сафия ба назди Авранг даромада истода буд. Ҳарду аз қафои Сафия барои пинҳона шунавадани сӯҳбати онҳоро рафтанд. Сафия ба назди Авранг даромад. Авранг дар он ҷо танҳо буд ва Сафия гуфт:

– Авранг, ту ҳақ будӣ. Луиза як чизро аз мо пинҳон кардааст.

Наримон ва Самеъ сӯҳбати онҳоро пинҳона гӯш мекарданд.

– Медонистам— гуфт Авранг дар курсии худ нишаста —Чиро пинҳон намудааст ӯ лаънатӣ?

– Луиза духтар доштааст— гуфт Сафия —Ва падари он духтар инсон аст.

Авранг аз курсии худ парида хесту ба ғазаб омад. Чашмону нигоҳаш боз ҳам даҳшатомез шуд. Ӯ аз хашм дандон ба дандон монда гуфт:

– Луиза, ҳоло мебинӣ аз ман пинҳон намудан чӣ тавр мешавад. Сафия бирав! Бадирро гӯй, ки ба назди ман зуд ояд!

Наримону Самеъ давида рафтанд ва Сафия ба берун баромаду Бадирро бо худ овард.

Даме, ки Бадир ва Сафия омад, Авранг ба Бадир гуфт:

– Бадир ба ту як вазифа медиҳам. Бе савол иҷро намо! Ду иблисро бо худ бигир ва дар куҷое набошад ҳам, Луизаро ба назди ман дошта биё ва сабабашро напурс. Дошта ор ва бас!

– Хуб— гуфт Бадир ва баромада рафт.

Ӯ баромада, аз байни иблисҳо ду иблиси бенури бадҳайбадро гирифту аз Тирагоҳ баромада рафт.

– Сафия ту бимон! – гуфт Авранг ба Сафия —Ман ба ту вазифаи дигар медиҳам.

Дар тарафи дигар бошад Наримон беист ба Самеъ мефаҳмонд:

– Самеъ, ту бояд аз Бадир пештар ба назди Луиза рафта, ӯро бояд огоҳ намоӣ. Аидаро гираду ба ҷойҳои дур равад. Ба он ҷое, ки ӯро Авранг ёфта наметавонад.

– Агар маро касе бубинад, ман зинда намемонам инро ту хуб медонӣ— аз рафтан Самеъ саркашӣ мекард.

– Самеъ— гуфт Наримон —Агар ба ман аз ин ҷо баромадан мумкин мебуд, ман фикр ҳам накарда ҳозир ба назди Луиза мерафтам.

– Ман ба ту баромадгоҳи дигарро нишон додам— гуфт Самеъ —Хоҳӣ аз ҳамон ҷо баро. Туро ҳеҷ кас намебинад.

– Хуб— гуфт Наримон —Агар ту рафтан нахоҳӣ, ман меравам. Шарт нест, ки роҳро нишон диҳӣ худам як илоҷ Луизаро меёбам ва огоҳ менамоям.

Наримон ба сӯи баромадгоҳи дигар аз пайроҳаи танг давида рафт. Ӯ аз пайроҳаи торик давида рафта истода буд, аз қафояш Самеъ давида омад.

– Наримон ист! – Гуфт ӯ —Баромадани ту бефоида. Бароӣ ҳам, Луизаро аз ҷангали бепоён ёфта наметавонӣ. Ту бимон. Ба назди Луиза ман худам меравам ва огоҳ менамоям.

– Хуб Самеъ— гуфт Наримон —Ман ба ту бовар мекунам. Эҳтиёт бош!

Самеъ ба сӯи баромадгоҳ саросемавор давид. Ӯ баромадгоҳро кушоду ба паррандаи сиёҳ табдил ёфт ва ба сӯи ҷангалзор бол зад. Ба назди ҳамон баландӣ омад ва алафҳоро саросемавор бо дасташ канд. Дар намоён шуд. Ӯ дар болои кафаш оташ пайдо намуда, ба сӯи дар бо қувва равона кард. Дар шикаст ва аз дарун давида, Луиза ва Аида баромаданд.

– Самеъ?! – гуфт Луиза дар ҳайрат —Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Моро чӣ тавр ёфтӣ?

– Барои фаҳмонидан вақт нест Луиза— Самеъ саросемавор сухан мекард —Дар бораи Аида Авранг ҳамаашро донист. Ту ҳозир Аидаро бигир аз ин ҷо зудтар бирав. Барои дастгир намудани ту Бадир бо якчанд иблисҳо омада истодааст.

– Хуб— гуфт Луиза —Ту низ зудтар ба Тирагоҳ баргард, туро касе набинад. Аз ту миннатдорам Самеъ. Ба ман чӣ шавад ҳам, Аида омон бимонад бас!

– Хуб, ман рафтам— гуфт Самеъ ва бо зудӣ рафт. Вақте, ки ӯ ба Тирагоҳ даромад, Наримон ба наздаш омад. Онҳо ба ҷое, ки касе нест рафтанд.

– Чӣ шуд— пурсид Наримон —Оё туро касе надид? Оё тавонистӣ?

– Тавонистам— гуфт Самеъ —Пеш аз онҳо рафта тавонистам. Луизаро огоҳ намудам. Ӯ аз ҳамааш бохабар. Туро гуфта ҳаёти худамро ба хатар мондам. Дигар ин тавр чизҳоро аз ман напурс Наримон. Намехоҳам, ки ба сарам кулфат биорам.

– Хуб— гуфт Наримон —Дигар туро иҷрои ягон кор маҷбур намекунам. Кори калон кардӣ Самеъ. Акнун умед мекунем, ки Луиза аз он ҷо рафта метавонад.

– Лекин як гапи Луиза ғайриоддӣ буд— гуфт Самеъ —Луиза гуфт, ки ба ӯ чӣ шавад ҳам, ба Аида ҳеҷ чиз нашавад бас. Аз сарам ҳамин гапи ӯ намеравад. Ин чӣ бошад? Даме, ки Аида Луизаро ба оғӯш гирифта «Модар» гуфт, дар дарунам ким-чиҳо чаппа роста шуд. Чизеро нафаҳмидам.

– Шояд, ки инро фақат инсонҳо фаҳманд— гуфт Наримон —Шояд ин хислати танҳо инсонҳо бошад?

– Надонам— гуфт Самеъ —Гапҳою рафторҳои ғайриоддӣ. Наҳод одамон барои зинда мондани каси дигар, худро кушанд. Ин девонагӣ нест магар?

– Ин девонагӣ нест— гуфт Наримон —Ин танҳо барои инсонҳо аён аст. Ману ту ба ин чизҳо сарфаҳм намеравем. Барои он, ки мо инсон нестем!

Ногаҳон овози Авранг ба гӯш расид. Наримон ва Самеъ давида баромаданд ва манзарае, ки дар он ҷо буд, ҳар дуи онҳоро ба ҳайрат гузошт. Дар мобайн мисли минбар баландии доирашакл буд. Дар он ҷо ду стуни пайиҳам ва ба он сутунҳо ду дасти Луиза бо занҷир баста шуда буд.

– Ин тавр шуданаш мумкин не! – Наримон ба Самеъ бо овози паст гуфт.

– Ӯ рафта натавонистааст. Ӯро дастгир намудаанд.

Авранг дар назди Луиза истода, сухан мекард ва ҳама иблисҳо Луизаро тамошо мекарданду ба гапҳои Авранг бодиққат гӯш мекарданд.

Авранг гуфт:

– Иблисе, ки дар тарафи одамизот аст, ӯ ба номи иблис нолоиқ аст ва ӯ ба марг маҳкум бояд бошад. Ин Иблисе, ки шумо мебинед, аз одам фарзанд дорад. Ин зот хуни иблисҳоро ҳаром мекунад. Шумо медонед, ки ин ҳолат дар Тирагоҳ бори нахуст нест. Агар пешгирӣ нанамоем, ҳаромхунҳоро нест накунем, мо худамон зоти худро нобуд месозем. Ҳамма бубинад, ки ҳоли оне, ки ба мо хиёнат мекунад, чӣ хел аст! Сафия ӯро ор!

Сафия аз даруни иблисҳо Аидаро кашолакунон баромад. Духтарча бо ҷону ҷаҳд ба тарафи модараш рафтан мехост, аммо Сафия ӯро сар намедод. Аида «Модар» гӯён дод мезад. Луиза бо ҷидду ҷаҳд гуфт:

– Авранг ӯро сар деҳ! Ӯ ягон айб надонад. Ӯ ҳоло майда аст.

– Майда бошад, рӯзе калон мешавад ва ба мо дарди сар мешавад— гуфт Авранг —Оё медонӣ Луиза? Флунҳо гӯшти майдаҳоро дӯст медорад.

– Не, Авранг не! – дод зад Луиза —Ба ҳамон Флунҳо маро деҳ, аммо Аидаро сар деҳ!

– Ҳеҷ гоҳ— гуфт Авранг —Туро ҳам, духтари ҳаромхунатро ҳам имрӯз нест мекунем.

Авранг ба иблисҳо нигоҳ карду бо овози баланд пурсид:

– Оё ҳардуяшро мекушем?

– Мекушем, мекушем! – ҷавоби иблисҳо буд.

– Бадир— гуфт Авранг.

Бадир ду дасташро ба пеш карда ба назди Авранг омад, ки дар болои дасташ як матоъ ва дар болои он матоъ як шамшере меистод. Дар поёни дастаки он шамшер як санги сурхи доирашакл буд.

Самеъ ба Наримон нигоҳ карду гуфт:

– Ана ҳамон шамшери манҳус.

Авранг оҳиста шамшерро гирифту ба Луиза наздик шуд ва гуфт:

– Духтаратро бори охир бубин!

Луиза ба Аидае, ки гирякунон меистод, нигоҳ карду оҳиста гуфт:

– Бубахш!

Ҳамон лаҳза Авранг ба Луиза шамшерро зад. Чашмони Луиза ба Аида нигоҳкунон кушода монданду дил аз таппиш монд.

– Не! Модар! – бо овози ҳастиаш Аида дод зад.

Авранг шамшерро гирифт, ки он шамшер аз хуни Луиза сип – сиёҳ шуда буд. Танаи Луиза, ки аз ду дасташ овезон меистод, оҳиста ба дуди сиёҳ табдил ёфту ба ҳар тараф паҳн шуд. Танаи Луиза ғоиб шуд.

– Ҳама бубинад! – гуфт Авранг —Бубинед, ки аҳволи хоин чӣ тавр мешавад! Сафия, духтарро ба тӯдаи Флунҳо парто!

Ҳамон вақт Наримон ба Самеъ «Ту дар ҳамин ҷо ист!» гӯён худ ба пайроҳаи тарафи Флунҳо давида даромада рафт. Ӯ бе оташ давида мерафт, ки аз торикӣ ду қадам пешро дида намешуд. Наримон он санге, ки аз боло ба таги пояш афтида буд, гирифт ва ба боло нигоҳ кард. Ҳоло ҳам боло кафида, сангҳо ноустувор меистоданд. Ҳамон замон Аидаро теладиҳон Сафия аз ақиб меомад. Аида дар пеш буд, Сафия дар як каф оташ бо як даст Аидаро ба пеш тела дода меомад. Наримон барои намоён нашудан ба чет гузаш ва даме, ки онҳо ба таги ҳамон сангҳои кафида омаданд, Наримон айнан ҳамон ҷои кафидпро ба нишон гирифту сангро бо зарб ба боло парронд. Санг рост ба нишон расида, сангҳои боло кӯчида фаромаданд. Аида худро ба пеш ва Сафия худро ба ақиб партофтанд. Сангҳо фаромада, пайроҳаро пурра бастанд. Сафия ва Аида дар ду тараф монданд. Наримон дар тарафи Аида буд. Ӯ бо зудӣ ба назди Аида давида омаду овоз набаровардаро ишора кард. Наримон дасти Аидаро дошту онҳо ба сӯи баромадгоҳ давиданд. Наримон дар дасти дуюмаш оташро пайдо кард ва даме, ки онҳо аз Сафия дур шуданд, Наримон савол дод:

– Ба ягон ҷоят чизе накард? —

– Не— гуфт Аида —Ту кистӣ?

– Ман Наримон— ҷавоб дод ӯ —Ман иблис ҳастам. Барои модаратро аз онҳо халос намудан кӯшиш намудам, аммо аз дастам наомад. Маро бубахш. Ҳамдардии маро қабул намо Аида.

Онҳо давида ба баромадгоҳ наздик шуданд. Наримон дасташро бардошт ва баромадгоҳ кушода шуд.

Ҳамон вақт Сафия ба сангҳо нигоҳкунон истод ва сангҳо худ аз худ ба ҷойҳои фаромадаашон баргашта часпиданд. Роҳ боз мисли пештара кушода шуд.

Дар ин ҷо баромадгоҳ низ кушода шуда буд, Наримон ба Аида нигоҳ карду гуфт:

– Зудтар бош! Ба ҷойҳои дур бирав, ки туро касе ёфта натавонад.

Аида Наримонро ба оғӯш гирифту гуфт:

– Ташаккур! – ӯ ба чашмони Наримон нигоҳ карду суханашро давом дод—Ту иблис нестӣ! Дар қалби ту хислатҳои инсонӣ ҳастанд, некӣ ҳаст. Ин хислат одамиро нишон медиҳад!

Ӯ давида ба баромадгоҳ рафта ҳуштак кашид, ки як аспи норанҷии болдоре парида омад. Мӯй ва думи асп сафед буд. Аида ба асп савор шуда, ба Наримон бори дигаре нигоҳ карду парида рафт. Наримон баромадгоҳро пӯшид ва дид, ки Сафия омада истода буд. Ӯ ба девор часпида, ба болои пайроҳа баромад. Сафия Наримонро надид, аммо пӯшидашавии баромадгоҳро дид. Сафия он ҷоро аз дигар кушоду аз қафои Аида баромада рафт. Наримон ба поён фаромаду аз пайроҳа ба ақиб баргашт. Дар поён ҳама иблисҳо бо кори худашон, Авранг дар ҳузури худаш хотирҷамъ ва бепарво нишаста буд, ки гӯё чизе содир нашуд. Аммо Наримон худашро намефаҳмид. Ӯ дар кадом ҳолат будагиашро намедонист. Ӯ ба хонаи худаш даромад. Ба назди ӯ Самеъ омад ва савол дод:

– Чӣ шуд? Оё Аидаро ба тӯдаи Флунҳо партофт?

– Не— ҷавоб дод Наримон —Ман намондам. Ӯро аз баромадгоҳ баровардам. Дар бораи ин ҳеҷ кас надонист.

– Оё ҳуши ту дар ҷояш аст? – гуфт Самеъ —Агар дониста монанд ҳаётатба нуқта мемонанд. Барои дигарон ҷони худро дар хатар мондан чӣ зарур? Мурад, мурдангирад.

Наримон ба Самеъ нигоҳ кард ва гуфт:

– Барои дигарон худро қурбон кардан. Ин хислати иблисҳо нест, ҳамин тавр?

– Бале— гуфт Самеъ.

– Самеъ— гуфт Наримон бо овози хомӯшӣ —Як савол диҳам.

– Бидеҳ.

– Некӣ ва қалб чист?

– Намедонам— ҳайронона ҷавоб дод Самеъ —Аз куҷо шунавидӣ ин гапҳоро?

– Аида гуфт— ҷавоб дод ӯ оҳиста ба замин нигоҳ карда —Гуфт, ки дар ман хислатҳои инсонӣ ҳаст ва дар қалбам некӣ вуҷуд дорад. Гуфт, ки ман иблис нестам!

– Дар ҳақиқат— гуфт Самеъ —Ту ба иблисҳои дигар монанд нестӣ. Рӯзе инро ман ба падарам низ гуфтам ва ӯ туро…

Самеъ гапашро то охир нарасонид.

– Маро чӣ? – пурсид Наримон ба чашмони ӯ нигоҳ карда.

– Туро ҳаромхун номид— ҷавоб дод Самеъ.

– Ҳаромхун? – Наримон дар ҳайрат монд —Авранг Аидаро ҳамин тавр номид. Аз ин бармеояд, ки мо бо Аида якхела будаем. Хуни ман ҳам омехта аст? Падарам ба ман модарат иблис ва ӯро одамон куштаанд гуфта буд.

– Наримон, ту ин гапро аз ман нашунавидӣ. Фаҳмо! – гуфт Самеъ —Ман рафтам.

Самеъ баромада рафт.

Ҳама гапҳои Аида, Авранг ва Камар як ба як ба пеши назари Наримон меомад:

«Ту иблис нестӣ!,«Дар қалби ту одамигарӣ ҳаст, некӣ ҳаст», «Ин воқеаи нахустин дар Тирагоҳ нест», «Агар маро падарам гӯӣ, ин гапҳоятро дигар нагӯ», «Модар», «Бубахш», «Маро куш, ӯро сар деҳ»

Наримонро чизе азоб медод, ва мехост, ки бо овози баланд дод бизанад.

Фасли чаҳорум


Вазифа ба Самеъ

Дар тарафи дигари Тирагоҳ бошад, Авранг ва Бадир меистоданд. Сафия ҳоло наомада буд ва онҳо аз гурехта рафтани Аида бехабар буданд.

– Чаро, ки Сафия ҳоло бар нагашт— гуфт Авранг —То устухони ҳамон ҳаромхун тамом шудан, аз манзара ҳаловат бурда истодааст.

Авранг ба Бадир боз ҳам ҷиддитар нигоҳ карду суханонашро давом кард:

– Бадир, ҳозир ту рафта, ба назди ман писарат Самеъро ор! Сабабашро баъд мефаҳмӣ!

– Хуб— гуфт Бадир ва баромада рафт. Ӯ ба назди Самеъ, ки дар даруни тӯдаи иблисҳо буд, рафта гуфт:

– Самеъ туро Авранг пурсид. Бо ман биё!

– Чаро? – ҳайрон шуд Самеъ —Барои чӣ ман ба Авранг лозим шудам? Барои ман чӣ кор доштааст? – Самеъ рафтан намехост.

– Сабабашро акнун мефаҳмем— гуфт Бадир ва ба Самеъ боз наздиктар шуда, бо овози паст гуфт:

– Самеъ, Авранг чӣ нагӯяд, чӣ нафармояд, фақат ва фақат розӣ шав! Ҳеҷ гоҳ муқобили гапҳои ӯ набаро. Фаҳмидӣ?

– Фаҳмидам— гуфт Самеъ ва онҳо ҳарду ба назди Авранг рафтанд.

Онҳо ба назди ӯ даромаданд ва Авранг ба Самеъ наздик шуд ва гуфт:

– Самеъ, оё медонӣ, ки чаро ман туро даъват намудаму дигаронро не? Барои он, ки ин корро фақат ту иҷро карда метавонӣ.

– Чӣ хел кор? – Самеъ савол дод.

– Кори оддӣ— ҷавоб дод Авранг —Ту танҳо Наримонро аз Тирагоҳ барорӣ бас. Кори боқимондаро мо худамон иҷро мекунем.

– Аммо барои чӣ? – Самеъ савол дод.

– Ту коре, ки ман гуфтам иҷро кун— гӯён Авранг пушташро гардонд —Ба корҳои боқимонда худат шоҳид хоҳӣ шуд.

– Лекин… – Самеъ норозигӣ баён мекарданӣ буд, ки Бадир оҳиста ба китфи ӯ бо ақиби дасташ зад ва ишора намуд, ки розӣ шавад. Гапҳои Самеъ дар дарунаш монду дигар сухан накард.

– Ман боварӣ дорам, ки ту ин корро зудтар иҷро мекунӣ Самеъ— гуфт Авранг боз ба тарафи Самеъ гашта —Бирав, худи аз ҳозир оғоз намо!

Самеъ нарафта ба Авранг нигоҳ карда меистод, ки вақте Бадир ба ӯ бо чашмонаш рафтанро ишора кард, Самеъ баромада рафт.

– Оё сабабашро донам мешавад? – Бадир бо оҳанги ноустувор пурсид, ки гӯё метарсид —Барои чӣ Наримон бояд ба берун барояд?

Авранг ҷавоб дод:

– Шарте, ки барои зинда мондани Наримон ба назди Камар монда будам, дар ёд дорӣ? Камар ба он розӣ шуда буд ва аз Тирагоҳ баромадани Наримон ин як баҳона барои мо.

– Баҳона барои чӣ? – пурсид Бадир.

– Барои нест кардани ҳарду— ҷавоб дод Авранг —Онро баҳона карда, ҳам Камарро ва ҳам Наримонро мекушем. Тирагоҳро аз ҳаромхунҳо тоза мекунем. Дар байни мо ба одамбаччагон ҷой нест!

Ҳамон вақт ба назди онҳо Сафия ва Камар саросема даромаданд. Сафия парешон менамуд.

– Сафия— гуфт Авранг —Гӯшти ҳаромхун ба Флунҳо маъқул шуд?

– Ӯ гурехт— ҷавоб дод Сафия ба замин нигоҳ карда —Ба Флунҳо супорида натавонистам.

Авранг ба ғазаб омад:

– Чӣ тавр шуд? Чӣ тавр як инсонбаччаи нотавон аз дасти ту гурехта тавонист?

– Фикр мекунам, ки ба ӯ касе ёрӣ расонд— гуфт Сафия —Барои он, ки духтараке, ки бори нахуст ба Тирагоҳ даромада, баромадгоҳи маҳфиро донистанаш қадри имкон нест. Ба ӯ касе, ки Тирагоҳро хуб медонад, ёрӣ расонд. Дар торикӣ надидам, ки ӯ кӣ буд.

Авранг каме фикр карду гуфт:

– Дар бораи баромадгоҳи махфӣ танҳо мо медонем. Ба он тараф ягон иблис намегузарад ва ҳамон вақт ҳар чаҳори мо дар назди Луиза будем, аз ин бармеояд, ки ё Самеъ ё Наримон ёрӣ расонидааст.

– Аммо Наримон баромадгоҳи маҳфиро намедонад— гуфт Камар —Ӯ ёрӣ дода наметавонист.

– Оё ту мегуфтанӣ, ки Самеъ ин корро кардааст? – пурсид Бадир —Писари ман бар муқобили мо ҳеҷ гоҳ намебарояд. Ӯ қоидаҳои моро хуб медонад.

– Шояд ки Наримон баромадгоҳро надонад— гуфт Авранг ба Камар —Аммо аз ӯ чунин корҳоро интизор шудан мумкин. Мегӯянд-ку кӯр кӯрро дар торикӣ меёбад. Шояд писарат ба ҳамзоти худ, ҳаромхун ёрӣ расонида бошад. Агар шубҳаҳои ман рост барояд, ба ҳолати аз Луиза ҳам бадтар мефароӣ Камар. Фаромӯш накун!

– Ҳақиқат як рӯз не як рӯз ошкор мешавад— гуфт Камар —Дар ҳамон вақт чӣ хел ҷазо доданро муайян мекунӣ Авранг!

Камар бо ҷаҳл баромада рафт.

Ӯ рост ба назди Наримон, ки бо хаёлҳои гуногун хомӯш менишаст, омад. Ӯ рӯ ба рӯи Наримон нишасту пурсид:

– Духтари Луиза гурехта, зинда мондааст, оё хабар дорӣ?

– Ҳа, хабар дорам— ҷавоб дод Наримон —Барои гурехтан ба Аида ман ёрӣ расонидам.

– Чӣ? – Камар ба тааҷҷуб афтид —Наримон оё ту медонӣ чӣ кор кардӣ?

– Намедонам— Наримон ба чашмони Камар нигоҳ кард —Намедонам, ки чӣ кор кардам. Вақте, ки Аида барои Луиза бо ҷидду ҷаҳд гиря мекард, дар мана ин ҷоям дардро ҳис кардам.

Наримон дилашро дошт. Камар лаҳзае гапи худро гум кард. Ӯ оҳиста барои худро доштан, дасташро мушт карду гуфт:

– Наримон, иблис набояд дардро ҳис кунад. Дард ба мо тамоман чизи бегона аст. Ин гапҳоро дигар нагӯ!

Наримон ба ғазаб омаду гуфт:

– Инро нагӯ, онро нагӯ! Дар ин ҷо чизеро гуфтан мумкин аст ё не? Оё ман ҳам мисли ту ҳама гапҳоро дар дарунам нигоҳ дорам? Мисли ту хомӯш гардам? Ту низ дардро ҳис мекунӣ-ку вақте, ки дар бораи модарам фикр мекунӣ, ҳамин тавр не. Аммо ту аз тарси худ ба касе намегӯӣ. Аммо ман инро фаҳмидам.

Дар чашмони Камар яраққос зада каме ашк намоён шуд.

Наримон бошад гапҳои худро давом дод:

– Модари ман иблис нест, ҳамин тавр? Чӣ тавре, ки мегӯянд, ман ҳаромхун ҳастам.

– Ин тавр нагӯ— гуфт Камар —Ту ҳаромхун нестӣ.

На страницу:
2 из 3